Ба Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо баҳор омада, табиатро гулбасар намудааст. Ин фасл беш аз сию панҷ сол инҷониб ҳусну таровати бештареро ба худ касб карда, мардуми диёрро ба ободонию созандагӣ даъват менамояд, зеро ба шарафи соҳибистиқлол гаштани кишвар, ки муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад, мо, тоҷикистониён ба дастовардҳои бузурге ноил гаштаем.
Агар ба шарофати соҳибистиқлол шудани мамлакат халқи мо соҳиби рамзҳои давлатии худ-Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Конститутсия шуда бошад, Тоҷикистони азизи мо аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил эътироф гардид, бо беш аз 80 созмони бонуфузи ҳамгироиву ҳамкориҳо ва 160 мамлакати дунё робита барқарор кард.
Дар баробари дигар ободкориҳои ватан дар қаламрави вилояти мо низ даҳҳо иншооти бузург бунёд гардиданд, ки сохтмони баъзеи онҳоро дар гузашта бузургсолон номумкин мепиндоштанд. Таъсиси коргоҳҳои бузурги истеҳсолӣ, иншооти муҳими соҳаи тандурустиву маориф, бунёди нақбҳои «Шаҳристон», «Истиқлол», таҷдиду азнавсозиии роҳҳои мошингарди Душанбе-Чаноқ, Айнӣ –Панҷакент, кашидани хатти барқи баландшиддати Ҷануб-Шимол ва ғайра мамлакати офтобии моро боз ободтару зеботар гардонид.
Бахусус, аз нав зинда гардидани ҷашнҳои аҷдодиамон-Сада, Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, эҳёи ҳунарҳои қадима ва бисёр навгониҳои кишвар ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ба даст омадаанд.
Хушбахтона, имрӯз ба шарофати хиради мардуми тоҷик моро дар тамоми ҷаҳон мешиносанду эътироф менамоянд. Наврӯз-он ҷашне, ки аз қадимулайём ҷашн гирифта мешуду ҷашни шоҳон маҳсуб меёфт, имрӯз ба тантанаи ҳақиқӣ, иди пиру барно, ҷашни хушрӯзию некномӣ табдил гаштааст.
Ба чеҳраҳои хандони кӯдакони хушбахти даврони истиқлол, ба рухсораи модарони некном, ба рӯйи фарзандони баору номуси Ватан, ки кишвари моро то ба сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд, ба дидагони ҳар шаҳрванди хушбахти ин даврон нигариста, худро хушбахт эҳсос менамоям, ки дар кишвари мо сулҳу салоҳ ҳукмрон асту мардуми сарбаландаш бо шукргузорӣ аз даврони осоишта, дар фазои сулҳу ваҳдат кору фаъолият доранд.
Моро месазад, ки ба қадри ин неъматҳои додашуда бирасем, маҳалли зисти худ, деҳаю шаҳрак, ноҳияю шаҳр ва умуман мамлакати худро бо кору пайкори хеш обод намоем. Барои расидан ба музаффариятҳои аз ин ҳам бештар кӯшиш ба харҷ дода, дар ободии Ватан саҳмгузор бошем.
Нурулло ҲАЗРАТҚУЛОВ,
омӯзгори фанни забони русии
МТМУ №6, ноҳияи Шаҳристон




