Ба истиқболи 100-солагии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд метавон аз як асри пурпечутоби талош, ҷустуҷӯ ва посдории ҳувияти миллӣ ёд кард. Ин муассисаи фарҳангӣ, ки имрӯз дар маҷмааи таърихии Қалъаи Хуҷанд фаъолият дорад, аз рӯзҳои нахуст ҳамчун маркази гирдоварӣ, ҳифз ва муаррифии осори таърихиву фарҳангии шимоли Тоҷикистон нақши бориз бозидааст.
Дар оғози солҳои 30-юми асри ХХ масъалаи ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ дар сатҳи давлатӣ матраҳ гардида, қарорҳои махсуси ҳукуматӣ барои ба қайд гирифтан ва муҳофизати мероси моддиву маънавӣ заминаи ҳуқуқии таъсиси осорхонаҳоро фароҳам оварданд. Ҳамин замина боис шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд осорхонаи кишваршиносӣ таъсис ёбад.
Аввалин толори намоишӣ дар бинои таърихии Масҷиди ҷомеи Шайх Муслиҳиддин ҷойгир шуд. Шароити он солҳо, ки на ҳамеша ба талаботи нигоҳдории осори нодир ҷавобгӯ буд, кормандони ҷавон ва дилсӯзи осорхонаро водор месохт, то бо имконоти маҳдуд ҳам ганҷинаро ҳифз намоянд. Бо вуҷуди мушкилот, ҷамъоварии бозёфтҳо босуръат идома ёфт ва то миёнаи солҳои 30-юм шумораи онҳо ба ҳазорҳо адад расид.
Ҳамкориҳои илмӣ бо мутахассисони шаҳрҳои бузурги илмии Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла бо пажӯҳишгарони Эрмитаж, ба болоравии сатҳи илмии осорхона мусоидат кард. Ин раванд имкон дод, ки аввалин маҷмуаҳои илмӣ ва иттилоотӣ оид ба таъриху табиати минтақа таҳия ва нашр шаванд.
Марҳалаи рушд, аз ҳафриёт то таҷдиди намоиш
Аз солҳои 60-ум фаъолияти илмӣ ҷиҳати тоза гирифт. Бо ҷалби устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров корҳои ҳафриётӣ ва пажӯҳишҳои саҳроӣ вусъат ёфтанд. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ашёи мардумшиносӣ ва намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ фонди осорхонаро ғанӣ гардониданд.
Дар охири солҳои 70-ум бо назардошти талаботи нави намоишсозӣ толорҳо аз нав тарҳрезӣ гардиданд. Ҳунармандони маҳаллӣ бо кандакорӣ ва ороишоти миллӣ ба толорҳо рӯҳи тоза бахшиданд. Намоиши нав бо услуби муосир ва мазмуни ғанӣ соли 1978 ба истифода дода шуд ва осорхона ба яке аз марказҳои фаъолтарини фарҳангии минтақа табдил ёфт.
Даҳсолаи аввали истиқлол барои осорхона давраи озмоиш буд. Тағйироти сиёсиву иҷтимоӣ боиси кӯчидани чандинкаратаи осорхона гардид. Дар ин раванд бархе аз нигораҳо осеб диданд, аммо иродаи кормандон барои ҳифзи мерос суст нашуд. Ниҳоят, оғози асри XXI бо бунёди бинои нав марҳалаи тозаеро дар таърихи осорхона оғоз кард.
Бинои имрӯза, ки дар паҳлӯи Қалъаи таърихии Хуҷанд қомат афрохтааст, бо толорҳои барҳаво ва шароити муосири нигоҳдорӣ имконият фароҳам меорад, ки ҳазорҳо нигора аз ашёи давраи қадим то осори замони муосир ҳифз ва муаррифӣ шаванд. Айни замон фонди осорхона беш аз бист ҳазор адад экспонатро дар бар мегирад ва фаъолияти он тавассути чанд шуъбаи илмӣ ба роҳ монда шудааст.
Осорхона - мактаби худшиносӣ
Имрӯз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд макони омӯзиш, таҳқиқ ва муколамаи фарҳангҳост. Ин ҷо таърихи куҳани Суғд, тамаддуни шаҳрсозии Хуҷанд, расму ойинҳо, ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои даврони муосир дар як риштаи пайваста ба намоиш гузошта мешаванд.
Фаъолияти якасраи осорхона гувоҳ аст, ки ҳифзи мероси гузаштагон рисолати ҷомеа мебошад. Осорхонаи таърихии вилояти Суғд чароғи маърифат, посбони хотираи таърихӣ ва пайвандгари гузаштаву имрӯз аст.
Сурайё Ҳакимова,
“Ҳақиқати Суғд”




