Дар соли ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи вилоятии "Ҳақиқати Суғд" бо ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров қадрдонӣ шуд. Аз ин лиҳоз, чанде аз чеҳраҳои намоёни вилоят фикру назари худро ба муносибати ин дастоварди нашрия баён доштанд.

Биҳоҷал РАҲИМОВА, ходими ҳизбиву давлатӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон:

- Давлате абарқудрат ва мустаҳкам шуда метавонад, ки агар матбуот ва воситаи ахбори оммаи фаъолу соҳибмақом дошта бошад. Дар давлати сулҳофарини мо, Тоҷикистони азиз матбуот аз даври қадим то ҳол, хосатан яке аз рӯзномаҳои қадимтарин - «Ҳақиқати Суғд», ки ҳанӯз моҳи марти соли 1930 ба фаъолият шурӯъ карда буд, дар байни халқ мақоми хоса дорад.

Бо ин рӯзномаи бонуфуз аз он айёме, ки масъулони ҳизбиву давлатӣ ва арбобони ҷамъиятӣ ба корҳои идеологиву фарҳангӣ сарварӣ мекарданд, пайванди зич дошт. Ба дарки маънии воқеаҳо сарфаҳм рафта, ҳамагон мефаҳмиданд, ки рушди ҷомеа аз фаъолияти озоду созандаи матбуот ва воситаҳои ахбори омма вабастагии комил дорад. 

Рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» (ҳоло «Ҳақиқати Суғд») аз аввалин рӯзҳои таъсисёбӣ маркази хабаррасонӣ ба аҳолӣ, маркази рушди иқтисодӣ ва инъикосгари воқеаҳои сатҳи ҷумҳурӣ ба шумор мерафт. Натанҳо зиёиён, балки аксарияти аҳолӣ бар он ақидаанд, ки давлату халқ бе матбуоти солим вуҷуд дошта наметавонад. Дар давраҳои мухталифи таърихӣ ва замонҳои муташанниҷ ин рӯзнома вазифаи роҳнамо, роҳбар ва пешбарандаи ҷомеаро бар дӯш дошт.

Аз давраи мавҷудияташ то ин дам муҳаррирону қаламкашони бисёре дар ин нашрия фаъолият бурдаанд. Баъди соҳибистиқлолии давлат ва иваз гардидани номи вилоят, рӯзномаи вилоятӣ низ номи худро ба «Ҳақиқати Суғд» иваз намуда, рисолати таърихии хешро бо шукӯҳу шаҳомати бештар идома дод. Рӯзнома ҳамеша сарчашмаи асосии хабаррасонӣ барои аҳолӣ буд ва ҳаст. Дар давраҳое, ки на ҳама хонадон телевизор ё радио дошт, рӯзномаи мазкур ҷаридаи рӯимизии ҳар як оила, муассисаҳои таълимиву табобатӣ ва корхонаҳои саноатӣ маҳсуб меёфт. Баррасии қонуну қарорҳо, навовариҳо ва воқеаҳои ҷаҳону дохили кишвар маҳз аз саҳифаҳои «Ҳақиқати Суғд» ба хонандагон мерасид.

Махсусан, дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ ва баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони рӯзнома сарбаландона вазифаи хешро иҷро намуда, масъалаи ваҳдату сулҳро пайгирӣ карданд. Дар он рӯзҳои тақдирсоз, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлатро бар дӯш гирифта, кишварро ба сӯи сулҳу ваҳдат раҳнамун сохтанд, рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» пайваста ҳадафҳои созанда ва идеяҳои ваҳдатофарини Сарвари давлатро ба мардум мерасонид.

Имрӯз, дар остонаи ҷашни бузурги миллӣ 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти чандинсолаи ҳайати эҷодии нашрия боз як марҳилаи дурахшонро соҳиб шуд. Барои саҳми беназир дар инъикоси таъриху фарҳанги миллат, тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ, муаррифии дастовардҳои давлати соҳибистиқлол ва хидмати содиқона ба халқу Ватан, рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» ба гирифтани Ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мушарраф гардид. Ин Ҷоизаи олиқадр эътирофи баланди меҳнати шабонарӯзӣ ва фидокоронаи аҳли қалами нашрия мебошад.

Ҳоло аҳли қалами рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» ҳамчун нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти сарварии инсони дурандешу меҳанпараст Аминҷон Шарифзода набзи зиндагии мардум ва пешрафти соҳаҳои мухталифро мӯшикофона ба риштаи қалам мекашанд. Гирифтани Ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро ба ҳамаи кормандон, собиқадорон ва хонандагони рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» муборакбод гуфта, ба аҳли қалами нашрия умри дароз, тани баофият ва қалами ҳамешасабзу созанда таманно дорем!

Карамулло ОДИЛОВ, собиқадори ҳизбу хизмати давлатӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон, узви ИЖТ:

- Рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» нашрияест, ки қариб як аср боз ба мардуми вилояту кишвар ҳамчун як васоити ахбори ҳақиқатнигор хабарҳои муҳимро дастрас менамояд. Чанде қабл ҷашни 95-солагии таъсисёбии ин нашрияи бонуфузи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида буд ва дар арафаи он аҳли адабу хонандагони сершумори ин рӯзнома доир ба хизматҳои шоёни қаламкашони ин даргоҳ меҳрномаҳои хешро ирсол карда буданд ва банда низ як мақолаи худро бо номи «Нашрияи ҳақиқатнигор» пешниҳод карда будам, ки он ба китоби ҷашнии ин рӯзнома ворид гардидааст.

Солҳои тӯлонӣ бо аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» ҳамкорӣ дорам ва мушоҳида мешавад, ки дар ин даргоҳи муқаддас рӯзноманигорони ба касби худ содиқу соҳибтаҷриба фаъолият намуда, тарбияи наслҳои ҷавонро барояшон касб намуданд. Мактаби бузурги устодони соҳибтахассусро хуб омӯхтани рӯзноманигорони ҷавони ин нашрия яке аз омилҳои асосии пешсафии он дар байни дигар воситаҳои ахбори умум мебошад.

Дар арафаи ҷашни 35 - солагии соҳибистиқлолии давлати биҳиштосои тоҷикон сазовор гардидани нашрияи дӯстдоштаи мо ба Ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳам подоши заҳматҳои ватанхоҳонаи аҳли эҷоди ин муассиса буда, боварии комил дорам, ки ходимони рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» дар оянда низ ҷиҳати тарғибу ташвиқи сиёсати дурандешонаи Пешвои муаззами миллат ва ба мардум расонидани ахбороти дақиқи амалишавии корҳои ободонию созандагӣ дар минтақаҳои вилояту кишвар пешсафиро аз даст намедиҳанд.

Академик Бобоҷон Ғафуров, ки худ фарзанди барӯманди тоҷик ва соҳиби асарҳои мондагори таърихӣ буд, ҳамеша ба нақши матбуот ва маърифатнокии ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа медод. Сазовор гардидани рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» ба Ҷоизаи ба номи ин олими бузург гувоҳи он аст, ки нашрия алоқамандии худро бо таърих, фарҳанг ва замони нави созандагӣ комилан ҳифз кардааст.

Бори дигар, аҳли эҷоду мухлисони рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд»-ро бо мукофоти арзанда шодбош гуфта, барояшон барору комёбиҳоро дар ҳама ҷабҳаҳои кору зиндагӣ таманно дорам.

Шуҷоат ҲАСАНОВА, ходими давлатию ҷамъиятӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати сеюм):

- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш ҳамеша аҳли фарҳанг ва аҳли қаламро хазинаи тиллоии миллат номида, ба нақши воситаҳои ахбори омма дар ташаккули афкори ҷомеа ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд. Дар ин роҳ матбуоти давлатӣ чун оинаи поку беғубори дирӯзу имрӯз ва фардои кишвар масъулияти бузургро бар дӯш дорад.

Дар рӯзҳое, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз дар остонаи ҷашни бузурги миллӣ, яъне 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, сазовор гардидани рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» ба Ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров воқеан ҳам боиси ифтихор ва  сарфарозии  аҳли ҷомеа ва аҳли қалам мебошад.

Таърихи ин нашрияи маъруф гувоҳ аст, ки аз нахустин рӯзҳои фаъолияти хеш, ки аз моҳи марти соли 1930 оғоз меёбад, рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» чун чароғи маърифат ва равшангари майдони афкори омма хизмат кардааст. Аз муҳаррири нахустини он Муҳаммадҷон Ҳасанов ва устодони соҳибноми соҳа чун Ҳоҷӣ Содиқ, Усмон Тоҷибоев, Ғуфрон Рустамов, Файзулло Атохоҷаев, Мазбут Воҳидов, Саодат Каримова ва дигар зиёиёни асил сар карда, ҳамагон дар тарбияи насли ҷавон ва густариши маънавиёти мардум саҳми босазо гузоштаанд.

Ҳамчунин, рӯзнома алоқамандии худро бо муассисаҳои илмиву таълимӣ, махсусан Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамеша нигоҳ медорад. Маҳфилҳои адабӣ ва саҳифаҳои нашрия чун мактаби бузург хизмат намуда, дар ин муҳит донишҷӯёни навқаламу мухбирони ҷавон таҳти роҳбарии устодони забардаст маҳорати эҷодии хешро сайқал дода, баъдан дар ташаккули рӯзноманигории касбии кишвар саҳмгузор шудаанд.

Имрӯз, сазовор гардидани рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» ба Ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров нишони эътирофи баланд ва қадрдонии хизматҳои бисёрсолаи ҳайати  эҷодӣ дар самти нигоҳдории хотираи таърихӣ, таҳқиқи мероси ниёгон, муаррифии тамаддуну фарҳанги миллӣ ва тарғиби ғояҳои созандагии Ватан мебошад.

Саҳифаҳои рӯзнома пайваста бо мақолаҳои таҳлиливу таърихӣ дар бораи хизматҳои фарзандони барӯманди миллӣ бой гардонида мешаванд. Дар шароити кунунӣ, ки таҳти роҳбарии оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба сӯи қуллаҳои нав ба нави пешрафт қадам мезанад ва корҳои азими бунёдкорӣ ва таҳкими сиёсати хориҷии кишвар ҷараён доранд, рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» ҳамчун нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд рисолати шарафманди хешро идома дода, набзи зиндагии мардум ва муваффақиятҳои кишварро амиқ инъикос менамояд.

Нашрияро ҳамқадами замон номидан айни муддаост, зеро дар баробари саҳифаҳои чопӣ, бо воситаҳои нави иттилоотӣ низ кормандони нашрия афкори созандаро паҳн мекунад. Имрӯз рӯзнома тавассути сомонаи расмии худ ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ тамоми гузоришҳои худро зуд ва баландсифат ба хонандагон мерасонад.

Бо ин муносибати фарахбахш кулли кормандон, собиқадорон ва муштариёни рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд»-ро самимона шодбош гуфта, ба аҳли қалам дар роҳи хизмат ба Ватан ва пешрафти Тоҷикистони азиз парвози баланди эҷодӣ хоҳонам.

Абдуҳаким ШАРИФОВ, собиқадори хизмати давлатӣ, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров:

- Ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба аҳли эҷоди рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” дар соли ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан амри қонунӣ ва эътирофи баланди хизматҳои ин нашрияи муътабор дар саҳифанигории таърихи нави миллат мебошад. Ин шарафи бузург баҳонае шуд, ки роҳи тайкардаи ин фарҳангкада ва пайванди маънавии худро бо он бори дигар варақ занам.

Пайванди ман бо “Ҳақиқати Ленинобод” (ҳозира “Ҳақиқати Суғд”) таърихи беш аз 60 сола дорад - амиқтар гӯем, аз ҳамон даврае оғоз меёбад, ки нав хату савод бароварда будам. Дар он солҳо, ки радио ягона воситаи иттилоърасонӣ буд, рӯзнома нақши манбаи аслии навгониҳо, сарчашмаи адабиёту публитсистика ва оинаи ҳақиқатро мебозид. Робитаи ман бо ин рӯзнома дар давраи донишҷӯиам дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шакли касбӣ ва амиқтар гирифт. Ҳар боре ба Китобхонаи ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ мерафтам, мутолиаро маҳз аз саҳифагардонии бастаҳои “Ҳақиқати Суғд” оғоз мекардам. Хабари бағоят муҳими давлатӣ азнавтаъсисдиҳии вилояти Ленинободро низ бори аввал аз ҳамин саҳифаҳо хонда, бо як олам нишоту ифтихор ба ҳамкурсон мужда расонида будам.

Бо гузашти солҳо, фаъолияти ман дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят (дар вазифаи мудири шуъбаи масоили иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа) ин ҳамкориро ба сатҳи наву фарохтар бардошт. Шуъбаи мо, ки масъулияти ташаккули мафкураи ҷомеа ва тафаккури нави сиёсиву фарҳангиро бар дӯш дошт, дар симои “Ҳақиқати Суғд” сангтарини сангар ва боэътимодноктарин ҳампаймонро медид. Дар солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ, маҳз “Ҳақиқати Суғд” дар тарғиби андешаи созандагӣ ва худшиносии миллӣ мақоми пешсафиро нигоҳ дошт. Рӯзнома на танҳо хабар мерасонд, балки шуури ҷамъиятиро бедор мекард, мардумро ба дарки замони нав ва масъулият атрофи тақдири Ватан даъват менамуд.

Имрӯз, ки аҳли эҷоди рӯзнома зери роҳбарии Аминҷон Шарифзода фаъолияти фидокоронаи худро давом медиҳанд, сазовор гардидан ба Ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров муборакбодии самимии маро меафзояд. Ин ҷоиза эътирофи он аст, ки “Ҳақиқати Суғд” ҳамоно пайгири ғояҳои таърихнигорӣ ва ватандории забардастони миллат мебошад. Тамоми кормандони рӯзномаро бо ин дастоварди таърихӣ муборакбод гуфта, дар роҳи хизмат ба рушду нумӯи Тоҷикистони мустақил ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ зафарҳои нав ба нав таманно дорам!

Назира ҒАФФОРӢ, ходими давлативу ҷамъиятӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон(даъвати чорум), собиқ муовини Раиси вилоят, профессори ДДҲБСТ:

- Матбуот нерӯи маънавибахши ҷомеа ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рисолати матбуот таъкид намудаанд: «Матбуот – ҳамқадами ҳаёт ва ҷузъи хеле муҳиму ҷудонопазири ҷомеаи озоду демократии мо буда, дар таъмини фазои иттилоотӣ ба шаҳрвандон дар интихоби дурусти мавзӯъ ва дарёфти ҳақиқат имкониятҳои васеъ фароҳам месозад». Дар ин радиф маводи дар рӯзномаҳои даврӣ чопшаванда, яъне сухани чопӣ аҳамияти муҳими маънавигаро ва маърифативу тарбиявӣ доранд.

Яке аз чунин рӯзномаҳо нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» ба ҳисоб меравад. Боиси хушнудист, ки чанде пеш рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» ба муносибати 35-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷоизаи ба номи Бобоҷон Ғафуров қадрдонӣ шуд. Шоистаи таъкид аст, ки нашрия дар тӯли умри қариб якасраи худ ҳамчун минбари розу ниёз рисолати хешро ҷиҳати таҳлили амиқи вазъияти ҷомеа, ба мардум расонидани рӯҳу ҳадафҳои пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳнамоӣ кардани мардум ба корҳои ободониву созандагӣ, воқеъбинона инъикос намудани ҳодисаву рӯйдодҳо ва ифтихори баланди миллӣ фаъолият намуда, дар инъикоси пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азизамон, раванди бунёдкориву созандагиҳо ба истиқболи ҷашни муқаддаси миллиамон 35 - умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазои хешро мегузоранд.

Рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» дар ҳудуди вилоят дар таъмини иттилооти муҳим вобаста ба соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа нақши муассир дорад. Дар саҳифаҳои рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» маводи пурмӯҳтаво, мақолаҳои таҳлилӣ ва раҳнамунсоз дар бораи ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалишавии ҳадафҳои стратегии пешрафти кишвар, аз ҷумла таъмини истиқлоли комили энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, саноатикунонии босуръати кишвар, татбиқи стратегияву барномаҳои давлатӣ, дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии кишвар, тадбирҳои андешидаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум чоп шуда, хонандагонро бо набзи имрӯзи диёр ошно месозанд.

Бо камоли сарфарозӣ рӯзноманигорон, аҳли қалами нашрияи «Ҳақиқати Суғд»-ро дар соли ҷашни бузурги миллӣ бо Ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шарафёб гардиданашон самимона табрик мегӯям ва барояшон сиҳатмандии комил, саодати зиндагӣ, хомаи созандаву тез ва фатҳи қуллаҳои баланди эҷодиро таманно менамоям.

Ҳоҷӣ Ҳусайн МӮСОЗОДА, раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд, номзади илмҳои филологӣ:

- Хушнуд аз он ҳастем, ки бахшида ба 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» ба гирифтани Ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мушарраф гардид, ки ин дастоварди бузург аст. Матбуот чун чашми бинои ҷомеа ва дили огаҳи миллат дар рушди илму маърифат, ташаккули афкори умум ва баланд бардоштани маънавиёти мардум нақши беназир дорад. Дар ин пай пайроҳаи шарафманд рӯзномаи мардумӣ ва бонуфузи «Ҳақиқати Суғд» мақоми хосса ва таърихӣ касб намудааст.

Сазовор гардидани ин нашрияи кӯҳанбунёд ба Ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар остонаи таҷлили 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати эътирофи хизматҳои содиқонаи аҳли қалами он дар роҳи афзудани маърифату худшиносии миллӣ мебошад. Ин қадрдонии баланд нишони эҳтироми ҷомеа ба таърихи бой ва рисолати созандаи нашрияест, ки аз 25-уми марти соли 1930 инҷониб бо номҳои «Роҳи колхозчӣ», «Колхозчӣ», «Пролетари Хуҷанд», «Большевики Хуҷанд», «Бо роҳи ленинӣ», «Стахановчӣ» ва «Ҳақиқати Ленинобод» ҳамқадами замон ва тарҷумони ҳаёти мардум буд ва имрӯз низ бо номи ифтихории «Ҳақиқати Суғд» ба хонандагонаш содиқона хизмат мекунад.

Саҳифаҳои рӯзнома ҳамеша оинаи равшани адолату афкори ҷомеа ва инъикоскунандаи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ин нашрияи муътабар, ки ҳафтае се маротиба ба дасти хонанда мерасад, рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро аз аввалинҳо шуда, ба таври дақиқу саривақтӣ манзури ҳамватанон мегардонад.

Таърихи 95 солаи нашрия гувоҳ аст, ки «Ҳақиқати Суғд» дар таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи мероси пурарзиши илму маърифат ва тарғиби арзишҳои волои фарҳангӣ саҳми назаррас гузоштааст. Он пайванди гузаштаву имрӯз ва чароғи роҳнамо ба сӯи фардои дурахшон буда, дар самти нигоҳдории хотираи таърихии миллат ва густариши афкори аллома Бобоҷон Ғафуров фаъолияти чашмрас дорад.

Имрӯз, дар давраи рушди азими созандагӣ ва ободонии кишвар, рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» ҳамчун нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд набзи ҳаёти мардум ва муваффақиятҳои мамлакатро амиқ инъикос намуда, ба насли ҷавон дарси ватандӯстию хештаншиносӣ медиҳад. Дар остонаи ҷашнҳои муқаддаси миллӣ ва мукофоти нави маънавӣ, ба тамоми аҳли эҷоду кормандони рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» умри дарози пурсамар, қалами бурро, парвози баланди эҷодӣ ва дар роҳи хизмат ба Ватану миллат зафарҳои нав ба нав таманно дорем.

Матлубаи  МИРЗОЮНУС, профессор,  Корманди шоистаи Ҷумҳурии  Тоҷикистон:

- Агар ба таърихи матбуоти тоҷикӣ як назар андозем, маълум  мешавад, ки шумори хеле  ками  нашрияҳо қариб сад  сол фаъолият дошта, дар бедории  мардум ва  тарбияи сиёсиву иҷтимоӣ ва  ахлоқии  онҳо саҳм гирифта  бошад. Рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» аз ҷумлаи ҳамин гуна нашрияҳоест, ки дар тӯли фаъолияти қариб якасраи худ то имрӯз ҳамчун минбари иттилоотӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии мардуми Суғд хизмат карда, дар инъикоси рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии минтақа, дар ҳаёти  маънавии ҷомеа нақши назаррас дорад.

Дар ин даргоҳи соҳибэътибор шахсиятҳои  маъруфи  адабиёти мо Раҳим Ҷалил, Аминҷон Шукӯҳӣ, Муҳиддин Аминзода, Ҳоҷӣ Содиқ, Хайринисо Муҳиддинова, Қодир Наимӣ, Озод Аминзода, Қурбон Алӣ,  Аҳмадҷон Раҳматзод, Фарзона ва дигарон кор карда, як силсила осори  арзишманди худро дар  саҳифаҳои он ба табъ расонидаанд. Ин  устодони соҳибмактаб  дар  тайёр  кардани кадрҳои хуби журналистӣ ва адабӣ низ саҳм гузоштаанд. Дар  солҳои 90-уми садаи бистум  кам ва норасо будани кадрҳои рӯзноманигорӣ дар  вилоят эҳсос мешуд, вале ҳоло мебинем, ки тамоми нашрияҳои чопиву электронӣ бо мутахассисони соҳибқаламу соҳибназар таъмин ҳастанд. Агар аз як  тараф, дар ин кор хидмати  кафедраи журналистикаи Донишгоҳи  давлатии Хуҷанд ба  номи академик Бобоҷон Ғафуров бошад, аз ҷониби дигар мактаби  таҷрибаи ҳамин нашрия буд, ки  садҳо донишҷӯён аз он  баҳравар шуда, қалами худро сайқал доданд, ҳамчун  рӯзноманигори  касбӣ ташаккул ёфтанд.

Кормандони соҳибобрӯи рӯзнома ба ғайр аз  кори асосии худ,  вақт ҷудо  карда, солҳо ба донишҷӯёни  мо дарс  медоданд, ки дар миёни онҳо номҳои Сайидамин Ҷило, Карим Шариф, Саодатбону Каримова, Мухтори Абдулло ва дигаронро  бо  сипосу  ифтихор метавон  ном  бурд. Айни ҳол дар ин даргоҳи маънавибунёд даҳҳо нафар хатмкардагони шуъбаи  рӯзноманигории донишгоҳи мо хеле пурсамар кор мекунанд. Шоир ва рӯзноманигор Сурайё Ҳакимова, ки ҳоло вазифаи муовини сардабири ин рӯзномаро ба ӯҳда дорад, низ ба донишҷӯён дарс  мегӯяд.

Гузашта аз ин ӯ дар бораи фаъолияти нашрияи мазкур китоби  арзишмандеро навишта, таърихи ин нашрияро дар матбуоти тоҷик ҳамешагӣ сабт намуд.

Шогирдони дигари мо Гулҷаҳон Турсунова, Маъмурахон Самадова, Роҳатхон Эшонова, Шаҳбону Олимова, Нодир Турсунов, Манзура Бахтиёрзода, Суҳроб Отаев ва дигарон низ аз рӯзноманигорони муваффақи ҳамин нашрия ва вилоят ҳастанд, ки  бо навиштаҳои хуби худ обрӯву эътибор ёфтаанд.

Ба  ин нашрияи маҳбуби хонандагон, ки имрӯз сарварии  онро рӯзноманигори хушзавқ ва  инсони дилёб Аминҷон Шарифзода  бар ӯҳда доранд ва ба шарофати кордонии эшон рӯзнома ба шоистагӣ мукофоти олии вилоятро дарёфт кард, дар идомаи кори пурзаҳмат барору комёбӣ орзумандам.  

Мусоҳибон

Шаҳбону ОЛИМОВА,

Файзуллохон ОБИДОВ,

“Ҳақиқати Суғд”