Дар нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд маҷмӯаи тозаи ашъори шоири соҳибқалам Ҳасани Мавлон бо номи «Гули гелос» аз чоп баромад. Китоби мазкур, ки дар ҳаҷми 124 саҳифа ва бо теъдоди 200 нусха ба табъ расидааст, 240 рубоиву дубайтиро фаро мегирад.

Ин абёт дар солҳои гуногун эҷод шуда, назару ҷаҳонбинии шоирона, андешаҳои ҳикматнок ва фалсафии муаллифро оид ба зиндагӣ, инсон, арзишҳои маънавӣ ва зебоиҳои олами атроф инъикос мекунанд.

Шоир бо сухани бадеъу зебо паҳлӯҳои гуногуни ҳаётро таҳлил намуда, хонандаро ба андешаронӣ даъват менамояд. Маҷмӯаи «Гули гелос» туҳфаи арзандаест барои ҳаводорони шеъри ноб ва каломи бадеъ.

Сурайё Ҳакимова,

“Ҳақиқати Суғд”