Дастури таълимӣ-методии нав таҳти унвони “Таърихи журналистикаи тоҷик” аз ҷониби нашриёти “Ношир” ба табъ расид. Муаллифи ин асар устоди кафедраи иттилоот ва технологияҳои робитавии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Абдуқодир Шехов мебошад.

Дастур фарогири маълумоти арзишманд оид ба заминаҳои таъсис, пайдоиш ва ташаккули нахустин нашрияҳои тоҷикӣ буда, барои донишҷӯёни факулта ва шуъбаҳои журналистикаи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва инчунин барои алоқамандони таърихи матбуоти тоҷик манбаи муфид мебошад.

Муаллиф зимни таҳия ва омода намудани китоб ба сарчашмаҳои гуногуни таърихӣ такя намуда, онҳоро мавриди омӯзиши амиқ қарор додааст. Қобили зикр аст, ки баъзе аз мавод ва нашрияҳои ибтидои асри ХХ бори аввал дар ин дастур мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор гирифтаанд.

Дар китоб таъкид мегардад, ки таърихи журналистикаи тоҷик дар оғози садаи ХХ марҳалаи ҳассосу муҳимро паси сар кардааст. Маҳз дар ҳамин давра нахустин нашрияҳои тоҷикӣ ва рӯзномаҳои дузабона ба нашр расида, барои рушд ва шаклгирии журналистикаи миллӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.

Ҳамзамон, дастури таълимӣ ба масъалаҳои марбут ба матбуоти ибтидои асри ХХ ва нақши он дар бедории фикрии ҷомеа равшанӣ андохта, аҳамияти таърихии ин давраро бозгӯ мекунад.

Ин асар метавонад дар баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявӣ ва таърихии донишҷӯён ва муҳаққиқони соҳаи журналистика саҳми арзанда гузорад.

Сурайё Ҳакимова,

“Ҳақиқати Суғд”