Либоси миллӣ чист? Ва чаро вақте ба дигар мамолик роҳсипор мешавем, албатта бо худ либоси миллӣ – хосатан куртаҳои аз матои атласу адрасу чакан дӯхташударо мегирем. Зеро он муаррифкунандаи миллати тоҷик аст, ки умри беш аз ҳазорсола дорад ва либосаш низ чунин давраро аз сар гузаронидааст, метавон гуфт, он ҷовидонист. Дар доираи мавзӯи  атласу адрас дар нақлиёти мусофирбар бо нафаре ҳамсуҳбат гардидаму дар идомаи суханаш ӯ гуфт:

- Мутаассифона, имрӯз мушоҳида мекунам, ки ҷавондухтарон, албатта на ҳама, аз либоси миллии худ дурӣ меҷӯянд. Вақте бо либоси миллӣ ба хонадоне ва ё тӯйхонае ворид мешавӣ, ба либосат нигариста муомила мекунанд, ки хушбахтона 5 чунин ҳолат ками андар кам бошад ҳам, аммо ҳамин рафтор дилро тира мегардонад.

Гуфтаҳои ранҷидаомези ӯ маро ба андеша водор кард. Чаро бархе аз бонувон ба либоси миллӣ, ба матоъҳои атласу адрас назари нек надоранд? Чаро қаблан куртаҳои миллӣ ҷиҳози наварӯсонро зеб мебахшиданду ҳоло он ангуштшумор гаштааст? Ҳол он ки атласу адрас аз шумори матоъҳои қадимаи тоҷикон буда, дар фарҳангу ҳунармандӣ он қадр мегардад.

Аз равзанаи таърих  

Аз таърихи атласу адрас чанд бозёфтҳоро ёдовар шуданиам:  

Атласро “шоҳи матоъҳо” меноманд, он аз давраи қадим дар байни мардуми тоҷик маҳбуб буда, таърихи пайдоиши он ба замони Роҳи Бузурги “Абрешим” рост меояд. Аввалин маълумот дар бораи ин матоъ ба асри дуюми милодӣ рост меояд. Тавре аз саҳифаҳои таърих мехонем, шаҳрҳои қадимии Мовароуннаҳр, аз ҷумла Хуҷанду Бухорову Самарқанду Марғелон марказҳои истеҳсоли матои атлас ба шумор мерафтанд. Ҳунармандони суғдӣ нозукиҳои коркарди абрешимро омӯхта, матоъҳоеро бофтанд, ки бо тобиш ва нақшҳои абрбандии худ машҳури ҷаҳон шуданд. Атлас аз матои абрешимӣ омода шуда, бо нақшҳои мухталиф, дар байни халқ гоҳе онро ба сохти тирукамон шабоҳат медиҳанд, хеле зебо бофта мешавад. Нақшҳои он одатан бо омезиши ду – се навъи ранг ва аз он зиёдтар ба вуҷуд меоянд. Атлас бештар барои дӯхтани куртаҳои миллӣ, либосҳои идона ва дигар намуди либоси занона, гоҳе барои кӯрпаву кӯрпачаву болишт низ истифода мебаранд. Боиси хурсандист, ки соли 2023 дар номинатсияи Тоҷикистон - “Донишу таҷрибаҳои анъанавии истеҳсоли матоъҳои атласу адрас” матоъҳои атласу адрас расман ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дохил карда шуданд.

Дар маълумотномаи дигаре чунин омадааст: “Атлас як навъи матои абрешимӣ буда, аз давраи қадим то ҳол тоҷикдухтарону бонувони тоҷик ба бар мекунанд. Аслан атлас матои тоҷикӣ буда, лавозимоти барои он заруриро, хосатан рангҳои онро дар давраҳои қадим соҳибкорон аз Ҳиндустон меоварданд. Нақшҳои атлас бо усули “абрбандӣ” омода шуда, ба табиати кишвар, чун лола, барги карам, шоҳсабз шабоҳат доранд. Навъи олитарин ва хушрангтарини онро “Хонатлас” меноманд”. Бо мурури замон, аниқтараш, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар барои истеҳсоли матои атласу адрас матои хом дар дохили мамлакатамон омода шуда истодааст.

Дар идомаи маълумотномаи мазкур омадааст: Гарчанде дар асри ХIХ барои ҳунармандон давраи мушкилӣ пеш омад, аммо мутахассисон тавонистанд то қадри имкон абрешим, рангҳо ва дигар лавозимоти барои матои атласу адрас заруриро ҳифз намоянд. Дар нимаи асри ХХ-ум навъи атласҳои “Чашма”, “Шодиёна”, “Гули баҳор”, “Ҷонона”, “Мурғобӣ”, “Лола”, “Гули намози шом”, “Гули шоҳмот” ва ба ин монанд истеҳсол гардиданд. Инчунин вобаста ба ҷашн, иду  маросимҳо навъҳои матои атласу адрас зиёд гардида, ба тантанаҳо ва рӯзҳои таърихӣ номгузорӣ мегардиданд, масалан, “Пирӯзӣ”, “Ҷашнӣ”,  “50- солагии Тоҷикистон” “Ҳамроҳ”, “Кайҳон” дастраси дӯстдорони матои атлас мегардид.

Фарқияти атласу адрас

Дар баробари атлас адрас низ дар байни мардуми тоҷик хеле паҳн шудааст. Адрас низ матои анъанавии тоҷикӣ буда, нисбат ба атлас ғафстар ва матинтар мебошад. Он аз абрешим ва нахҳои пахтагӣ бофта мешавад. Адрас низ бо нақшҳои гуногун ва рангҳои ҷолибаш аз ҳамдигар фарқ мекунад ва барои либосҳои миллӣ, рӯйпӯш ва дигар маҳсулоти дастӣ истифода мешавад.

Имрӯз атласу адрас на танҳо либоси миллӣ, балки яке аз рамзҳои фарҳанг ва ҳунари мардумии тоҷикӣ ба ҳисоб меравад. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мардуми фарҳангдӯст тавонистанд бо роҳҳои гуногун матоъҳои миллӣ, аз ҷумлаи атласу адрасро дар байни мардум паҳн намоянд.

Солҳост, ки чорабиниҳои фарҳангӣ, ба монанди “Иди атласу адрас”, “Чакомаи гесӯ” баргузор мегардад, ки дар онҳо  бонувони зебосурат либоси дӯхтҳои мухталифи аз матои атласу адрас омодашударо ба бар менамоянд.

Суҳбати сарироҳӣ

Атлас рамзи ифтихори миллист. Тавре калонсолон мегӯянд “атлас танҳо як матоъ нест, балки он нишони миллати тоҷик, фарҳанг ва асолати миллии занону духтарони тоҷик аст”.

Аз нафаре, ки ҳамроҳи ҷавондухтари ба бар либоси атлас дошта меомад, пас аз салому алейк пурсидам:

- Ин кас духтаратон?

– Не, посух дод ӯ,- набераам.

–Либоси атлас хеле зебидааст, - гуфтам чашм аз ҷавондухтар наканда.

-Имрӯз аксари ҷавондухтарон зидди либоси миллианд, ҳатто либоси атласро ба бар кардан намехоҳанд. Аммо ман ба набераам дар бораи таърихи атлас, мероси қадимаи миллати тоҷик буданаш ва безарарии он фаҳмонидам.

– Бе зарар гуфтед? - пурсидам аз он модар, ки таваҷҷуҳам ба гуфтаҳояшон зиёд шуд.

Гуфтанд: - Атласи соф аз абрешими табиӣ омодашуда, дорои хусусияти нодири ҳавогузаронӣ буда, намӣ, (арақ)-ро хуб меҷаббад ва дар фасли гармо ба пӯсти бадан сардӣ мебахшад.

“Тоҷикона мепӯшем”- далели ҳифзи фарҳанг

Чанд сол муқаддам ташаббусе, ки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон зери унвони “Тоҷикона мепӯшем” пешниҳод кард, боз як далели ҳифзи фарҳанги миллии мост, ки давоми як моҳ занону духтарони корхонаю ташкилот,  муассисаҳои давлатӣ ба бар либоси атлас ва ё адрас менамоянд. Ин иқдоми хубу боиси дастгирист. Ба тасвиб расидани “Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон” бо мақсади дар корхонаю ташкилотҳо ва муассисаҳои буҷавӣ ба танзим даровардани либоси миллӣ равона гардидааст.

Аксари бонувон зидди ба бар кардани либос ва рӯймоли сиёҳ, сатр, ҳиҷоб, либоси нимбараҳнаи дӯхти аврупоӣ, нимдоман (миниюбка) ва ба ин монанд либос мебошанд, ки ростӣ, он ба чашм ҳам безеб метобад.

Дар идомаи ҳамин пешниҳод боре дар суҳбате Пешвои муаззами миллат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба бар доштани хилъат (он либосест, ки мебоист дар хона истифода бурд), калӯш, лампоӣ (шлёпка)-ро манъ намуданд. Охир, он ду пойпӯше, ки номбар кардем, барои саломатӣ низ хеле зараровар аст. Шояд аз мавзӯъ дуртар рафтем, аммо, чаро ончиро, ки боиси бемориамон мегардад, ба бар намоем?

Ин мавзӯест доманадор. Дар атрофи он метавон бисёр навишт, аммо бо ҳамин таваққуф намуда, фикру андешаи муштариёни ҷаридаро интизорем.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

“Ҳақиқати Суғд”