Дар доираи сафари навбатии “Корвони журналистон” таҳти унвони “Суғд дар 35 соли Истиқлол”, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва бахши суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон роҳандозӣ гардид, ин навбат масири мо ба сӯи шаҳри бостонии Истаравшан қарор гирифт. Шаҳре, ки бо таърихи чандинҳазорсолаи худ яке аз қадимтарин марказҳои тамаддуни тоҷикон маҳсуб ёфта, имрӯз дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суръати тоза рушд мекунад ва ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ-35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастовардҳои шоиставу назаррас қадам мегузорад.

Аз лаҳзаҳои нахустини ворид шудан ба шаҳр эҳсос мегардид, ки рӯҳи ободкориву созандагӣ дар ҳар гӯшаву канори он ҳукмфармост. Кӯчаву хиёбонҳои тозаву озода, иншооти навбунёд ва чеҳраҳои болидаи сокинон аз пешрафт ва рушди устувори шаҳр дарак медоданд.

Нахуст моро раиси шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қодирӣ гарму самимӣ истиқбол гирифт. Дар суҳбати худ ӯ иброз дошт, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳр корҳои назарраси ободониву бунёдкорӣ амалӣ гардида, даҳҳо иншооти муҳими иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва фарҳангӣ ба истифода дода шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, сокинони шаҳр бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва меҳнати содиқона барои истиқболи арзандаи ин ҷашни муқаддаси миллӣ саҳми муносиби худро мегузоранд.

САНОАТ-МУҲАРРИКИ ИҚТИСОД

Барномаи сафари мо аз шиносоӣ бо фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатӣ оғоз гардид. Имрӯз маҳз рушди саноат ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии давлат дар шаҳри Истаравшан натиҷаҳои назаррас ба бор оварда, ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.

Яке аз нахустин корхонаҳое, ки аз фаъолияти он боздид намудем, ҶДММ “Асри обод” буд. Ин корхонаи муосири истеҳсоли мебел моҳи ноябри соли 2025 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Ҳангоми ворид шудан ба коргоҳ садои мунтазами таҷҳизоти замонавӣ ва фаъолияти пурсамари кормандон диққати ҳар бинандаро ҷалб мекунад. Дар ин ҷо беш аз 50 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардидаанд. Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки зиёда аз нисфи кормандонро занон ташкил медиҳанд, ки ин аз баланд гардидани нақши занон дар рушди истеҳсолот шаҳодат медиҳад.

Дар корхона зиёда аз 30 намуди маҳсулоти мебелӣ, аз ҷумла мизу курсӣ, ҷевонҳо, таҷҳизоти муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва хизматрасонӣ истеҳсол мешавад. Ба гуфтаи масъулон, иқтидори истеҳсолии корхона дар як моҳ ба 5 ҳазор ва дар як сол ба 50-60 ҳазор адад маҳсулот мерасад. Маҳсулоти истеҳсолшуда бо сифати баланд ва тарҳи муосир дар бозори дохилӣ талаботи зиёд дорад.

Сипас роҳи мо ба ҶДММ “Адл” идома ёфт. Ин корхона имрӯз ба истеҳсоли бозичаҳои кӯдакона ва намудҳои гуногуни велосипед машғул мебошад. Ҳангоми ворид шудан ба толорҳои истеҳсолӣ, гуногунии маҳсулоти кӯдакона таваҷҷуҳи моро ба худ кашид.

Масъулони корхона иттилоъ доданд, ки маҳсулоти истеҳсолшуда на танҳо дар бозори дохилӣ харидори худро пайдо кардааст, балки ба Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Қирғизистон содирот мешавад. Ин аз рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дарак медиҳад.

Ҷиҳати ҷолиби фаъолияти ин коргоҳ истифодаи технологияҳои муосир мебошад. Дар баробари кормандон роботҳои худкор низ фаъолият намуда, корҳои мураккаб, аз ҷумла амалиёти кафшергариро иҷро мекунанд. Ин таҷриба нишон медиҳад, ки саноати шаҳр тадриҷан ба марҳилаи нави технологӣ ворид шуда истодааст.

Дар идомаи сафар аз фаъолияти ҶДММ “Оби Зулол” низ боздид кардем. Ин корхона, ки имрӯз яке аз истеҳсолкунандагони маъруфи маҳсулоти нӯшокӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, дар тӯли 26 соли фаъолияти муназзами худ роҳи назарраси рушдро тай намудааст.

Агар дар оғози фаъолият корхона танҳо бо як хатти истеҳсолӣ фаъолият мекард, имрӯз шумораи хатҳои истеҳсолии он ба 13 адад расидааст. Маҳсулоти корхона дар бозори дохилӣ мавқеи устувор дошта, ҳамзамон, ба хориҷи кишвар низ содирот мегардад. Садҳо нафар дар ин ҷо соҳиби ҷойи кор гардида, саҳми корхона дар рушди саноати хӯроквории мамлакат хеле назаррас мебошад.

ҶДММ “Шамси Ориён” нуқтаи охири сафари мо дар бахши саноат гардид. Ин корхона соли 2023 аз ҷониби устои маъруфи кандакор Солӣ Азизов таъсис ёфта, имрӯз наздики 200 нафарро бо ҷойи кор таъмин намудааст. Дар ин ҷо дару тирезаҳо, сутунҳо, айвонҳо ва дигар маҳсулоти чӯбин бо нақшу нигори миллӣ истеҳсол мешавад.

Зимни боздид маълум гардид, ки дар баробари истеҳсолот ба омӯзиши ҷавонон низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад. Усто Солӣ Азизов, ки намояндаи насли ҳафтуми кандакорон аст, таҷрибаи худро ба шогирдон меомӯзонад. Маҳсулоти корхона ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он маъруф буда, намунаи ҳифз ва рушди ҳунарҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

Боздид аз ин корхонаҳо нишон медиҳад, ки сиёсати саноатикунонии босуръати мамлакат дар шаҳри Истаравшан самараи воқеӣ додааст.

Бунёди корхонаҳои нав, ворид намудани технологияҳои муосир, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба рушди устувори иқтисоди шаҳр такони ҷиддӣ бахшидааст.

КИШОВАРЗӢ-ЗАМИНАИ ФАРОВОНӢ

Қисмати дигари сафари мо ба шиносоӣ бо дастовардҳои соҳаи кишоварзии шаҳр бахшида шуд. Роҳи мо ба самти ҷамоати деҳоти Зарҳалол, ба хоҷагии деҳқонии “Файзи тиҷорат” идома ёфт, ки роҳбарии онро бонуи фаъолу кордон Гулноза Абидова ба зимма дорад.

Дар майдонҳои васеи хоҷагӣ кишти пиёз, бодиринг, тарбуз ва харбуза назаррас буда, ҳосили хуб аз меҳнати заҳматкашонаи кишоварзон дарак медод. Дар ин ҷо яке аз таҷрибаҳои муваффақи солҳои охир-истифодаи низоми обёрии қатрагӣ роҳандозӣ шудааст.

Масъулони хоҷагӣ иттилоъ доданд, ки барои татбиқи ин усули пешрафта ду чоҳи амудӣ кофта шуда, тамоми майдонҳо тавассути технологияи муосир обёрӣ мегарданд. Натиҷаҳо низ назаррас мебошанд. Агар қаблан аз ҳар гектар 500-600 сентнер ҳосили пиёз ба даст меомад, имрӯз ин нишондиҳанда ба 1000-1200 сентнер расидааст.

Ҳамзамон, муҳлати обёрии 20 гектар замин, ки қаблан то ду ҳафта тӯл мекашид, ҳоло дар ду шабонарӯз анҷом дода мешавад. Ин на танҳо сарфаи об, балки сарфаи вақт ва маблағро низ таъмин менамояд.

Дар идомаи боздид, аз дигар хоҷагиҳои деҳқонӣ низ дидан намудем, ки дар онҳо кишти картошка бо усулҳои муосири обёрии қатрагӣ ва боронӣ парвариш карда мешавад. Ин таҷрибаҳо собит месозанд, ки истифодаи технологияҳои навин метавонад самаранокии истеҳсолоти кишоварзиро чандин маротиба афзоиш диҳад.

Ба гуфтаи Ёқубҷон Ашӯров, сардори раёсати кишоварзии шаҳри Истаравшан, дар ҳудуди шаҳр 24 ҳазору 370 гектар замини кишоварзӣ мавҷуд буда, зиёда аз 12 ҳазору 500 гектари онро заминҳои обӣ ташкил медиҳанд. Ин имкониятҳои васеъ барои рушди минбаъдаи соҳа ва таъмини амнияти озуқавории минтақа фароҳам меорад.

ФАРҲАНГ-ОИНАИ ҲАСТӢ

Қисмати ниҳоии сафари мо ба ҳаёти фарҳангии шаҳр бахшида шуд. Нахуст аз Қасри фарҳанги шаҳр боздид намудем, ки соли 2024 бо иштироки Пешвои миллат мавриди истифода қарор гирифтааст.

Ҳанӯз аз дур намои зебо, тарҳу услуби миллӣ ва меъмории ҷолиби бино диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекунад. Дар дохили қаср тамоми шароити зарурӣ барои фаъолияти аҳли фарҳанг муҳайё гардидааст. Толорҳои махсус барои ансамблҳои рақсӣ, гурӯҳҳои ҳунарӣ ва маҳфилҳои эҷодӣ имконият медиҳанд, ки истеъдодҳои ҷавон рушд ёфта, ҳунару фарҳанги миллӣ боз ҳам бештар эҳё гардад.

Толори асосии қаср, ки дорои 1000 ҷойи нишаст мебошад, имрӯз ба маркази баргузории чорабиниҳои муҳими фарҳангӣ, ҷамъомадҳо ва ҳамоишҳо табдил ёфтааст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин иншоот даҳҳо нафар низ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардидаанд.

Дар ҳамин ҷо бо иштироки аҳли фарҳанг ва намояндагони воситаҳои ахбори омма бар пояи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, асосгузори нахустин давлати мутамаркази тоҷикон, гулчанбар гузошта шуд. Ин иқдом намунаи равшани эҳтиром ба таърих, давлатдорӣ ва шахсиятҳои бузурги миллат маҳсуб меёбад.

Сипас роҳи мо ба сӯи маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Муғ” идома ёфт. Ин маҷмаа 25-уми июни соли 2018 пас аз корҳои азнавсозӣ бо иштироки  Роҳбари давлат ба истифода дода шудааст.

“Қалъаи Муғ” имрӯз ба яке аз мавзеъҳои муҳими сайёҳии минтақа табдил ёфта, ҳамасола меҳмонони зиёдеро аз дохил ва хориҷи кишвар ҷалб мекунад. Ҳангоми қадам задан дар ҳудуди қалъа эҳсос мегардад, ки инсон ба саҳифаҳои дури таърихи миллат ворид мешавад. Деворҳои мустаҳкам, ҳуҷраҳои сершумор ва фазои хоси ин мавзеъ аз гузаштаҳои пурифтихори халқи тоҷик ҳикоят мекунанд.Таваҷҷуҳи махсуси моро растаҳои ҳунармандон ҷалб намуд. Дар ин ҷо намунаҳои беҳтарини кандакорӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, сӯзанидӯзӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шудаанд. Ҳар як маҳсули дастӣ аз таърихи ғанӣ, завқи баланди эҷодӣ ва фарҳанги куҳанбунёди тоҷикон дарак медиҳад. Ин мавзеъ бори дигар собит месозад, ки фарҳанг танҳо ёдгории гузашта нест, балки омили муҳими пайванди наслҳо, таҳкими худшиносии миллӣ ва муаррифии арзишҳои миллат ба ҷаҳониён мебошад.

Сафари мо дар шаҳри куҳанбунёди Истаравшан ҳамин гуна идома ёфт. Ҳар қадам аз таърихи пурғановат, меҳнати созанда, ҳунари воло ва иродаи устувори мардуми ин сарзамин қисса мекард.

 

Амони МУҲАММАД,

“Ҳақиқати Суғд”