Хуб дар хотир дорам, ки ҳанӯз пас аз хатми донишгоҳ, ки дилам саршор аз орзуи касби нав буд, барои гирифтани дархост барои оғоз кардани фаъолияти корӣ ба рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Ленинобод” (ҳозира “Ҳақиқати Суғд”) ба назди устоди азизи худ Саодатхон Каримова (рӯҳашон шод бод!) ҳозир шудам. Он солҳо баробари сармуҳаррири ин нашрияи бонуфузи вилоятӣ будан, он кас дар шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон  Ғафуров аз фанни таърихи журналистикаи хориҷа бароямон сабақ омӯзонида буданд.

Устод Саодатхон Каримова, ки симои ҳикмат ва масъулияти зан дар идораи муҳим буданд, дархости маро қабул намуданд ва таъкид карданд, ки пас аз дифои рисолаи хатм ба наздашон ҳозир шавам. Вақте дар рӯзи муайяншуда ба қабулашон ҳозир шудам, бо як нигоҳи гарм ва пурмеҳр, ки ба ҷои сахтгирии роҳбарӣ, умеду боварӣ мебахшид, ба ман гуфтанд: “Барои оғоз кардани фаъолияти журналистӣ дар рӯзномаи вилоятӣ ариза нависед. Аз ҳамин рӯз шумо корманди ин нашрия ҳастед”.

Фаъолияти журналистиам дар нашрияи бонуфузи вилоят бо роҳнамоии занони номдори аҳли қалам хеле ҷолиб паси сар мешуд. Мунтазам ҳамроҳи устодони азизи худ Тавҳидахон Ҷӯраева ва Гулҷаҳон Махкамова ба сафарҳои корӣ рафта, аз фаъолияти соҳаҳои кишоварзиву саноатӣ, маорифу тандурустӣ ва дар маҷмуъ аз фаъолияти шаҳру навоҳӣ ошно мегардидем.

Соли аввали фаъолиятам воқеаи аҷибе рух дод, ки нисбат ба касби пешакардаам бо нигоҳи нав ва эҳтироми бештар назар андохтам... 

Ҳавои тару тозаи баҳорӣ. Сармуҳаррир Саодатхон Каримова маро ба наздашон даъват карданд ва барои гирифтани таманниёти баҳоронаи яке аз занҳои барӯманди кишвар, шоираи бузург Озод Аминзода супориш доданд.

Дари ҳавлии Озод Аминзодаро кӯфтам, касе садои тақ-тақи дарро нашунид. Оҳиста вориди ҳавлӣ шудам. Манзараи пеши чашм афсонавӣ буд, дарахтони ҳавлӣ аллакай гулҳои сафеду гулобии худро кушода буданд. Шояд дарахти бодом буд, ки гулҳои сафедаш чун барфи баҳорӣ ҳавлиро зеб медоданд ва бӯи нозуки баҳорӣ дар фазо парвоз мекард. Кӯшиш кардам садо баланд кунам, ки нохост овози зане ба гӯшам расид. Сӯи овоз наздик шудам. Аз қафои тирезаи хурдакак дидам, ки муаллимаи арҷманд Озод Аминзода бо овози ширадор ва меҳрубон маро ба наздашон хонданд: “Дароед, биёед, касе дар ҳавлӣ нест, даромадан гиред.”

Вақте вориди хона шудам, дидам, ки муаллимаи азиз дар бистари беморианду тавони роҳ гаштанро надоранд. Вале беморӣ чашмони пурнурашонро хира накарда буд. Ба саломам алейк гирифтанду бо як табассуми ширин, ки гӯё хуршеди баҳорӣ аз даруни хона тулӯъ кард, маро ба нишастан даъват карданд. Нигоҳи пур аз меҳр, табассуми ширин ва сухани зебои муаллимаи азиз бароям илҳоми наве бахшид. Ин ҷои кор набуд, балки ҳуҷраи дарс ва ҳикмат буд.

- “Духтараки азизам, шумо ин субҳ бароям «Баҳор»-ро овардед. Хуш омадед. Пазмони баҳору пазмони Наврӯз гашта будам. Шукр, ки ба Наврӯзи нав расидем,” — гӯён табассум карданд Озод Аминзода.

Ҳарду дар атрофи баҳору зиндагонӣ, ҳусни табиат ва гузашти умри одамӣ хеле самимӣ сӯҳбат кардем. Муаллимаи арҷманд, ки зани олиму бомаърифат буданд, бо диққати амиқ ба суханонам гӯш медоданд ва таҷрибаи бузурги худро бо латофати занона баён мекарданд.

Дар авҷи сӯҳбат Озод Аминзода сӯям бо диққат нигаристанду гуфтанд:

- “Духтараки азизам, шуморо дида, як ғазали хубе ба хотир расид. Хомаатонро гиреду рӯи қоғаз нависед.” Ва он зани меҳрубону фариштахӯ бо овози форам, ки гӯё насим садои торҳои дилашро меовард, ғазалеро қироат карданд. Ин ғазал натанҳо шеър, балки эътирофи самимие аз зиндагии як зани фарҳангсоз буд. 

Шояд маҳз ҳамин лаҳзаи фаъолияти кориам буд, ки маро дубора ба касбам содиқу ошиқ кард. Боре дар гӯшаи хаёл надоштам, ки чунин зани бофарҳангу соҳибмаърифат, устоди сухан, ташнаи суҳбати духтараки оддӣ, рӯзноманигори навқалам аст. Ман натанҳо барои таманниёт, балки барои дарси бузурги инсонӣ ба назди ӯ рафта будам. Ин мулоқот ба ман нишон дод, ки фарҳангу маданият бо беморӣ ё солхӯрдагӣ аз байн намеравад, балки дар нигоҳи меҳрубон, табассуми ширин ва каломи пурҳикмати зан ҷой мегирад. Имрӯз аз он сӯҳбати самимӣ ва пур аз меҳр 17 сол сипарӣ гардид, вале дар назар гӯё дирӯзакак аст. Он дарси арҷгузорӣ ба зан, фарҳанг ва зебоии ҳаёт ҳамеша чароғи роҳнамои ман боқӣ мемонад.

Нақши зани бофарҳанг дар ҷомеа аз нақши як иҷрокунандаи оддӣ берун аст. Онҳо меъморони ахлоқӣ ва фарҳангии ҷомеа мебошанд. Зани бофарҳанг, мисли Озод Аминзода, нури ҳикмат ва зебоии табиатро дар қалби инсонҳо инъикос мекунад. Вай бо сухан, ҳидоят ва фазилати худ таҳаввулоти ҷомеаро на бо қувваи ҷисмонӣ, балки бо қудрати андеша ва рӯҳ роҳнамоӣ месозад. Ин занон тавассути садоқати касбӣ ва меҳри модарона ба пешрафти наслҳо мусоидат карда, кафолати он мешаванд, ки таҳаввулоти иҷтимоӣ на танҳо моддӣ, балки аз лиҳози маънавӣ ва фарҳангӣ ғанӣ бошад.

 

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”