Иттифоқи нависандагон ва журналистони Тоҷикистон ва бахши вилоятиву шаҳрии он талафоти калон дод. Санаи 22-юми октябри соли 2026 қалби яке аз адибони шинохта, узви Иттифоқи нависандагон ва журналистони Тоҷикистон Ғайрат Ҳаким дар ҳаштодсолагӣ аз тапиш монд. 

Ғайрат Ҳаким 18 -уми июли соли 1947 дар деҳаи Обқарчиғой (Оби Зулол)-и шаҳри Истаравшан таваллуд ёфтааст. Баъди ба итмом расондани мактаби миёнаи зодгоҳаш ва факултаи филологияи Институти педагогии Ленинобод ба номи  С. Киров (ҳоло ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров) дар шуъбаи фарҳанги Ҳукумати ноҳияи Зафаробод, мухбири рўзномаи  «Зарбдор»-и ноҳия, мухбири рўзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» (1982-1993), мухбири махсуси АМИТ «Ховар» (1993-1998), мухбири махсуси ҳафтаномаи «Тоҷикистон», «Крим-Инфо», «Оила» ва «Рекламная газета», ҳамчунин, сармуҳаррири рўзномаи «Ривоят-Версия»-и раёсати ВКД-и дар вилояти Суғд кор кардааст. Аз соли 1987 узви Иттифоқи нависандагон буд.

Мавсуф муаллифи маҷмўаҳои қиссаву ҳикояҳои «Вохўрӣ дар роҳ», (1984), «Муждаи сир» (1986), «Сиришки сурур» (1990) «Дод аз дасти фалак», «Туро ёфтам», «Тирамоҳи вопасин», «Садоқат», «Ифшогари асрор», «Дар роҳи адолат», «Иллатҳои ҷомеа» ва романи сегонаи «Ахтари рахшон», «Байни обу оташ», «Ганҷ дар вайрона» мебошад. Намунаи ҳикояву очеркҳояш ба забонҳои русӣ, ўзбекӣ, туркманӣ, қазоқӣ, олмонӣ, англисӣ, туркӣ ва ғайра тарҷумаву нашр шудаанд.

Заҳматҳои Ғайрат Ҳаким бо Ҷоизаи адабии ба номи Ҳоҷӣ Содиқ, Ҷоизаи адабии ба номи Раҳим Ҷалил, нишони “Аълочии матбуоти Тоҷикистон” ва ғайра қадрдонӣ шудааст.

Хотираи неки адиб Ғайрат Ҳаким ҳамеша дар қалби мост.

Бахши суғдии Иттифоқи нависандагон ва журналистони Тоҷикистон