Замони муосир ва ташаккули фазои нави иттилоотӣ дар назди матбуоти даврӣ талаботу меъёрҳои тоза гузошт. Бо пайдоиши интернет ва афзоиши суръати паҳншавии ахбор, хонандаи имрӯз хоҳони дастрасии фаврӣ ва босифати хабарҳо дар ҳамон лаҳзаи рух додани воқеа гардид. Дар чунин шароит, рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» низ аз канор намонда, бо ворид шудан ба фазои рақамӣ марҳилаи нави рушди худро оғоз намуд. Ин раванд имкони беназиреро фароҳам овард: муттаҳид сохтани таҷрибаи қариб садсолаи журналистикаи классикӣ бо имкониятҳои бепоёни технологияҳои муосир.

Яке аз афзалиятҳои муҳими ин навсозӣ — таъсиси сомонаи нави расмии рӯзнома мебошад, ки аз сифр ва мутобиқ ба талаботи журналистикаи рақамӣ таҳия шудааст. Он дигар танҳо нусхаи электронии рӯзномаи чопӣ нест, балки ба муҳити мукаммал ва фарогири иттилоотӣ табдил ёфтааст. Сохтори мураттаби сомона ва бахшҳои алоҳида барои сиёсат, иқтисод, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, илм ва маориф ба хонанда имкон медиҳанд, ки бидуни сарфи вақт маводи дилхоҳашро пайдо кунад. Муҳимтар аз ҳама, низоми ҷустуҷӯ ва бойгонии рақамӣ арзиши таърихии ин нашрияро барои муҳаққиқон, донишҷӯён ва насли нав бештар мегардонад.

Таҳлили боздидҳо нишон медиҳад, ки таваҷҷуҳи аудитория танҳо ба хабарҳои рӯзмарра маҳдуд намешавад, балки мақолаҳои таърихӣ низ рақамҳои рекордӣ (беш аз 18 ҳазор боздид)-ро соҳиб шудаанд. Инчунин, фазои маҷозӣ сарҳадҳои ҷуғрофиро аз байн бардошт: маводи нашрия имрӯз натанҳо ба сокинони вилояти Суғд, балки ба ҳазорон ҳамватанони бурунмарзӣ низ дар гӯшаву канори дунё дастрас буда, сомонаро ба як пули боэътимоди иттилоотӣ миёни диёр ва ҷаҳон табдил додааст.

Хушбахтона, аз сомонаи расмии рӯзнома аз рӯзи таъсисёбиаш, яъне аз соли 2011 то имрӯз қариб 2 миллиард нафар муштариву хонанда истифода бурдаву баҳра бардоштаанд. Баъди навсозии сомона зиёда аз 20 ҳазор нафар муштариён истифода намудаанд.

Дар шабакаи иҷтимоии инстаграми рӯзнома, ки ба муносибати 95-солагии рӯзнома таъсис дода шуд, ба ҳолати 1‐уми сентябри соли 2026 1 ҳазору 990 обуначӣ ба қайд гирифта шуд, ки ин шумора рӯз то рӯз афзоиш меёбад.

Дар шабакаи иҷтимоии фейсбукии рӯзнома, ки наздик ҳафт сол инҷониб амал мекунад, ба ҳолати 1‐уми сентябри соли 2026 4 ҳазору 20 дӯстони бақайдгирифта (обуначӣ) дорем. Муштариён аз гӯшаҳои гуногуни дунё, аз қабили кишварҳои Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Афғонистон, Қирғизистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Туркия, Эрон, Олмон, Покистон шомил мебошанд. Дар ин мамлакатҳо 12 фисади муштариёни бақайдгирифта дорем, ки онҳо пайваста бо рӯзнома ва маводи он ошно мешаванд. 88 фисади муштариёни бақайгирифтаи шабакаи фейсбукии рӯзномаро сокинони кишварамон ташкил медиҳанд.

Бештар аз 72 фисади теъдоди муштариёни рӯзномаи мо мардон буда, 28 фисадро бонувон ташкил медиҳанд. Аз рӯи синну сол бошад, 9,3 фисади мухлисонро аз кишварҳои мухталифи олам шаҳрвандони аз 18 то 24 сола, 32,1 фисадро аз 25 то 34 сола, 31,7 фисадро аз 35 то 44 сола ва 26,9 фисадро шахсони аз 45 сола боло ташкил медиҳанд.

Дар давоми се моҳи охир теъдоди он нафароне, ки вориди шабакаи иҷтимоии рӯзнома шудаву бо муҳтавои он ошно шудаанд, зиёда 1 миллион нафарро ташкил додааст.

Ҳамчунин видеорилс (видеоҳои кӯтоҳмуддат)-и моро ба хисоби миёна ба ҳар 1 видео 8000-10000 нафар тамошо мекунанд. Аз ҳама видео рилси сертамошои мо то ба 93 ҳазор тамошобин расидаасту рӯз то рӯз ин шумора зиёд шуда истодааст. Аз ҳама маводе, ки ба дӯстони мо дар фейсбук писанд омадааст, шуморааш ба зиёда аз 700 реакция рост меояд.

Instagram пеш аз ҳама муҳити визуалӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳузури «Ҳақиқати Суғд» дар ин платформа метавонад имконият диҳад, ки ҳаёти вилояти Суғд бо забони акс ва видео низ нишон дода шавад.

Суратҳои рӯйдодҳо, фоторепортажҳо, чеҳраҳои маъруф, манзараҳои шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилоят, лаҳзаҳои корӣ ва маводи кӯтоҳи видеоӣ метавонанд ба хонанда имкон диҳанд, ки воқеиятро на танҳо бихонад, балки онро бубинад ва эҳсос кунад. Ин махсусан барои насли ҷавон аҳамияти зиёд дорад. Зеро аудиторияи ҷавон аксар вақт иттилоотро на аз матни дароз, балки аз видеоҳои кӯтоҳ, аксҳо ва муҳтавои динамикӣ қабул мекунад.

Facebook бошад, барои пешниҳоди матолиби нисбатан муфассал ва ташкили робитаи васеътар бо аудитория имкониятҳои бештар фароҳам меорад.

Бартарии муҳими чунин платформаҳо дар он аст, ки хонанда танҳо қабулкунандаи иттилоот намемонад. Ӯ метавонад андешаи худро нависад, савол диҳад, маводро бо дигарон мубодила кунад ва ба муҳокимаи масъалаҳои муҳими ҷомеа ҳамроҳ шавад.

Яке аз самтҳои ҷолиби рушди саҳифаҳои иҷтимоии «Ҳақиқати Суғд» пайдо намудани шаклҳо ва рубрикаҳои нави пурмуҳтаво мебошад.

«Сарчашмаи илҳом» рубрикаест, ки ба ҷаҳони илҳом, адабиёт, фарҳанг, китоб, шахсиятҳои эҷодкор, андешаҳои арзишманд ва суханони бузургон равона шудааст. Мақсади он танҳо пешниҳоди маълумот нест. Ин рубрика бояд хонандаро ба андеша, мутолиа, омӯзиш, худшиносӣ ва эҷодкорӣ ҳидоят намояд.

«Сарчашмаи илҳом» метавонад барои ҷавонон, донишҷӯён, омӯзгорон, аҳли илму фарҳанг ва ҳамаи онҳое, ки ба китоб, дониш ва рушди шахсӣ таваҷҷуҳ доранд, як гӯшаи дӯстдошта гардад. Зеро баъзан як ҷумла, як китоб ё як зиндагиномаи инсон метавонад ба оғози як андешаи бузург табдил ёбад.

«Саҳифаҳои Ҳақиқат» як шакли кӯтоҳу динамикии пешниҳоди муҳтавои рӯзнома мебошад. Дар ин рубрика метавон муҳимтарин хабарҳо ва рӯйдодҳои шумораи нави рӯзномаро дар шакли бриф-видеоии тақрибан 20-сониягӣ пешкаши аудитория кард.

Хонанда дар чанд сония метавонад бо муҳимтарин мавзӯъҳои шумораи нав шинос шавад ва агар яке аз мавод барояш ҷолиб бошад, ба сомона ё нусхаи пурраи рӯзнома муроҷиат кунад. Ин усул ба талаботи хонандаи муосир ҷавобгӯ мебошад: кӯтоҳ, равшан, босуръат ва дорои маълумоти муҳим.

Дар баробари хабар, таҳлил ва маводи ҷиддӣ, журналистика метавонад ҷой барои табассум ва фароғат низ дошта бошад. «Ханда ё Ҳақиқат» метавонад чеҳраи сабуктар ва фароғатии саҳифаҳои иҷтимоии рӯзномаро муаррифӣ кунад.

Дар ин рубрика метавон ҳикояҳои кӯтоҳи ҳаҷвӣ, ҳолатҳои ҷолиби зиндагӣ, латифаҳои дорои мазмуни иҷтимоӣ, мушоҳидаҳои рӯзмарра, саволу ҷавобҳои шавқовар ва маводи кӯтоҳи танзомезро ҷой дод.

Дар фарҳанги журналистика ҳаҷв ҳамеша як воситаи муҳими инъикоси воқеият будааст. Бо ёрии он метавон баъзе камбудиҳо, одатҳои нодуруст ва падидаҳои манфии ҷомеаро бо забони содаву таъсирбахш нишон дод. Аз ин рӯ, «Ханда ё Ҳақиқат» метавонад табассум ва андешаро дар як муҳтаво ба ҳам оварад. Ҳамин омезиши ахбор, таҳлил, таърих, фарҳанг, маърифат ва фароғат метавонад саҳифаҳои иҷтимоии «Ҳақиқати Суғд»-ро барои доираи васеи хонандагон боз ҳам ҷолибтар гардонад.

Дар экосистемаи рақамии «Ҳақиқати Суғд» Telegram низ метавонад нақши махсус ва муҳим дошта бошад. Telegram пеш аз ҳама барои расонидани иттилоот ба хонанда бо суръати баланд мувофиқ аст.

Хабарҳои фаврӣ, эълонҳо, маводи нав ва дигар муҳтавои рӯзнома метавонанд мустақиман ба телефони хонанда расанд.

Аммо яке аз имкониятҳои ҷолиб барои аудиторияи рӯзнома ин дастрас намудани PDF-и шумораи омодашуда пеш аз ба чоп расидани нусхаи коғазӣ мебошад.

Хонанда дигар ҳатман интизор намемонад, ки шумораи нав аз матбаа баромада, ба нуқтаи фурӯш ё ба обуна расад. Агар нусхаи электронии шумора омода бошад, ӯ метавонад онро пешакӣ дар телефони худ мутолиа кунад.

Имрӯз «Ҳақиқати Суғд» дар остонаи асри нави фаъолияти худ қарор дорад. Асре, ки барои матбуот имкониятҳои нав ва ҳамзамон масъулиятҳои нав меорад.

Сомонаи нави рӯзнома, ҳузур дар Facebook ва Instagram, истифодаи Telegram, рубрикаҳои нав, муҳтавои видеоӣ ва дигар шаклҳои журналистикаи рақамӣ нишон медиҳанд, ки «Ҳақиқати Суғд» намехоҳад танҳо соҳиби таърихи бузург бошад. Он мехоҳад идомадиҳандаи фаъоли ин таърих бошад.

Имрӯз хонандаи «Ҳақиқати Суғд» дигар танҳо шахсе нест, ки шумораи чопиро ба даст мегирад. Ӯ метавонад аз телефон хабар бихонад, видеоро тамошо кунад, мақоларо дар сомона мутолиа намояд, андешаи худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ баён кунад ва ҳатто пеш аз расидани шумораи чопӣ нусхаи электронии онро дастрас намояд.

Шояд баъд аз чанд даҳсола муҳаққиқон шумораҳои имрӯзии «Ҳақиқати Суғд»-ро варақ зананд ва аз онҳо дар бораи замони мо маълумот пайдо кунанд. Онҳо хоҳанд дид, ки дар ибтидои асри рақамӣ рӯзнома чӣ гуна худро ба талаботи замон мутобиқ кард, чӣ гуна аз коғаз ба фазои рақамӣ гузашт ва чӣ гуна анъанаҳои 96-солаи худро ба насли нав расонд.

 Фурқатҷон Олимов,

«Ҳақиқати Суғд»