Истиқлолияти миллӣ ва дастовардҳои кишварамон танҳо дар натиҷаи таҳкими сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ба даст омадааст. Иттифоқҳои касаба дар ҳамкорӣ бо шарикони иҷтимоӣ метавонад баҳри пойдории давлати ҳуқуқбунёд ва амалисозии қонунҳо ҷиҳати ҳимояи ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоию иқтисодии созандагони Ватан, бошандагони ин Ватан ва ояндагони он, ки аъзои иттифоқи касабаанд, якдилу якмарому ҳамфикр бошанд. Зеро, ки мароми мо Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнаткашон ва аҳли оилаи онҳост.

Иттифоқи касабаи соҳаи фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии вилоят яке аз шохаҳои ин ниҳоди бонуфуз буда, он дар пешрафти кишвар саҳми бориз дорад. Мухбирамон ба сардори кумитаи Иттифоқи касабаи соҳаи фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии вилоят Фотимахон Қодирова суҳбате орост, ки фишурдаи онро манзури шумо, хонандагони арҷманд менамоем.

–Муаллимаи азиз, ҳар рӯзу ҳар соат моро ба ҷашни бузурги миллӣ–35-солагии Истиқлолияти миллӣ наздик месозад. Иттифоқи касабаи соҳаи фарҳанг низ яке аз меваҳои асили даврони Истиқлолият ба шумор меравад.

Мехостам дар бораи   фаъолияти Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёии вилояти Суғд маълумот медодед?

–Дар замони муосири асри ҷаҳонишавӣ, ки ба тавсеаи муносибатҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд, майдони равобити фарҳангу иттилоот васеъ мешавад, эҳёи анъанаҳои фарҳанги миллӣ ва беҳдошти асолати он афзун мегардад. Боиси ифтихор аст, ки аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ то имрӯз Тоҷикистон бо анъанаҳои чандинҳазорсолаи таърихию фарҳангӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавқеи шоистаеро ишғол намуда, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Дар ин давра ташкилоту муассисаҳои фарҳангиву иттилоотии мамлакат масъулияти бузургеро ба дӯш дошт. Баррасӣ, тавзеҳ ва ба таваҷҷӯҳи мардум расонидани масъалаҳои асосию тақдирсоз дар ҳаёти Тоҷикистони соҳибистиқлол, таблиғу  тарғиб ва амалӣ гардонидани амру фармонҳои Президенти кишвар, қарору қонунҳо, таҳкими давлатдорӣ ва истиқлолияти кишвар, эҳтироми қонуният, эҳёи анъанаҳои миллӣ, поягузории маънавиёт, пешрафти инкишофи илму маърифат бо дили гарму сайъи комил ҷаҳду ҷадал менамоянд.

Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд ташкилоти оммавию ҷамъиятии ғайриҳизбӣ буда, ба тариқи ихтиёрӣ, бидуни фарқияти нажодӣ, миллат, ҷинс ва эътиқоди динӣ кормандони муассисаю корхонаҳои соҳаи табъу нашр, санъат, кинематография, иттиҳодияҳои эҷодиву ширкатҳои садову симо, рӯзномаю маҷаллаҳо, осорхонаҳо, клубу китобхонаҳо, хона ва қасрҳои фарҳангӣ, нависандаҳо, оҳангсозон, рассомон, боғҳои фароғативу истироҳат ва хонандагони муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳангро муттаҳид месозад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари қайд кардани ҷашнҳои ҳарсолаи Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ бо баргузор кардани як қатор ҷашнвораҳои сатҳи байналхалқӣ тавонист худро дар баробари дигар кишварҳои пешрафтаю мутамаддин нишон диҳад ва дар ин кор пеш аз ҳама зиёиён ва кормандони соҳаи фарҳангу иттилоот саҳмгузоранд, ки нақши Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд назаррас аст.

–Муаллима аз нигоҳи Шумо соли сипаригардида барои аҳли кормандони ин ниҳод, ки сарварии онро ба ӯҳда доред, соли бобарор буд ё?

–Соли 2025 ва се моҳи соли 2026 барои кумитаи иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд соли басо хотирмон буд. Баҳри дар амал татбиқ намудани амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои генералии ФИКМТ, Кумитаи ҷумҳуриявии соҳавӣ ва Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд саъю талош варзида, муҳтаво ва дастурҳои дар Паёми навбатӣ ироагардидаро байни фарҳангиён таблиғу ташвиқ карда, дар ташкилоту муассисаҳои фарҳангӣ дар ин самтҳо чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ ба нақша гирифта шуда, роҳандозии онҳо дар сатҳи матлуб сурат гирифт ва он давоми сол идома хоҳад кард.

Нисбати  қарори Шўрои  генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон оид ба  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» зикр гардидаанд, санаи 16 январи  соли 2026 ҷаласаи  кумитаи вилоятӣ гузаронида, дар он қарори дахлдор   қабул карда шуда, ба ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи соҳа барои корбарӣ ирсол карда шудааст.

–Барои ба умқи ҳар аъзои иттифоқи касаба расонидани сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паём ва баромадҳои дигари Пешвои миллат васеъ таҷассум ёфтаанд, Кумитаи вилоятӣ якҷоя бо кумитаҳои шаҳриву ноҳиявӣ бо аъзои иттифоқи касаба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботиву ташвиқотӣ гузарониданд. Ҳадаф аз баргузории чунин корҳо дар навбати аввал ин тарғибу ташвиқ ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба мардуми кишвар, таҳлили корҳои анҷомгардида, саҳми иттифоқи касаба дар ташкилоту муассисаҳои соҳа, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон, муайян намудани вазифаҳои минбаъда ва роҳҳои ҳалли онҳо мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки яке аз рӯйдоди муҳим барои кормандони кумитаи  Иттифоқҳои касабаи  соҳаи фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳӣ ин вохӯрӣ бо Пешвои муаззами миллат аст, ки моҳи октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин вохӯроӣ 10 нафар кормандони кумитаи фарҳанг ширкат намуданд. Онҳо то имрӯз фаъолияти кории худро маҳз дар руҳияи созандагиву ободкорӣ, таасуроти ғании дар ин вохӯрӣ гирифтаи хеш ба роҳ  мондаанд. Сарвари давлат дар ин вохӯрӣ барои боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани кори ин ниҳод  маслиҳатҳои муфид доданд.

–Саҳми Иттифоқи касабаро барои баргузор кардани чорабиниҳои фарҳангиву иттилотӣ чӣ тарз арзёбӣ менамоед?

–Бале, аҳли фарҳанги вилоят дар ҳар чорабинӣ масъулияти зиёдро ба худ касб менамоянд. Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори пазироии Осорхонаи таърихии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо иштироки намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, сарбозон ва афсарон вохӯрӣ таҳти унвони “Артиши миллӣ – рамзи саодатмандӣ” баргузор гардид.

Дар Осорхонаи таърихии “Маҷмааи  фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони “Зан-Модар тараннумгари зебоӣ, нигаҳдорандаи меҳру муҳаббат” бо иштироки занҳои фаъоли вилоят, собиқадороне, ки барои пешрафти соҳаи фарҳанг саҳми арзанда гузоштаанд, вохурӣ доир гардид. Ҳамзамон, ҷашни Наврӯз, ки яке аз ҷашнҳои қадимаи миллати тоҷик маҳсуб меёбад, хеле хотирмон сурат гирифт. Ҳар сол ин иди байналмилалӣ ба таври расмӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад. Дар доираи ин иди бошукӯҳ ташкил шудани чорабиниҳои рангини идона аз анъанаҳои бостонӣ маҳсуб ёфта, аз фарҳанги бойи аҷдодӣ дарак медиҳад. Ҷоиз ба таъкид аст, ки хотирмон таҷлил намудани Наврӯзи хуҷастапай дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо барномаҳои фарҳангию фароғатӣ бо иштироки аъзои иттифоқи касабаи соҳаи фарҳанг доир гардид. Дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳои соҳа чорабиниҳои наврӯзӣ ба мисоли маҳфилҳои адабӣ, суҳбату вохӯриҳо, намоишҳои китобию матбуоти даврагӣ ва озмунҳо гузаронида шуданд.

–Муаллимаи муҳтарам, оё бо кормандони иттифоқҳои касабаи соҳа муяссар гардид, ки дар ҳамсоякишварҳо табодули таҷриба доир намоянд?

–Дар асоси мактуби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷиҳати иштироки намояндагони Иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеӣ “Дӯстӣ” дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон санаҳои 24-27-уми июли соли 2025-ум 11 нафар санъаткорон ва ҳунармандон аз Қасри “Суғдиён” ва факултаи санъати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров иштирок намуда, фарҳанги волои тоҷикро ба мардуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон  муаррифӣ ва ҳунарҳои миллиро тарғиб намуданд. Дар он 11 нафар  намояндаи илму адаби вилоят ширкат намуда, дар чандин нишасту  маҳфилҳои фарҳангӣ баромад намуда, санъати мардуми худро, яъне санъати кишвари Тоҷикистонро муаррифӣ карданд. Бояд зикр намуд, ки дар фестивали мазкур намояндагони фарҳанги давлатҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд ва аз созу оҳангҳои дилнишини мардуми тоҷик ҳаловат бурданд.

Ҳамзамон дар партави дӯстии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, зимни он ҳамкориҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии вилояти Суғд  бо вилояти  Свердловск ва бо дастгириии   Федартсияи  иттифоқҳои касабаи  мустақили Тоҷикистон  Созишномаи ҳамкории пурсамар моҳи феврали соли 2024 байни Шӯрои иттифоқҳои касабаи  вилояти Суғд  ва Федерератсияи  Иттифоқҳои касабаи  вилояти Свердловски Федерратсияи Русия ба тасвиб расид. Ин ҳуҷҷати стратегию муҳим заминаи  ҳуқуқӣ ва амалии мустаҳкамеро  барои густариши робитаҳои минбаъда, табодули таҷриба ва   татбиқи барномаҳои муштарак гузошт, ки  ба нафъи меҳнаткашон ҳардуҷониб буд. Ҳамзамон як гурӯҳи калони меҳмонон  аз Иттифоқҳои касабаи  вилояти Свердловск  низ ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Ин сафарҳо кори табодули  таҷрибаҳо ва мулоқотҳои самимӣ на танҳо ба таҳкими робитаҳои  касбии Иттифоқҳои касаба мусоидат менамояд, балки ба густариши ҳамкориҳои фарогири байни минтақавӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия  саҳми арзанда гузошт. Дар ин замина, мулоқотҳои дуҷонибаи соҳавӣ  баргузор гардид. Раиси кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии вилоят бо ҳамтоёни  худ аз кумитаи фарҳанги Федератсияи  иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск музокироти мушаххас анҷом доданд.  

–Имрӯз дар вилоят оё ягон машғулияти умумӣ арзи вуҷуд дорад, ки барои баланд бардоштани малакаи касбии кормандони Иттифоқи касабаи соҳаи фарҳанг мусоидат намояд?

–Бале, дар бинои Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилоят курси такмили ихтисоси кормандони ин ниҳод гузаронида мешавад. Аллакай раисиони иттифоқҳои касабаи соҳаи фарҳанг курси онро хатм намуданд. Масалан, 19-уми январи соли ҷорӣ машғулиятҳои навбатии курси такмили ихтисос дар мавзӯи “Нақши Иттифоқи касаба дар шаклдиҳии фазои мусоиди фарҳанг” баргузор гардид. Дар ин машғулиятҳо ҳадафҳои оинномавиии Иттифоқҳои касаба, рисолати онҳо дар ҳифзу манфиатҳои  иқтисодию иҷтимоии аъзои иттифоқҳои касаба, мукамалсозии дониш, дар самти истифодаи техналогияи рақамӣ ва ба таври васеъ истифода бурдани он дар фаъолияти худ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дигарҳо гузаронида шуд. Дар он устодони забардаст, омӯзгорони соҳибтаҷрибаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо истифода аз усулҳои муосири таълимӣ дарс гуфтанд.

–Муаллимаи муҳтарам оид ба Созишномаи сетарафаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ андешаҳо доред?

–Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2023, №591 “Дар бораи маъқул донистани Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026” ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 05.03.2024, №53 “Дар бораи Созишномаи минтақавӣ  байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва

Ассосиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд барои солҳои 2024-2026” байни кумитаи вилоятии соҳавӣ ва Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, муайян намудани шароити меҳнат бобати  бастани Созишномаи соҳавӣ барои солҳои 2024-2026 як қатор корҳо ба сомон расонида шуда истодааст.

Байни корфармо ва иттифоқи касабаи ташкилоту муассисаҳо низ  дар шартномаҳои коллективӣ, дар уҳдадориҳои тарафайн оид ба иҷрои бастани қарордодҳои меҳнатӣ ва қатъ намудани он, вақти корию дамгирӣ, додани рухсатиҳои иловагии ҳарсола, қоидаҳои аз кор озод намудан, ҳалли баҳсҳои меҳнатӣ сари вақт пардохт намудани маош, мукофотпулӣ ва қадршиносӣ, шароити хуби меҳнатӣ, солимгардонии кормандон ва аҳли оилаи онҳо ва ғайраҳоро  дарбар мегирад.

–Муаллимаи муҳтарам, имсол ҷашни 35-солагии Истиқлолияти миллиро дар ҷумҳурӣ ҷашн мегирем. Дар ин самт дар кумита чӣ тадбирҳо андешида шудааст?

Баҳри иҷрои Қарори Шӯрои генералии ФИКМТ “Дар бораи  ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарори дахлдор дар раёсати кумита қабул гардид ва нақшаи чорабиниҳо ба тавсиб расида, барои корбарӣ ба ташкилотҳо дастрас карда шуд. Аъзои иттифоқи касабаи соҳа дар корҳои ободонию созандагӣ ва сабзу хуррамгардонии шаҳру деҳоти вилоят бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи худро гузошта, дар шанбегиҳои эълонгардида иштироки фаъолона доранд. Дар ҳамаи ташкилоту муасисаҳои соҳа чорабиниҳо ба мисоли маҳфилҳои адабӣ, суҳбату вохӯриҳо, намоишҳои китобию матбуоти даврӣ гузаронида мешаванд.    

–Ташаккур барои суҳбат  

 

Гулҷаҳон МАХКАМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”