Ҳақиқати Суғд
  • Асосӣ
  • Бахшҳо
  • Аксҳои хотирмон
  • Тамос бо мо
  • Рӯзнома
  • Facebook
  • Telegram
  • Instagram
  • Собиқадорон
  1. Вы здесь:  
  2. Главная
  3. Бахшҳо
  4. Фарҳанг

Маводҳои охирон

  • Ифротиёни «Гуруҳи 24» - ҳама ҷинояткор
  • Интернет имрӯз дунёро ба деҳкадае хурде табдил додааст
  • Инсони тассубзадаву хурофотӣ аз дарки озодӣ бебаҳра аст
  • Ифротгароӣ ва зарари ин падидаи номатлуб ба ташаккули ҷомеаи солим
  • Ҳифзи арзишҳои миллӣ масъулияти ҳар як нафар шаҳрванди ватандӯст
  • Муқовимат бар зидди экстремизм ва терроризм бар манофеи аҳли башар аст
  • Таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба паҳншавии ғояҳои экстремистӣ
  • Ҷанбаҳои педагогии пешгирии терроризм ва ифротгароӣ дар байни донишҷӯён дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ
  • Хиёнаткорони ватан ҳаргиз бахшида намешаванд!
  • Масъулиятшиносӣ шарти аслии шаҳрвандӣ ва меҳандӯстӣ

Бахшҳо

  • Маводҳо барои сайт
  • Сиёсӣ
  • Иҷтимоӣ
  • Иқтисодӣ
  • Фарҳанг
  • Варзиш ва сайёҳӣ
  • Тандурустӣ
  • Кишоварзӣ
  • Илм ва маориф
  • Собиқадорон
  • Ҷомеа ва замон

Собиқадорон

КЕНҶАЕВА МАВЛУДА ҲОДИЕВНА
ШАРИФОВА МАВЛУДА
ИСМОИЛОВ ИСРОИЛ
СОЛЕҲИ ЗАРИФЗОД (Солеҳбой Дадобоев, Солеҳи Маҳзун)
ТӮЙЧИЗОДА ҲАДИЯТИЛЛО
ФАРЗОНА (Хоҷаева Иноят Юнусовна)
МӮЪМИНОВА РАФОАТ (Рафоати Неъматдухт)
МАҶИДОВ АБДУМУИН (А.Юсуфзод)
ӮРИНБОЙ УСМОН (Усмонов)
ҶИЛО (Сайидамин Умаров)

Китоби ҷашнӣ

Ҷустучӯ

Муаррифӣ дар саҳнаи ҷаҳонии мўд

Информация о материале
Опубликовано: 02 марта 2026
Просмотров: 175

Бори аввал дар таърих Ҷумҳурии Тоҷикистон дар New York Fashion Week яке аз бонуфузтарин ҳамоиши ҷаҳонии соҳаи мӯд муаррифӣ гардид. Кишварро тарроҳи тоҷик Нафиса Имранова бо бренди худ ZHIWJ намояндагӣ кард. Гуфта мешавад, ки иштироки ӯ рӯйдоди муҳимеро мемонад, ки ба василаи он  фарҳанги кӯҳани тоҷик бори дигар дар арсаи ҷаҳонӣ рӯнамоӣ шуд. Ин намоиш дар доираи платформаи Flying Solo сурат гирифт, ки дар он 53 тарроҳ аз 23 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд. Бренди тарроҳи муваффақи тоҷик дар миёни даҳҳо номҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳро ба худ ҷалб сохт.

- Ман хеле ҳаяҷон доштам, лекин вақте дар анҷоми намоиш ба саҳна баромадам, кафкӯбиҳо то расидан ба охири он ва бозгашт қатъ намешуданд. Ин кафкӯбиҳои расмӣ набуданд, балки пазироии гарми аҳли толор эҳсос мешуд, - изҳор дошт тарроҳ.

пурра...

Суғд дар марҳилаи навин

Информация о материале
Опубликовано: 17 февраля 2026
Просмотров: 81

Дар маҷлисгоҳи кохи “Суғдиён”-и  шаҳри Хуҷанд  нишасти матбуотии Раёсати фарҳанги вилояти Суғд баргузор гардид.  Дар он роҳбарият, намояндагони воситаҳои ахбори омма, кормандони  соҳа  иштирок  намуда, натиҷаи фаъолияти яксола ва нақшаҳои минбаъдаро баррасӣ карданд. 

Сардори Раёсати фарҳанг Бахтиёр Қосимов  иброз дошт, ки дар вилояти Суғд 752  муассисаи фарҳангию фароғатӣ аз ҷумла 362 китобхона, 133 клуб, 95 қаср ва хонаҳои фарҳанг, 30 мактаби санъат, мусиқӣ ва рассомии бачагона, 1 осорхонаи таърихии вилоятӣ, 15 осорхонаи таърихӣ – кишваршиносӣ, 8  хона - осорхона, 3 маҷмааи фарҳангӣ, 23 боғи фарҳангӣ - фароғатӣ мавҷуд мебошад. 

- Дар вилоят 7 театри касбӣ фаъолият мебарад.  Дар Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ давоми соли 2025 баҳри истироҳат ва фароғати  тамошобинон 105  чорабинии гуногун  ба намоиш гузошта шуд. Инчунин дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1190 ёдгории таърию фарҳангӣ мавҷуд буда,  аз он 91 ададаш аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дорад.  Имрӯз дар соҳаи фарҳанги вилоят 3700 нафар мутахассис  фаъолият доранд, ки аз онҳо 76 нафар зан  ба ҳайси роҳбар фаъолият  менамоянд.

Яке аз рӯйдодҳои  муҳими соли 2025  баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ дар доираи сафари кории  сарони давлатҳои Тоҷикистон,  Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба ҳисоб меравад. Ин чорабиниҳо дар маҷмааи таърихию фарҳанги  “Қалъаи Хуҷанд” ва варзишгоҳи 20 – солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бо иштироки аҳли ҳунари се давлат баргузор гардида,  ба таҳкими робитаҳои  фарҳангӣ мусоидат намуданд. Соли ҷорӣ  дар вилояти Суғд иншоотҳои гуногуни фарҳангӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки он дар тарбияи наврасон ва ҷавонон ва рушди фарҳанги милли заминаи боэътимод мегузорад, - гуфт сардори Раёсат. 

Нуъмонҷон Рустамов донишҷӯи Коллеҷи санъати ба номи Содирхон  Ҳофиз  буда, дар озмуни байналмилалие,  ки дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  баргузор гардид,  иштирок  ва  сазовори Шоҳҷоиза гардид, ки фахри аҳли фарҳанг аст. Шоистаи қайд аст, ки имсол фарҳангчиёни вилоят ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гаштанд.

Аз ҷумла, дар қисми саволу ҷавоб намояндагони   ВАО доир  ба масъалаҳои маблағгузории  чорабиниҳои фарҳангӣ,  дастгирии ҳунармандон ва рушди инфрасохтори фарҳангӣ,  норасоии кормандони театр ва дигар масъалаҳои фарҳангӣ посухҳои амиқтарро гирифтанд.  Таъкид шуд, ки рушди фарҳанг омили муҳими  пешрафт ва таҳкими худшиносии ҷомеа мебошад.

 

Тӯҳфа РОЗИҚОВА

“Ҳақиқати Суғд”

Страница 6 из 6

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
  • 6
Рамзи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2018-2028 - даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

Cолҳои 2027 – 2036

Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда

Соли 2026

"Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ"

Соли 2027 - Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ

Дар бораи рӯзнома

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №519/РЗ-97 аз 7 октябри соли 2025 ба қайд гирифта шудааст.

Индекси обуна: 68894

Суроға ва телефонҳо

ш. Хуҷанд, маҳаллаи 20, бинои 35, КВДК "Коҳи матбуот", ошёнаи 4.

Қабулгоҳ: 2-06-54

Муовини сармуҳаррир: 2-06-53

Шуъбаи мактубҳо: 2-06-55

Эзоҳ

Матолиби рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”-ро дигар ВАО бо нишондоди манбаъ метавонанд истифода баранд.

Маводи муаллифон дар ҳаҷми то 4 саҳифа ба ҳуруфи Palatino Linotype, андозаи 14 пазируфта мешавад.

© 2026 "Ҳақиқати Суғд". Нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.