- Информация о материале
- Просмотров: 90
Истаравшан шаҳри кайҳонӣ бувад,
Посдори хулқи раҳмонӣ бувад.
Маскани ҳар илму ирфон бошад он,
Зеби шеъру зеби дастон бошад он.
Толеи фаррух насибаш гаштааст,
Мардуми олам ҳабибаш гаштааст.
Шаҳри мо кони мелоҳат буду ҳаст.
Олами ҳусну тароват буду ҳаст.
- Информация о материале
- Просмотров: 81
(ғазал)
Гар сарат аз авҷи нусрат то Суҳо* ҳам мерасад,
Аз тағофул зери по бими бало ҳам мерасад.
Ҳар дақиқа мекунад шайтони малъун васваса,
Хайрият, бар дафъи он фавзи* Худо ҳам мерасад!
Чун бишуд пажмурда гулҳои муаттар аз самум,
Дар гулистони Шумо боди сабо ҳам мерасад!
Офтоби меҳрубониҳост дар рӯзи умед,
Дар шаби қадри висолаш маҳлиқо ҳам мерасад.
Барчашидӣ талхии ҷабру ҷафои бешумор,
Оқибат, ширинии аҳду вафо ҳам мерасад.
Гоҳ арози беасосу гоҳ рашки бесабаб,
Гар ситеза дур шуд, нозу адо ҳам мерасад.
Лаҳзаҳои интизорӣ пучу беҳосил гузашт,
Рӯзгори файзбахшу пурбаҳо ҳам мерасад.
Дар муҳити зиндагӣ раҳгумзанӣ бераҳнамо,
Киштият омода бошад, нохудо ҳам мерасад.
Ин дарахти босамар аз баҳри ҳар кас сархам аст,
Бар чунин шохи сахо дасти гадо ҳам мерасад.
Байни ушшоқаш ту ҳам кардӣ висоли ӯ талаб,
Сабр кун, охир Ҷило, навбат ба мо ҳам мерасад.
Эзоҳ:
Суҳо – ситораи дури дастнорас
Фавз – ғалаба, пирӯзӣ, наҷот
Сайидамин ҶИЛО,
“Ҳақиқати Суғд”
- Информация о материале
- Просмотров: 227
Бинозам зи номи баланди Ватан,
Шукуҳи самоӣ дар ин анҷуман.
“Дигар Кохи санъат наёбад газанд”,
Ки дорад ҳунар эътибори баланд.
Зи субҳи сафои дурахши Ватан,
Забон аз дилу ҷон бигӯяд сухан.
“Ҳар он кас, ки доно, тавоно бувад”,
Ҳунарманд хуршеди фардо бувад.
- Информация о материале
- Просмотров: 399
Аз Каюмарс аст, бешак, давру даврони Хуҷанд,
Сабзу хуррам шуд Замин аз дасти Деҳқони Хуҷанд.
Бозарофат гуфт ошиқ дар сари хони сахо,
Дӯст дорам ман туро, чун ҳастӣ аз они Хуҷанд.
Бо Абӯмаҳмуду Садри Исфаҳон, бо ду Камол,
Мавҷи оламгир бошад илму ирфони Хуҷанд.
Шашмақом аз Боймуҳаммад, савту соз аз Ҷӯрабек,
Лаҳномӯз аст булбул аз навохони Хуҷанд.
Қандакаш ширинтар афтода зи Мири Санҷарӣ,
Шаккаринтар аз анори Балх руммони Хуҷанд.
Лолаҳои Мевағул беҳтар зи садбарги Ҳиҷоз,
Хуштар аз мушки Хутан гӯянд райҳони Хуҷанд.
Аз биҳишт ояд касе рӯзе, агар бар шаҳри мо,
Дида боғу гулшанаш шуд, моту ҳайрони Хуҷанд.
Мегурезад деви сурху зард, чун ҳайбат кунанд,
Рустамони мулки тоҷиканд мардони Хуҷанд.
Медиҳам ҷон бедареғе, чун, ки бо ҳусну хисол,
Бурдаанд ин дил, Ҷило, бодомчашмони Хуҷанд!
Сайидамин Ҷило,
“Ҳақиқати Суғд”
- Информация о материале
- Просмотров: 567
Дар соли ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи вилоятии "Ҳақиқати Суғд" бо ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров қадрдонӣ шуд. Аз ин лиҳоз, чанде аз чеҳраҳои намоёни вилоят фикру назари худро ба муносибати ин дастоварди нашрия баён доштанд.
Биҳоҷал РАҲИМОВА, ходими ҳизбиву давлатӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон:
- Давлате абарқудрат ва мустаҳкам шуда метавонад, ки агар матбуот ва воситаи ахбори оммаи фаъолу соҳибмақом дошта бошад. Дар давлати сулҳофарини мо, Тоҷикистони азиз матбуот аз даври қадим то ҳол, хосатан яке аз рӯзномаҳои қадимтарин - «Ҳақиқати Суғд», ки ҳанӯз моҳи марти соли 1930 ба фаъолият шурӯъ карда буд, дар байни халқ мақоми хоса дорад.





