- Информация о материале
- Просмотров: 100
Чунин унвон дошт конфронси илмӣ-адабие, ки бахшида ба ёдбуд ва 90 – солагии зодрӯзи нависанда ва рӯзноманигор, узви Иттифоқи нависандагони СССР, шодравон Қурбон Алӣ Ӯрмонов дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик дар толори Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар конфронс эҷодкорону рӯзноманигорон, собиқадорону пайвандон ва аҳли қалам иштирок доштанд.
Нахуст сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” Аминҷон Шарифзода ҳамагонро бо фарорасии баҳори фаррухпай, Рӯзи модар ва Рӯзи матбуоти тоҷик шодбош гуфта, ба ҳамагон саломатию хотирҷамъӣ, бурдборию некномӣ таманно намуд.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Тоҷибой Султонзода дар бораи ба тасвиб расидани Қарори Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз 20-уми феврали соли 2026 ва баргузории конфронсро тибқи банди 11-уми қарори мазкур ҷиҳати бузургдошти журналисти варзида Қурбон Алӣ Ӯрмонов далели ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат арзёбӣ намуд.
- Информация о материале
- Просмотров: 79
Хуб дар хотир дорам, ки ҳанӯз пас аз хатми донишгоҳ, ки дилам саршор аз орзуи касби нав буд, барои гирифтани дархост барои оғоз кардани фаъолияти корӣ ба рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Ленинобод” (ҳозира “Ҳақиқати Суғд”) ба назди устоди азизи худ Саодатхон Каримова (рӯҳашон шод бод!) ҳозир шудам. Он солҳо баробари сармуҳаррири ин нашрияи бонуфузи вилоятӣ будан, он кас дар шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз фанни таърихи журналистикаи хориҷа бароямон сабақ омӯзонида буданд.
Устод Саодатхон Каримова, ки симои ҳикмат ва масъулияти зан дар идораи муҳим буданд, дархости маро қабул намуданд ва таъкид карданд, ки пас аз дифои рисолаи хатм ба наздашон ҳозир шавам. Вақте дар рӯзи муайяншуда ба қабулашон ҳозир шудам, бо як нигоҳи гарм ва пурмеҳр, ки ба ҷои сахтгирии роҳбарӣ, умеду боварӣ мебахшид, ба ман гуфтанд: “Барои оғоз кардани фаъолияти журналистӣ дар рӯзномаи вилоятӣ ариза нависед. Аз ҳамин рӯз шумо корманди ин нашрия ҳастед”.
- Информация о материале
- Просмотров: 115
Рӯзномаи дӯстдоштаам «Ҳақиқати Суғд» (собиқ «Ҳақиқати Ленинобод») 96-сола шуд. Даҳҳо нафар рӯзноманигорони ин даргоҳро номбар метавон кард, ки дар рушди журналистикаи тоҷик ва тарбияи кадрҳои ҷавон саҳми мондагор доранд. Ин ҷо сухан дар бораи яке аз онҳо, рӯзноманигори соҳибмактаб Мулло Боқӣ (Мулло Боқиев) меравад.
Номбурда 26-уми январи соли 1926 дар яке аз калонтарин деҳаҳои ноҳияи Мастчоҳ (имрӯза ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ) Пастиғави сарсабз чашм ба олами ҳастӣ боз намудааст. Солҳои тӯлонӣ, аз соли 1950 дар соҳаи мактабу маориф ифои вазифа намуда, чанд сол мухбир-ташкилотчии радиои маҳаллии ноҳияи Мастчоҳ ва шаш моҳ ходими рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» буд. Аз соли 1971 то нафақа мухбири махсуси «Ҳақиқати Суғд» шуда кор кардааст.
- Информация о материале
- Просмотров: 106
Дар тарбияи ватандӯстӣ нақши матбуот хеле муҳим аст ва имрӯз рӯзномаву маҷалла, радиову телевизион ва, ба вижа, интернет, ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири чашмрас мерасонанд. Ҳар сухане, ки аз ин расонаҳо пахш мешавад, метавонад иқтидори созандагӣ ва ё сӯзандагӣ дошта бошад. Бинобар ин, вазифаи публитсистон бо сухани созанда аҳли ҷомеаро ба сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ, ба бунёдкорӣ даъват кардан аст.
Ҳамчунин, вазифаи тарбиявӣ, бахусус, тарбияи ватанпарастӣ ва худогоҳии миллӣ доштани матбуот ҳамеша муҳим буда, яке аз самтҳои асосии умури давлатдорӣ боқӣ мемонад. Яъне, адибону журналистон бо навиштаҳои публитсистии худ дар тарбияву ташаккули бофарҳангу ватандӯст ва бунёдкор саҳми арзандае дошта метавонад. Вазифаҳои маводу матолиби нашрӣ таъсиррасонӣ ва боваркунонии одамон ба мақсади ташаккули мавқеъ, таҳрик ва иттилоърасонӣ барои ҷалби таваҷҷуҳ ба масъалаи муҳими ҷомеа, аз ҷумла солимии он, гиромидошти арзишҳои меҳанпарастӣ ва худшиносии миллӣ аст.
Гуфтан ҷоиз аст, ки солҳои охир дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ дар мавзӯи тарбияи ватандӯстӣ мақолаҳои зиёд ба нашр мерасанд ва муаллифон андешаҳои Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмонро дуруст дарк карда, панду гуфтор ва иқтибосҳои ҷолиби ватандӯстонаро барои ташаккули шахсият чи дар матбуоти даврӣ ва ё шабакаҳои иҷтимои нашр месозанд.
Мавзӯъҳои асосие, ки мафҳуму муҳтавои муаллифони мақолаҳо бештар аз тараннуми сулҳу ваҳдат, худшиносии миллӣ, бyзypгдошти забон ва меpоси фаpҳангӣ, бознигарӣ ба гузаштаи таърихии тоҷикон ва монанди он иборат мебошанд.
Камина дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта бошам ҳам, пайгири рӯзномаву маҷаллаҳоям. Мушоҳидаҳоям нишон дод, ки дар саҳифаҳои матбуот сатрҳои диққатҷалбкунанда ва баёнгари андешаҳои созандаи ҷавонон аз донишу маҳорати хуби таҳлили онҳо мебошад. Дар ин радиф саҳми ҷавонони муҳоҷир низ мушоҳида мешавад.
Масалан онҳо парчами тоҷдору ҳафтситораи Тоҷикистонро парафшон мекунанд, дар либоси варзиши худ ибораи «Ман тоҷикам!», ё “I Love Tajikistan”, ё бо тоқии бо навиштаҷоти "Тоҷикистон"-ро аксбардорӣ намуда паҳн мекунанд. Ин амал барои ташаккули шахсият ва тарбияи ватандустӣ заминагузор мегардад.
Ваҳдати миллӣ бидуни инкишофи тафаккури таърихӣ, худшиносии миллӣ, бузургдошти мерос, фарҳанги таърихӣ, равнақу ривоҷи шуури миллӣ тасаввурнопазир аст.
Тарбияи ватандӯстӣ паҳлӯҳои гуногун дошта, ба ташаккули мафкураи мардум нигаронда шудааст ва барои инъикоси дурусти он бояд ҳама паҳлӯҳои худогоҳии одамонро омӯхт. Ҳамон гуна, ки каси худогоҳ аз андешаи мо кӣ, аз куҷо омадаем, гузаштаи мо чӣ гуна буд ва бояд бо кадом роҳ асолати миллии худро нигаҳбонӣ кунем, дар баробари омӯзиши таърих, донистану нигаҳдошти расму оинҳо ва ҷашнҳои миллӣ, рамзҳои миллиро дониста, чун нишони нангу номуси миллӣ онҳоро муқаддасу гиромӣ бидорем. Дар ин бора рӯи ҳар саҳифаҳои рӯзномаҳо хусусан, дар рӯзи ба даст овардани ғалаба дар ин ё он озмунҳои байналмилалӣ ва ҷашнвораҳои бузурги миллӣ андешаи пандомезу раҳнамокунанда овардашуда аксу наворҳои ҷолиби диққат фарогири матбуот мегардад.
Матбуоти тоҷик дар замони Истиқлолияти давлатӣ ба мавзӯи ҳимоят аз арзишҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик ва хештаншиносӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, саҳифаҳои зиёди худро дар тарбияи ватанпарастӣ ва хештаншиносии миллӣ ва тарбияи насли наврас вомегузорад, ки ин инъикоскунандаи тарғиби хештаншиносии миллӣ ва ватанпарастӣ дар саҳифаҳои расонаҳои хабарӣ мебошад.
Ҷаҳонгир МАХКАМОВ,
узви Иттифоқи журналистони
Тоҷикистон, шаҳри Истаравшан
- Информация о материале
- Просмотров: 116
95-солагии милоди умри бонуфузтарин нашрияи вилоятӣ - “Ҳақиқати Суғд” ба хотирам замони фаъолиятам дар кумитаи комсомоли ноҳияи Аштро ба сифати котиби дуюм овард.
Хабару мақолаҳои навқаламонаи маро устодони қалами ин даргоҳи муқаддас шодравон Абдураззоқ Умаров ва Ӯринбой Усмонов таҳриру ба чоп омода ва дар саҳифаҳои ӯзбекии рӯзнома ҷой мекарданд. Табиист, ки замони шӯравӣ дарҷи мавод дар нашрияҳои ҳизбӣ муваффақияти калон ҳисоб мешуд ва ҳар чопи матлаб албатта, аз назари роҳбарон дур намемонд.
Як одат доштам, ки ҳар хабару мақоларо натанҳо ба рӯзномаи маҳалливу вилоятӣ, ҳамзамон, ба нашрияҳои ҷумҳуриявӣ низ ирсол мекардам ва хушбахтона, он дарҷ мешуд. Хуб дар ёд дорам, рӯзе аз рӯзҳо котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳия Абдуҳамид Абдувалиев маро ба назди худ хонда гуфт:
-Мӯъминҷон, Шумо истироҳат ҳам мекунед, ё не?
-Не, албатта, Абдуҳамид Абдувалиевич, кор ҳам мекунему истироҳат ҳам.
-Хуб медонам, ҳафтае шаш рӯз ба кори комсомол машғулед. Лекин кадом рӯзномаро ба даст нагирам, хабару мақолаи Шуморо мебинам...
Албатта, чопи мавод аз кору пайкори соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ -набзи ҳаёти ноҳия, ки ба истилоҳи имрӯз “реклама” аст, мӯҷиби пурзӯр шудани корҳои идеологӣ ва дар ин замина, албатта, дар ҳоле ки телевизионҳои маҳаллӣ амал намекард, маводи рӯзнома бо маънои томаш тарғибу ташвиқи ҳаёту фаъолияти як гӯшаи диёр маҳсуб мешуд.
Солҳои 90-уми қарни гузашта дар солномаи миллат бо рӯзҳои шадиди иқтисодиву сиёсии кишвар сабт шудааст. Бӯҳрони шадид тамоми ҷабҳаҳои ҳаётро фаро гирифта буд, ки аз ин ҳолат нашрияҳо орӣ набуданд. Чун он солҳо камина аз кори комсомол фориғу дар корхонаи “Кони намак”-и ноҳия ба фаъолият пардохта будам, қарзи инсонӣ ҳисобидам, ки ҳаддалимкон то аз даст омадан нашрия ва ҷомеаи меҳнатиро дастгирӣ кунам. Миннат ба ҷонам, ки ин корро ба ҷо овардам ва то ба имрӯз насли калонсоли нашрия аз як миқдор намаки ройгон дастрашуда ёдоварӣ мекунанд.
Таҳкурсии ҳамон фаъолият дар нашрияи вилоятӣ ва дастгирии устодони равоншод буд, ки имрӯз ҳам қаламро аз даст нагузоштаам. Ба ҳайси намояндаи рӯзномаи ӯзбекзабони “Суғд ҳақиқати” дар ноҳияҳои Ашту Мастчоҳ ва шаҳри Табошар, ҳамзамон, масъули саҳифаи ӯзбекии нашрияи МИҲД ноҳияи Ашт- “Шӯҳрати Ашт” заҳмат мекашам. Ҳаддалимкон мекӯшам рисолати худро ҳамчун қаламкаш сарбаландона ва аз рӯи виҷдон ба ҷо орам. Ҳамзамон, ҳамкориро бо “Ҳақиқати Суғд”, ки мактаби эҷодкории ман аст, накандаам. Сипосгузорам аз роҳбарият ва ҳайати эҷодии рӯзнома, ки хабару гузориш ва мақолаҳоямро дар шумораҳо ҷой медиҳанд.
Боиси хурсандӣ аст, ки имрӯз ҳам рӯзномаи бонуфузи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” ҳафтае се маротиба бе танаффус аз чоп мебарояд. Зимни мутолиаи ҳар шумораи он ба чунин хулоса меоям, ки ҳайати эҷодии он таҳти роҳбарии сармуҳаррири нашрия Аминҷон Шарифзода мекӯшанд, набзи ҳаёти вилоятро ҳаматарафа инъикос созанд. Ба андешаи инҷониб насли нави рӯзноманигорон, ки аксаран ҷавонанд, ҷадду ҷадал доранд, ки “Ҳақиқати Суғд” чун замони шӯравӣ нашрияи бонуфузи рақами як байни муштариёни расонаҳои чопӣ мақомашро нигаҳ дорад.
Эҳсос мешавад, ки нақшаву нияти ҳайати эҷодӣ дар оянда низ нисбат ба хонданбобу пурмазмун намудани ҳар шумораи ҷарида, ба дарди мардум хӯрдани маводи он нақшаву ниятҳои зиёд доранд. Кулли кормандону муштариёни ин рӯзномаи дӯстдоштаву устоди худро бо 96-умин баҳори умр табрику таҳният гуфта, дар роҳи расидан ба ҳамин мақсади наҷиб ба аҳли эҷод барори кору муваффақият ва илҳоми баландпарвози эҷодӣ таманно дорам.
Мӯъмин АБДУЛЛО,
собиқадори матбуот,
Аълочии матбуот ва фарҳанги
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Ашт




