Дар даврони Шӯравӣ мо, фарзандон, ҳамроҳи волидайн бо сабукрав аз шаҳри Душанбе ба Хуҷанд бо воситаи кӯҳҳои сар ба фалаккашида меомадему ба қавле, ҳам мошину ҳам худамон аз гарду хоки ба ҳаво бархоста саропо чанг мешудем. Дарозоии роҳ 15-16 соат тӯл мекашид. Пеш аз ба роҳ баромадан мушоҳида мекардам, ки падар ду-се рӯз хотирпарешон буданд ва ба саволҳои мо, пайвандон, кӯтоҳ “ҳа” ё “не” гӯён посух медоданд. Гоҳе модарам моро ба хомӯшӣ даъват менамуданд ва “дадот корашон бисёр, халал нарасон”, мегуфтанд.

Он солҳо шояд хурд будам, мушкилии роҳро дарк намекардам. Дар синфҳои болоӣ мехондаму пасон фаҳмидам, ки пеш аз сафар падар чӣ қадар вазнинии роҳро андеша мекардаанд. Дар ҳақиқат самти роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд дар бағали кӯҳ метавон гуфт, қариб ки якҷониба буду бо нақлиёти аз самти дигар омадаистода хавфи калон дошт. Ба ҷуз ин, роҳҳо мумфарш набуданд, балки хокпӯш ва ҳангоми ҳаракати мошин чангу хоки он “ба осмон” мехест, ки нақлиёти аз самти дигар омадаро низ дидан мушкил буд. Акнун дарк карда истодаам, ки солҳои пешин барои падар аз роҳҳои бағали кӯҳ гузаштан чӣ қадар мушкил будааст.

Насими истиқлолият ба кишварамон вазиду бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ободонии гӯшаву канори мамлакат роҳҳо низ мумфаршу обод гардиданд.

Ҳоло бошад, сабукрав аз бағали кӯҳҳою нақбҳои чароғаш фурӯзон гузар дораду чашм аз кӯҳҳои сабзбағали худодод канда наметавонам. Гоҳе ба симчӯбҳое, ки яке дар канору дигаре дар қади кӯҳу сеюмӣ дар бағали он насб гардидаасту аз ҷануб ба шимол хатти барқи ЛЭП - 500 кашида шудааст, бо ҳайрат менигарам. Охир, баъзе симчӯбҳо дар ҷойҳои хеле хавфнок, дар мавзеъҳои касногузар гузошта шудааст. Бори дигар аз соҳибистиқлолии кишвари офтобиамон, аз ободонӣ, аз рушди  самтҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакатамон шод гардидам..

Баробари ба пойтахт ворид гардидан шаҳри Душанберо ҳамешасабзу ҳамешабаҳор дидам. Албатта аз манзараҳои пешин кам нишоне монда, аммо биноҳои то ба осмон қадкашида, гулу гулзорҳо Душанберо гулафшону гулбасар кардааст.

Рӯзи дигар ба Осорхонаи миллӣ рафтем. Он аз се ошёна иборат буда, ҳар як қабаташ, ҳар як утоқаш аз таърих, аз даврони то эраи мо то давлати Сомониёну дастовардҳои соҳибистиқлолии кишвар ҳарф мезанад.

Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи июли соли 2011 таъсис ёфта, аз 22 толори намоишии ниёгон иборат буда, муаррифкунандаи таъриху тамаддуни кишвар мебошад. Тавре намояндаи Осорхонаи миллӣ қайд кард, ба маърази тамошобинон 4 шуъбаи экспозитсионӣ – шуъбаи табиат, таърихи бостон ва  асрҳои миёна, таърихи нав ва навтарин ва охирон шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалӣ хизмат менамояд. Нахуст ба шуъбаи табиат ворид гардидем. Дар назар гӯё табиати афсунгари кӯҳҳои Тоҷикистонро ба ин утоқ “кӯчонида” бошанд – табиати зебову олами ҳайвоноту растаниҳо, мамнӯъгоҳҳо ва парандаҳо, оби мусаффояш назари ҳар як бинандаро ба дунёи ин табиати дилкашу зебо ғӯтавар месозад. Дар як гӯшаи он намунаи сангҳои гуногуни ороишии қиматбаҳо аз конҳои ҳудуди кишвар аз пайдоиши ҳаёт дар рӯи замин ва гӯшаи палеонтология барои тамошо гузошта шуда буд. Бештар диққати маро дарахти орододашуда аз сангҳои қиматбаҳои дар Тоҷикистон буда ба худ ҷалб сохт, ки 3,4 метр баландӣ, 800 кило вазн ва 19536 баргҳо дошт. Бо як дидан гӯиё он баргҳост, аммо на, он сангҳое буданд яке аз дигаре зебо ва пурҷило, мисли нақши нигин бо рангҳои мухталиф. Бори дигар гуфтаҳои Пешвои муаззами мо ба хотирам зад: “Сарватҳои табиии кишвар, аз ҷумла сангҳои қиматбаҳо, амонати миллат мебошанд ва ҳифзи онҳо вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аст”. Толори дигар моро бо қадимтарин бошишгоҳи давраи “Асри санг”-и Осиёи Миёна, ки аз мавзеи Кӯлдараи ноҳияи Ховалинг пайдо шудаасту таърихи беш аз як миллионсола дорад, ошно сохт.  Аз ин бошишгоҳ 96 олоти сангӣ, ба мисли чопперҳо ва чоппингҳо дарёфт шудаанд.

Дар шӯъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна барои инъикоси фарҳанги зардуштӣ гӯшаи махсуси намоишӣ мавҷуд аст, ки тамошобинро аз олами маросиму ёдгориҳои он давр ошно месозад. Ба утоқи заргарӣ ворид гардидем. Ҳалқаву мӯҳраву ороишоти занона, зарфҳои гуногун чашми касро мерабуданд. Ба навиштаҷоти он назар дӯхтам: “Соли 1877 аз ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон дафинаи ёдгориҳои таърихӣ тавассути тоҷирон ва мардуми маҳаллӣ харидорӣ шуда, ба Ҳиндустон интиқол меёбанд. Ин ёдгориҳо бо номи “Дафинаи Амударё” машҳуранд. “Дафинаи Амударё” аз 170 ашёи гуногунҳаҷм ва гуногуншакли ҳунари заргарӣ, ба монади зарфҳо, дастпонаҳо, мӯҳраҳо, ороишоти занона, ҳайкалчаҳои одамону ҳайвонот, нишонҳо ва 1300 сиккаҳои тиллоиву нуқрагӣ иборат буда, ду давраи таърихӣ – охири асри IV-и то милод ва миёнаи асри III-и милодиро фарогиранд. Айни замон қисмати бузурги ёдгориҳои “Дафинаи Амударё”  дар Осорхонаи Британия маҳфузанд. Дар экспозитсия шаш адад нусхаи ёдгориҳои “Дафинаи Амударё” ба намоиш гузошта шудааст. “Тахти Сангин” аз машҳуртарин ёдгориҳои асрҳои IV -и қабл аз милод ва III-и милодӣ буда, дар ноҳияи Қубодиён воқеъ гаштааст. Дастнависҳое, ки солҳои 1103 ҳиҷрӣ, “Чаҳор китоб”, дастхати асари Аттори Нишопурӣ, китоби “Таврот” (бо забони форсӣ, ба соли 1856 тааллуқ дорад), “Шарҳи Ал-Вофӣ” (дастнавис, соли 1207 ҳиҷрӣ), “Сипеҳри Имом Бухорӣ, чопи сангӣ, соли 1373 ҳиҷрӣ, “Тафсири Қуръон”, дастнавис, ба асрҳои ХVI, ХVII тааллуқ дорад, ба маърази тамошо гузошта шудааст. Қалъаи Чилҳуҷра  (асрҳои V-IХ), рангдони мисӣ, (Оқтеппа, асрҳои IV-V), харитаи давлати Сосониён, ки ба асрҳои III – VII тааллуқ доранд, динорҳои Хоразмшоҳиён, асри ХIII, зарфҳои сафолии сирдор, ки аз асрҳои Х, ХI, ХVI, ХVII боқӣ мондаанд, бори дигар бинандаро ба дунёи кӯҳан мебарад.

Роҳнамои осорхона зимни тамошо аз таърихи давлати Қӯшониён моро ошно сохт. Давлати Қӯшониён тақрибан чорсад сол вуҷуд дошта, тӯли асрҳои II-и то милод ва IV -и милодӣ яке аз давлатҳои пуриқтидортарини ҷаҳон ба шумор мерафт. Дар таърих номи шоҳони Кӯшонӣ, аз ҷумла бо исмҳои Куҷула Кадфиз, Вима Кадфиз, Канишкаи I, Хувишка ва Васудева машҳуранд.

Дар замони салтанати Кӯшониён истеҳсоли зарфҳои гилӣ ба авҷи аъло расида буд. Қисми зиёди онҳо дар чархи кулолӣ сохта шуда, бо нозукӣ, гуногуншаклӣ ва нафисии сафоли он фарқ мекард. Дар аввал зарфҳоро мунаққаш намекарданд. Баъдтар онҳоро бо хатҳои мавҷӣ ва уфуқӣ, ҳалқачаҳо, нақшҳои қолабии гиёҳӣ зеб медоданд. Ҳунармандӣ ҳам дар шаҳрҳои калон ва ҳам дар деҳаҳои хурд равнақу ривоҷ ёфта буд.

Дар зарфҳое, ки ба маърази тамошо гузошта шуда буданд, сифатан хеле хуб буд ва бештари он ба зарфҳои хӯрокхӯрӣ шабоҳат доштанд ва онҳо аз замони Кӯшониён, аз ёдгориҳои Тӯпхонаи ноҳияи Ҳисор, шаҳраки Саксанохур ва қабристони Иттифоқи ноҳияи Фархор ва Теппаи Шоҳи ноҳияи Қубодиён дарёфт гардидаанд. Хушбахтона ёдгориҳои давраи Сосонӣ (солҳои 224-651) дар кишвари офтобиамон низ ёфт шуда, дар рӯйи сиккаҳои нуқрагии он давра акси шоҳ ва дар қафояш оташи муқаддас ва ду коҳин нақшбандӣ шудаанд. Ҳамчунин лавҳи гилӣ бо тасвири манзараи шикор диққати касро ба худ ҷалб месозад, ки он низ аз даврони Сосониён то мо боқӣ мондааст.

Дайр (ибодатгоҳ)-и “Аҷинатеппа” аз ёдгориҳои машҳури даврони буддоӣ буда, дар асри У111 бунёд шуда, солҳои 1959-1975 дар натиҷаи гузаронидани ҳафриёти бостоншиносӣ дар қисмати ҷанубӣ муҷассамаи гилии “Буддо дар  ҳолати нирвана” ёфт шудааст, ки 13 метр дарозӣ ва 5 тонна вазн дорад. Дар Осорхонаи миллӣ дайри “Аҷинатеппа”, нусхаи Буддо ва бозёфтҳои аслиро дидан мумкин аст.

Осорхона толори махсусе доштааст, ки он хеле ҷолиб буда, дар он тӯҳфаҳои аз ҷониби сарварони дигар давлатҳои олам ба Президенти мамлакат эҳдошуда, ба маърази тамошо гузошта шудааст ва он аз шамшер то киштию кӯзаву табақу китобҳои пурарзишу осори қадимаи ҳамон давлат иборат буданд.

Осорхонаи миллии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин иншооти илмӣ-фарҳангӣ ва сайёҳӣ дар кишвар ба шумор рафта, самтҳои асосии фаъолияти он баҳри ҷамъоварӣ, ҳифз, омӯзиш, таблиғу ташвиқи мероси фарҳангӣ, муаррифии таъриху фарҳанги куҳанбунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистони биҳиштосо равона гардидааст.

Вақте мо аз ошёнаи чорум фуруд меомадем, як гурӯҳ сайёҳон аз давлати Хитой ва Олмон аллакай ду ошёнаро аз назар гузаронида буданду аз шоҳкориҳои ниёгон, аз таърихи тамаддуни халқи тоҷик муҳаббатномаи хешро изҳор медоштанду чанд нафари дигар аз дидани чунин шоҳкориҳо серӣ надоштанд ва намояндаи Осорхонаи миллиро бо пурсишҳову кунҷкобиашон саволборон менамуданд.           

Бори дигар ба худ гуфтам:

“Соҳибистиқлолият моро натанҳо аз ҷиҳати иҷтимоию иқтисодӣ таъмин кард, инчунин давраи бою ғании қадимаи мулки офтобии моро барои мо боз намуд”.

 

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

“Ҳақиқати Суғд”