Истаравшан шаҳри кайҳонӣ бувад,
Посдори хулқи раҳмонӣ бувад.
Маскани ҳар илму ирфон бошад он,
Зеби шеъру зеби дастон бошад он.
Толеи фаррух насибаш гаштааст,
Мардуми олам ҳабибаш гаштааст.
Шаҳри мо кони мелоҳат буду ҳаст.
Олами ҳусну тароват буду ҳаст.
Оламеро маҳву шайдо кардааст.
Эътибори хеш пайдо кардааст.
Аз ниёгон ёдгорӣ мондааст,
Роҳу расми тоҷдорӣ мондааст.
Афшини мо тоҷдорӣ кардааст,
Халқи худро хуб ёрӣ кардааст.
Ҷонфидои мазҳабу дин будааст,
Зидди душман дил пур аз кин будааст.
Мардум ин дам сарфарозӣ мекунад.
Кордонӣ, корсозӣ мекунад.
Расму оини ниёгон ёд бод,
Аз хурофот умрҳо озод бод!
Растаҳояш дилпазиру нозанин,
Бас фараҳбахшо чу Фирдавсӣ барин.
Масҷиди Гунбадкабудаш дидаӣ?
Ё зи пиронаш сухан бишнидаӣ?
Қасру айвонаш ҳикоят мекунад,
Аз гузашти худ ривоят мекунад.
Шуд макони илму ирфон шаҳри мо,
Хештан имону виҷдон шаҳри мо.
Шоиру аллома афзун додааст,
Ҳам барии касбу ҳунар бикшодааст.
Шайх Шиблӣ Ҷавҳариҳо доштем,
Нодиму ҳам Ахтариҳо доштем.
Буд Суҳайлӣ шоире некунасаб,
Дар ривоҷи ҳаҷв буд некусабаб.
Мисли Лутфӣ ҷонфидое касс надид,
Қалби аъдои Ватанро медарид.
Буд ғазалгӯйи наҷиб Мирзомурод,
Ҳам Назирӣ дӯстдори адлу дод.
Он муҳаққиқи накӯ Саййидумар,
Дар пажӯҳиш буд ҳар сӯ дар сафар.
Кам мабин эҷоди ӯро, дӯстам,
Дор хотир ёди ӯро, дӯстам.
Шоири солори даврон Шукрӣ аст,
Некхӯю некармон Шукрӣ аст.
Шеъри Султонӣ муродаш ҳону хон,
Тоҷику ӯзбек – дуро вирди забон.
Шоира Раъно Сафарзодаш бубин,
Чун кабӯтар шеъри озодаш бубин.
Аз Валиҷон Акбараш омӯз панд.
Чун гиреҳҳоро кушояд банд-банд.
Акбари Маъруфи носир менигар,
То навишт «Дилшод…», шуд хуни ҷигар.
Назм аз Илҳоми Саршор аст панд,
Чун ҳақиқат талху ширинтар зи қанд.
Достон аз килки саршораш бихон,
Маззаи «Оби Зулол»-ашро бидон.
Ӯктамулло ибни Нурулло бубин,
Бар садояш мешавӣ мафтун, яқин.
Гар бихоҳӣ бишнавӣ ту Левитан,
Биншину бишнав вар обо ҷону тан.
Буд Сабоҳат фарди хубу некном,
Байни мардум буд соҳибэҳтиром.
Он шифокори Ватан Охун Камол,
Қаҳрамони кор, марди безавол.
Қасри Раҳмон Маҳмуди овозадор,
То кунун барҷост он, мавриди кор.
Ҷони ман, «Боғи адибон»-аш нигар,
Хонаҳои сар ба кайҳонаш нигар.
Сарвари нав омада бар шаҳри мо,
Тозакориҳо намуд аз баҳри мо.
Истаравшан тоза гулшан мешавад,
Табъи мардум шоду равшан мешавад.
Гашта яктан тоҷику ӯзбеки мо,
Ҷаннатосо мекунандаш мулки мо.
Тоҳир Аҳмадҷон – санохонаш маннам,
Шукргӯйи давру давронаш маннам.
Истаравшан зиндаву поянда бод,
Боғшаҳри ҳозиру оянда бод.
Тоҳир АҲМАДҶОН,
аз ӯзбеки тарҷумаи Шукрӣ Иброҳим
ва Валиҷон Акбарӣ





