Фаъолияти ҷамъиятии Маркази фарҳангии русзабонҳои вилояти Суғд «Анастасия» хеле густурдаву фарох буда, он аз расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба аҳолии ниёзманд, ташкилу гузаронидани урфу одатҳои миллии ҳамватанони эҳтиёҷманд, омӯзонидани забонҳои англисӣ ва русӣ ба толибилмони макотиби тоҷикӣ иборат мебошад.

Ҳамчунин, кормандони Марказ ба таври мунтазаму доимӣ аз ҳолу аҳволи бошандагони Хонаи пиронсолону маъюбон дар шаҳри Хуҷанд, Хонаи кӯдакон, Хонаи маъюбони деҳаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов хабар гирифта, кӯмаки худро дареғ намедоранд. Дирӯз дар Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд бо ибтикори муассис ва роҳбари Маркази фарҳангии русзабонҳои вилояти Суғд, узви Шӯрои ҷамъиятии вилоят, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Надежда Кондратевна Леонтева маҳфили фарҳангӣ таҳти унвони «Таронаҳои рӯҳнавоз» доир карда шуд. Бошандагони Марказ ин занро монанди дӯсти содиқ, роздону ҳолдони наздики худ мешиносанд ва ҳурмату эҳтиром менамоянд.

Зеро ин бонуи кордону ташкилотчӣ беш аз сӣ сол инҷониб аз ҳолу аҳволи бошандагони ин Марказ хабар гирифта меистад. Барои бошандагон дастархони идона ороста, кулича, тухмҳои рангдодашуда ва анвои шириниҳои қаннодӣ пешкаш карда шуданд. Ҳамроҳи Н. Леонтева ҳамчунин волонтёрони Маркази фарҳангии русзабонҳо Лариса Абдуллаева ва Олга Канеева иштирок доштанд. Маҳфил, ки ба иди православии Пасха ва ба истиқболи иди Fалаба бахшида шуда буд, суруду таронаҳо рӯҳнавоз, бадеҳаҳо дар ситоиши падар, модар, Ватан, шукри тинҷиву сулҳу субот, ҳамчунин сурудҳои айёми ҷанг «Катюша», «Ден Победы», «Тёмная ночь», «Вдовы» бо эҳтирос хонда шуданд, ки ҳамаашон мувофиқи талаби бошандагони Марказ буданд. Ва аз ин маҳфили дилангез табъи бошандагони Марказ хеле болида гардид. Дар сари дастархони идонаи пурнозу неъмат суҳбати самимона бо бошандагони Марказ то дер идома ёфта, сипас волонтёрон аз ҳоли он бошандагоне, ки дар маҳфил ширкат карда натавонистанду бемори бистарианд, хабар гирифта, сӯҳбат оростанд.

Маъмурияти Марказ ин иқдоми Маркази фарҳангии русзабонҳоро хеле шоиста шуморида, изҳори сипосмандӣ намуданд ва иброз доштанд, ки дар рӯзҳои иди Fалаба низ бошандагон албатта, интизори шумоён мешаванд.

Ҷоиз ба қайд аст, ки бо супоришу дастгирии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва кӯмаку ғамхории доимиву ҳамаҷонибаи мақомоти иҷроияи шаҳри Хуҷанд Маркази пиронсолону маъюбон сол аз сол ободтар гардида истодааст. Имрӯзҳо, дар арафаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин даргоҳ ба маънои томаш ороста, шукуфо, пероста гаштааст.

Саҳни марказ, ҳуҷраҳои зисти бошандагон, дигар иншооти ёрирасон ҳама аз таъмири куллӣ бароварда шудаанд. Дарахтони азими мевадору сояафкан ба симои ин даргоҳ ҳусни тоза бахшидааст. Кати кандакоришудаву шипанг, ки зери сояи дарахтон гузошта шуда ва кӯрпачаҳои зебо густурда шудаанд, ин маконро ба мавзеи дамгириву оромиши рӯҳу қалби бошандагон табдил намудаанд. Роҳравҳо, саҳни ин даргоҳ ороста гардида, барои истиқомати муътадили бошандагон тамоми шароит муҳайё карда шудааст. Дар ҳар ҷо - ҳар ҷо нишастгоҳҳои атрофашон гулпӯш гузошта шуда, бошандагон метавонанд соатҳо нишаста, роҳу кӯчаҳоро тамошо кунанд. Тавре сарҳамшираи Марказ Зумрад Юсуфова иброз дошт, дар ин даргоҳ панҷоҳу ҳафт нафар бошандагон буда, асосан онҳоеанд, ки бе хонаю дар мондаанд, бефарзанданд. Ба бошандагон ҳамшираҳои шафқати меҳрубону мӯнис ғамхорона муносибат менамоянд ва баҳри будубоши оромонаи онҳо хизмати беминнат мекунанд.

Дар маҷмуъ, касе ба ин даргоҳ қадам мегузорад, эҳсос менамояд, ки гӯё ба гулбоғи сабзу хурраму баҳористон ворид шуда бошад, баҳри дилаш кушода мегардад. Бошандагони он мегӯянд, ягон эроде нест, ки гуфта тавонем, танҳо як дард дорем, дурӣ аз пайвандон…

 

Рафоат МӮЪМИНОВА,

«Ҳақиқати Суғд»