Бори сеюм гирифтани Сипосномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли қалами нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятии «Ҳақиқати Суғд»-ро рӯҳбаланд сохт ва аз ин дастоварди навбатӣ болидахотир гардиданд. Воқеан, сухани ҷонбахшу қалами нишонрас сазовори ба даст овардани обрӯву нуфузи қаламкаш ва махсусан, кормандони аҳли эҷод мегардад. Чӣ хеле медонем, соли гузашта ҷашни 95-солагии нашрияи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» ботантана таҷлил карда шуд ва ин чорабинӣ бо тамоми шукӯҳу шаҳоматаш дар дилу ёдҳои кормандону муштариёни рӯзнома бо як меҳру муҳаббати хоса, албатта, дар хотираҳо нақш баст ва аз таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат ва мақоми матбуот дар даврони соҳибистиқлолии кишвар башорат дод.
Ҷашн собит сохт, ки рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» нашрияест бо таърихи пурғановат дар кишвар мақому манзалат дошта, мактаби бузургест, ки қаламкашони номвару соҳибэҳтиромро ба воя расонидаву номдор кардааст, маконест барои имрӯзиён, ки бо қалам сарукор доранду аз ин даргоҳ бо ҳунари худ таҷрибаи қаламфарсоӣ мегиранд.
Нашрияи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” тӯли зиёда аз 95 соли фаъолияти таърихии хеш ба комёбиҳои шоиставу назаррас шарафёб гардидааст. Зикр намудан ҷоиз аст, ки фаъолияти рӯзнома дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, дар доираи таваҷҷуҳи ҳамешагии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд рушду нумӯъ намуда, заҳмати аҳли эҷоди рӯзнома пайваста қадрдонӣ мешавад, ки ин ба аҳли қалами рӯзнома рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.
Махсусан, дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик қадрдонӣ гардидани рӯзнома барои тарғибу ташвиқи сиёсати созандаву хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сипосномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони бевоситаи эътироф намудани заҳмати кормандони нашрия мебошад.
Мо аҳли қалами рӯзнома минбаъд низ бар он мекӯшем, ки дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, устувор нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ саҳмгузор бошем.
Дар ҷашни матбуоти навбатӣ низ якчанд кормандони нашрия бо ифтихорномаву сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қадр шуданд, ки боиси шодмонии аҳли эҷод аст.
Воқеан, саҳми кормандони рӯзнома дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мондагор аст ва дар ин замина қадамҳои устувор мегузоранд.
Ҳайати эҷодии рӯзнома бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти вилоят, ки аз сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, якдилона кору фаъолият намуда истодаанд.
Зикр намудан бамаврид аст, ки тайи солҳои охир фаъолияти рӯзнома рушду равнақ ёфта, дар мавзуъҳои гуногун маводу матолиби ҷолиб нашр ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошта мешавад.
Ҳайати эҷодии рӯзнома дар соли ҷашни таърихии миллат, “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” сазовор истиқбол гирифтани 35‐солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо мегузоранд.
Гулҷаҳон Турсунзода,
“Ҳақиқати Суғд”




