Мастчоҳ: Майдони кишти картошкаи барвақтӣ меафзояд

Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосӣ буда, дар пешрафти иқтисодиёти ноҳияи Мастчоҳ нақши аввалиндараҷа мебозад. Дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия дар асоси супоришҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят майдони кишти картошка зиёд гардида истодааст. Муллосоқӣ Атовуллозода - муовини аввали раиси ноҳия дар суҳбат гуфт, ки мувофиқи нақша имсол дар майдони 150 гектар картошка кишт мешавад. Бино ба иттилои манбаъ соли ҷорӣ дурнамои кишти баҳорӣ ба тавсиб расидаву тибқи он аз 10 феврал кишти картошка оғоз гардидааст.

- Дар маҷмўъ 450 хоҷагии деҳқонӣ дар майдони умумии 150 гектар картошка кишт мекунанд. Кишти картошка бо истифода аз тухмиҳои босифат ва ба шароити маҳал мутобиқ оғоз шудаву то 1 марти соли равон 100 фоиз иҷро гардид.

Мастчоҳ ноҳияи кишоварзист ва хоҷагидорони он маъмулан ба кишти пахта, чормағзи заминӣ, зироатҳои полезӣ ва сабзавот машғуланд. Соли гузашта ба роҳ мондани кишту парвариши картошка пеши роҳи қимматшавии онро гирифт ва масъулин саъй доранд, ки имсол дар майдони бештар картошка кишту парвариш намоянд.

Соли 2017 дурнамои кишти картошкаи барвақтӣ дар ноҳия ҳамагӣ 13 - 15 гектарро ташкил медод. Соли гузашта, ки соли аввали таҷриба буд, 141 гектарро ташкил дод, ки ҳосилнокӣ хуб нашуд, чунки мардум таҷриба дар ин самт надошт. Тибқи маълумоти мутахассисон бояд 200 – 250 сентнер аз як гектар ҳосил ба даст оварда мешуд, вале соли гузашта камтар гардид.

Раёсати кишоварзии ноҳия дар якҷоягӣ бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ва саҳмдорон тасмим гирифтаанд, мувофиқи дурнамо имсол кишти картошкаро хуб анҷом дода, ҳосилнокӣ ва нақшаи истеҳсолиро бо истифода аз таҷрибаҳои нав аз мўлҷари пешбинишуда барзиёд иҷро намоянд.

Ҳамчунин, номбурда зикр дошт, ки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода барои дар сатҳи баланд гузаронидани киштукори баҳорӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида таваҷҷуҳи махсус дошта, ҳамеша дастгирӣ менамоянд. Аз ин рў, хоҷагидоронро низ зарур аст, ки барои саривақт омода намудани заминҳо ва таъмини нақшаи кишти баҳорӣ бештар талош варзанд.

Тибқи иттилои саркишоварзи Ҷамоати деҳоти Оббурдон Иброҳим Бузурков дар ҷамоат мувофиқи нақша дар майдони 35 гектар кишти картошкаи барвақтӣ гузаронида шавад, вале аз сабаби баъзе омилҳо то имрўз дар майдони 28 гектар кишт ба роҳ монда шудааст. Аҳли Хоҷагии деҳқонии «Дилшоди Муллораҷаб», ки дорои 15 гектар замин мебошад, дар 0,50 сотих кишти картошкаи барвақтиро ба роҳ монда, ният доранд, ҳосили дилхоҳ ба даст оваранд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки имрўзҳо хоҷагиҳои деҳқонии «Мунаввариён», «Зардинов», «Тўрахон», «Кабутбум», «Аҳмадзода 2014», «Раҷабмаҳмад» ва «Розиқзода» аввалин шуда, дар ҷамоат кишти картошкаро сад дар сад ба охир расониданд.

Деҳқонони ҷамоат талош бар он доранд, ки аз ҳар ваҷаб замин пурсамар истифода бурда, ҳосили дилхоҳ рўёнанд ва мардумро бо маҳсулоти хушсифати худӣ таъмин намоянд.

Дар заминҳои деҳоти Мастчоҳ кишти картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ сол аз сол зиёд шуда истодааст, зеро мардум бартарияту манфиати иқтисодии онро хуб дарк намудаанд. Шароити мусоид ва талаботи бозорҳои шаҳру навоҳӣ тақозо дорад, ки ин намуди зироат бештар кишт гардида, ба ин васила баҳри таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзандаи худро гузоранд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh