- Информация о материале
- Просмотров: 532
Рӯнамоии се китоби тозанашр таҳти унвони “Каромоти Камол”, “Падари садҳо фарзанд” ва “Атри гули санҷид”-и шоир ва рӯзноманигор, узви Иттифоқи нависандагон ва журналистони Тоҷикистон, дорандаи медали “Хизмати шоиста”, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Нишони сухан”, Ҷоизаи адабӣ-вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ, собиқадори матбуот Сайидамин Ҷило дар толори Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Дар маҳфил Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатуллоҳ Исмоилзода, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, раиси бахши суғдии Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон Ҷовиди Аштӣ, ҳампешагон, ёру дӯстон, шогирдону пайвандони Сайидамин Ҷило ҷамъ омада, аз дидори ошно баҳраманд гардиданд.
- Информация о материале
- Просмотров: 410
Кароматулло Олимов, арбоби илм ва техника гуфтааст:
Эҷодиёти оҳангсоз Дамир Дӯстмуҳаммадов дар таърихи мусиқии касбии навини тоҷик мавқеи хосса дорад. Ӯ мусаннифи осори гуногунрангу гуногунжанри мусиқӣ, офарандаи равияи нави эҷодии оҳангсозӣ дар мусиқии симфонӣ, созию овозӣ, жанри басо мураккаби саҳнавию мусиқӣ ва операи миллист...
Ҳамчунин, ӯ чун чеҳраи машҳури ҷамъиятии дорои мавқеи намоён ва ҳисси масъулиятшиносии том дар бунёд ва инкишофи тамаддуни мусиқии навини Тоҷикистон хидматҳои пурарзишу мондагор намудааст...
Ангораҳо
Дамир Дӯстмуҳаммадов. Ин ном ва ин шахсият барои аҳли эҷоду ҳунар ошност. Хоса, барои онҳое, ки ба санъат, дақиқан, ба мусиқӣ пайвандӣ доранд. Оре, ӯ бастакор аст. Муаллифи садҳо суруду оҳанги марғубу дилнишин. Агар гӯӣ, ки осори мондагораш хазинаест тиллоӣ, муҳобот нест, зеро ӯ нобиға аст.
Далели ин гуфтаҳо барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ходими хизматнишондодаи санъат ва раиси Иттифоқи композиторон будани ӯст. “Манзараҳои Тоҷикистон”, “Қишлоқи тиллоӣ”, “Иди Наврӯз”, “Чароғи Сомон”, “Тоҷикистони бахтиёр”, “Ҷашни Истиқлол” аз офаридаҳои ӯст, ки дар саҳнаҳои бузурги ҳунар намоиш дода шуда, мақбули аҳли зиё гардидаанд.
Асарҳои симфонӣ, вокалию симфонӣ ва хорӣ, асарҳо барои театрҳои мусиқӣ, барои асбобҳои камеравӣ ва балладаву сурудҳои ӯ намунаи олии жанрҳои мусиқианд, ки аз ҷониби оҳангсозон пазируфта шудаанд. Имрӯз низ дар театрҳои касбии кишвар асарҳои Дамир Дӯстмуҳаммадов манзури ҳаводорони санъати асиланду онҳоро шефтаву шайдои худ мегардонанд.
Ба як маъно, ӯ танинадози дил ва навобахши ҷон аст, ки бо оҳангҳои беҳамтои хеш касро ба олами рангини рӯъё мебарад ва ангораҳои ширинеро ба бор меорад. Агар гӯйи, ки ӯ дар радифи Бах, Мотсарт, Бетховен, Шопен, Чайковский барин бастакорони номии ҷаҳон қарор дорад, хато нахоҳад шуд.
Қадамҷо
Ба дилнавиштаҳо чашм медӯзам, ҳама саропо аз меҳру садоқат ҳарф мезананд. Сар аз Меҳрубон Назаров, Талабхӯҷа Сатторов, Шарофиддин Сайфиддинов, ки яке ӯро “санъаткори ҷӯянда ва нисбат ба худ серталаб” меҳисобаду дигаре “соҳибистеъдод”. Ва чӣ хуш, ки Гулназар Келдӣ, Алӣ Бобоҷон, Шодон Ҳаниф низ ӯро офарандаи “сурудҳои зебои лирикӣ”-ву оҳангсози “саршор аз рӯҳи давру замон” мешуморанд. Ин ҳама эътироф аст, эътирофи ҳунар, эътирофи истеъдод.
Эътирофи шахсияте, ки воқеан нотакрор аст
“Осорхона ва маркази мусиқии ба номи композитор Дамир Дӯстмуҳаммадов”. Ин боргоҳ барои мардуми шаҳри Хуҷанд ошност, зеро барои ҳама азизу мӯътабар аст.
Дар ин ҷо метавон бо рӯзгор ва осори як шахсияти фарҳехтаи фарҳангӣ ошно шуд. Сар аз аксу мусаввараву нимпайкара то хотираву ёддоштҳои самимиву мондагор. Ва чӣ хуш, ки дар пештоқи ин боргоҳ бо ҳарфҳои зарҳалӣ байти шевое ҳаккокӣ шуда:
Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
“Осорхона-оинаи пурҷилоест, ки ҳаёт ва таърихи халқ, пирӯзиҳо ва нокомиҳои он, дастовардҳои илму фарҳанг ва сарнавишти фарзандони номдору ифтихорманди миллатро инъикос мекунад”-мегӯянд Пешвои миллат, ки ҳаққо дуруст аст. Осорхона ва маркази мусиқии ба номи композитор Дамир Дӯстмуҳаммадов шахсияти ӯро зинда нигоҳ медорад ва ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Ҷиҳози рӯзгор, асбобҳои мусиқӣ, асарҳои офаридашуда, грамотаву ифтихорномаҳо, ордену медалҳо, армуғонҳо, нашрияҳо ва китобҳо ҳама бозгӯи рӯзгори босаодати ӯ ҳастанд.
Ин ҷо ҳама чиз ба худ рӯҳияи хос дорад ва як навъ гармии ҷонфизое мебахшад. Ҳар ёдгорӣ паҳлӯҳои гуногуни рӯзгор ва осори оҳангсози маъруфи кишварро бозгӯӣ мекунад. Бахусус, “Ёддоштҳо”, ки дилномаҳои арбобони фарҳангу санъату адабро фарогир аст. Аз оғози ифтитоҳ, яъне аз ҳафтуми июли соли 2006 то ҳол даҳҳо чеҳраҳои шинохта, шахсиятҳои маъруф ва мардуми худогоҳ ба ин боргоҳи маънавӣ омада, дар дафтари таассурот сптрҳои эҳсосоти хешро навиштаанд ва ба номи созандагонаш дуруду сипос фиристодаанд. Хоса, аз тандиси рамзии “Парандаи хушиқбол”, ки дар даромадгоҳи осорхона ҷойгир аст, хуш истиқбол кардаанд. Зеро он ба ҳусни осорхона ҳусни дигар зам мекунад ва шукӯҳу шаҳомати онро меафзояд.
Бузургонро бузургон зинда медоранд,
Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд.
Оре, сано ба родмардоне, ки номи неки чеҳраҳои саршиноси миллат, ба мисли Дамир Дӯстмуҳаммадовро абадан зинда, рӯҳашонро шод ва даргоҳашонро обод мегардонанд.
Амони МУҲАММАД,
“Ҳақиқати Суғд”
- Информация о материале
- Просмотров: 187
Бе ту дилам байтулҳазан, чизе намегӯям ба ту,
Раҳмат намеояд ба ман, чизе намегӯям ба ту.
Ҷону танам симоб шуд, ҳастиям аз ғам об шуд,
Зарринбадан, симинзақан, чизе намегӯям ба ту.
Чашмони фаттону хумор, бо фитнаҳои бешумор,
Балвогаранду роҳзан, чизе намегӯям ба ту,
Мӯят бувад рашки суман, бӯят беҳ аз мушки Хутан,
Рӯят чароғи анҷуман, чизе намегӯям ба ту.
Бо печутоби кокулат, ду зулфаки марғуллаат,
Бар гарданам бошад расан, чизе намегӯям ба ту.
Сартобапо ороста, хушрӯтару пероста,
Бо атласу ҳам бо чакан, чизе намегӯям ба ту.
Мебинамат осори ту, шаҳду шакар ашҷори ту,
Дар соҳати боғу чаман, чизе намегӯям ба ту.
Аз ғуссат сӯзад димоғ, шуд синаи ман доғ-доғ,
Чун лолаи дашту даман, чизе намегӯям ба ту.
Эй ахтари паҳнои ишқ, эй гавҳари дарёи ишқ,
Равшангари ин ҷону тан, чизе намегӯям ба ту.
Дурӣ гузинӣ аз Ҷило, бошад ҳаволат бар Худо,
Беш аз ҳамин ҳарфу сухан, чизе намегӯям ба ту.
Сайидамин ҶИЛО
- Информация о материале
- Просмотров: 150
Бознашр аз саҳифаи фейсбукии рӯзномаи "Ҷумҳурият"
Хабар ёфтем, ки нашрияи «Ҳақиқати Суғд» барои дарёфти Ҷоизаи вилоятии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров пешниҳод гардидааст. Бо дарназардошти таърихи пуршарафи қариб якасра, саҳми арзанда дар рушди журналистикаи тоҷик, тарбияи садҳо рӯзноманигору адибон, хизматҳои мондагор дар ҳифзи забони давлатӣ, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ, нақши муассир дар таҳкими давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин, дастовардҳои назарраси касбии солҳои охир метавон бо итминони комил гуфт, ки нашрияи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» ба ҳамаи меъёрҳои Ҷоизаи вилоятии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷавобгӯ мебошад.
Имрӯз, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи рушди устувор, давлатдории миллӣ ва ҷомеаи иттилоотиро пеш гирифтааст, нақши воситаҳои ахбори омма, бахусус нашрияҳои дорои таҷрибаи ғанӣ, беш аз ҳар вақти дигар муҳим мебошад.
- Информация о материале
- Просмотров: 167
Шаҳри Конибодом аз қадимулайём бо ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, табиати зебо ва мардуми меҳмоннавозу сарбаландаш шуҳрат дорад. Ҳарчанд ҳавои гарми тобистон бо нафаси сӯзони худ моро ҳамроҳӣ мекард, аммо шавқу ҳаваси дидани ин шаҳри бостонӣ ҳеҷ кадоме аз ҳамсафаронро аз роҳ бознадошт.
Хоса, вақте раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода дар даромадгоҳи шаҳр моро бо самимияту эҳтиром истиқбол гирифт, бори дигар эҳсос намудем, ки ин сафар хотирмон хоҳад буд. Гармии муҳаббати сокинони шаҳр аз гармии тобистон ҳам бештар эҳсос мешуд.





