Аз Каюмарс аст, бешак, давру даврони Хуҷанд,

Сабзу хуррам шуд Замин аз дасти Деҳқони Хуҷанд.

Бозарофат гуфт ошиқ дар сари хони сахо,

Дӯст дорам ман туро, чун ҳастӣ аз они Хуҷанд.

Бо Абӯмаҳмуду Садри Исфаҳон, бо ду Камол,

Мавҷи оламгир бошад илму ирфони Хуҷанд.

Шашмақом аз Боймуҳаммад, савту соз аз Ҷӯрабек,

Лаҳномӯз аст булбул аз навохони Хуҷанд.

Қандакаш ширинтар афтода зи Мири Санҷарӣ,

Шаккаринтар аз анори Балх руммони Хуҷанд.

Лолаҳои Мевағул  беҳтар зи садбарги Ҳиҷоз,

Хуштар аз мушки Хутан гӯянд райҳони Хуҷанд.

Аз биҳишт ояд касе рӯзе, агар бар шаҳри мо,

Дида боғу гулшанаш шуд, моту ҳайрони Хуҷанд.

Мегурезад деви сурху зард, чун ҳайбат кунанд,

Рустамони  мулки тоҷиканд мардони Хуҷанд.

Медиҳам ҷон бедареғе, чун, ки бо ҳусну хисол,

Бурдаанд ин дил, Ҷило, бодомчашмони Хуҷанд!

Сайидамин Ҷило,

“Ҳақиқати Суғд”