Шаҳри Конибодом аз қадимулайём бо ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, табиати зебо ва мардуми меҳмоннавозу сарбаландаш шуҳрат дорад. Ҳарчанд ҳавои гарми тобистон бо нафаси сӯзони худ моро ҳамроҳӣ мекард, аммо шавқу ҳаваси дидани ин шаҳри бостонӣ ҳеҷ кадоме аз ҳамсафаронро аз роҳ бознадошт.

Хоса, вақте раиси шаҳри Конибодом Даврон Зоҳидзода дар даромадгоҳи шаҳр моро бо самимияту эҳтиром истиқбол гирифт, бори дигар эҳсос намудем, ки ин сафар хотирмон хоҳад буд. Гармии муҳаббати сокинони шаҳр аз гармии тобистон ҳам бештар эҳсос мешуд.

ПАЙВАНДИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГ

Сафари мо дар шаҳри Конибодом аз Боғи фарҳангию фароғатии “Истиқлол” оғоз гардид. Ин боғи зебо, ки 11-уми августи соли 2022 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтааст, имрӯз ба яке аз мавзеъҳои дӯстдоштаи истироҳати сокинон ва меҳмонони шаҳр табдил ёфтааст.

Боғ дар маркази шаҳр, дар масоҳати 5 гектар, бо тарҳи муосир ва унсурҳои хосси меъмории миллӣ бунёд гардидааст. Роҳравҳои сафолакпӯш, майдончаҳои сабзу хуррам, гулу буттаҳои ороишӣ, дарахтони ҳамешасабз, фаввораҳо ва нишастгоҳҳои барҳаво ба ин макон ҳусни тоза бахшидаанд. Ҳангоми қадам задан дар боғ эҳсос мегардад, ки барои истироҳату фароғат шароити мусоид муҳайё шудааст.

Аз ин ҷо роҳ сӯйи яке аз рамзҳои таърихии шаҳр-Манораи Норчабой чандон дур нест. Ин ёдгории нодир солҳои 1914-1916 бо маблағгузории Норчабой ном шахс бунёд шуда, маҳсули ҳунари устоҳои Қӯқанд ва ҳунармандони маҳаллӣ мебошад. Манора 24 метр баландӣ дошта, бо хишти пухтаи суфташуда сохта шудааст. Сохтори мустаҳками таҳкурсӣ, ки бо истифода аз санги хоро, чӯбҳои заранг, арча ва тут бунёд гардидааст, аз маҳорати баланди меъморони он давра шаҳодат медиҳад. Дар дохили манора 85 зинаи морпеч ҷой гирифта, он дар гузашта ҳам барои азонгӯӣ ва ҳам ҳамчун дидбонгоҳу нишони роҳ хизмат мекард. Аз болои манора тамоми шаҳр чун дар кафи даст намудор аст ва агар кас соатҳо аз он ҷо намои шаҳрро тамошо кунад, хаста намешавад. Бешак, Манораи Норчабой қутбнамои шаҳр аст.

Таърихи манора низ пурифтихор аст. Соли 1935 талошҳо барои вайрон кардани он сурат гирифта буд, аммо бо тадбири роҳбарияти вақти шаҳр ин ёдгории нодир ҳифз гардид. Солҳои 1991-1994 кулолгари маъруф Бобоҷон Мавлонов бо ҳамроҳии писараш Тӯрабой онро тармиму навсозӣ намуда, баландии манораро боз 7 метр афзуд. Имрӯз Манора ҳамчун ёдгории дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ҳифз шуда, аз саҳифаҳои пурғановати таърихи Конибодом қисса мекунад.

Боздиди мо аз Осорхонаи таърихию кишваршиносии шаҳр таассуроти сафарро боз ҳам ғанӣ гардонд ва куҳандиёр будани Конибодомро бори дигар собит сохт. Осорхона дар бинои Мадрасаи Мирраҷаб-Додхоҳ ҷойгир буда, аз ёдгориҳои нодири меъмории нимаи дуюми асри XVII маҳсуб меёбад. Мадраса солҳои 1659-1660 бо ибтикори ҳокими вақти шаҳр Мирраҷаб-Додхоҳ бунёд гардида, аз даромадгоҳ, толорҳо, айвон, манора ва ҳуҷраҳои сершумор иборат аст.

Пас аз корҳои тармиму барқарорсозӣ аз соли 1983 ин бино ҳамчун Осорхонаи таърихию кишваршиносӣ фаъолият мекунад. Айни замон дар осорхона беш аз 6900 нигора нигоҳдорӣ шуда, дар 18 толори намоишӣ таъриху фарҳанг, ҳунарҳои мардумӣ ва мероси ғании Конибодом ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Ҳамасола садҳо меҳмон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла Ҳиндустон, ИМА, Чин, Норвегия, Фаронса, Туркия, Латвия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Россия аз ин макони фарҳангӣ дидан менамоянд.

Дар гӯшаи осорхона “Дафтари фикру мулоҳизаҳо” нигаҳдорӣ мешавад. Саҳифаҳои он аз суханони самимӣ ва таассуроти гарми меҳмонон пур аст. Мо низ баъди боздид аз толорҳои осорхона ва дидани чоҳи таърихие, ки беш аз чор аср боз оби мусаффояшро ҳифз кардааст, чанд сатре дар он сабт намудем: “Чоҳи 400-солаи Мадрасаи Мирраҷаб-Додхоҳ на танҳо як ёдгории таърихист, балки рамзи покиву пойдорӣ ва идомаи зиндагист. Оби зулоли он гӯё аз покии қалбу нияти мардуми ин сарзамин ҳикоят мекунад. Сипос ба мардуми меҳмоннавоз ва масъулони шаҳр, ки ин мероси гаронбаҳоро ҳифз намуда, моро бо таъриху фарҳанги ғании Конибодом ошно сохтанд. Бо эҳтиром”...

Воқеан, ҳар гӯшаи ин шаҳри бостонӣ саҳифае аз таърихи чандҳазорсоларо пеши назар меорад. Ин ҷо гузашта ва имрӯз ба ҳам пайванд ёфта, дар симои ёдгориҳои таърихӣ, осори меъморӣ ва меҳмоннавозии мардум рӯҳи аслии Конибодомро таҷассум мекунад.

РУШДИ САНОАТ ВА СОҲИБКОРӢ

Агар қисми аввали сафари мо ба гузаштаи пурифтихори шаҳр алоқаманд бошад, қисми дигари он ба имрӯзу фардои он пайванд буд. Бо ҳамин таассурот роҳ пеш гирифтем, сӯи корхонаҳои саноатӣ, чун рушди истеҳсолот яке аз самтҳои муҳимми пешрафти ин шаҳр аст.

Нахуст аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Бодом” дидан кардем, ки ҳанӯз соли 1939 таъсис ёфта, дар ибтидо ба таъмири воситаҳои нақлиёт машғул буд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ фаъолияти он бо талаботи замони муосир ҳамоҳанг гардида, имрӯз ба истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии пойгоҳҳои обкашӣ ва техникаҳои хоҷагӣ равона шудааст.

Айни ҳол дар корхона корҳои таҷдиду навсозӣ босуръат идома доранд. Бо насби таҷҳизоти муосири аз Ҷумҳурии Мардумии Чин воридшуда дар назар аст, ки истеҳсоли зиёда аз 50 номгӯй маҳсулот ба роҳ монда шавад. Корхона аз 3 сехрехтагарӣ, кафшергарӣ ва механикӣ иборат буда, иқтидори коркарди то 50 тонна оҳанро дорад. Тибқи иттилои масъулон, бо мавриди истифода қарор гирифтани марҳилаи аввали лоиҳа то 100 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Аз он ҷо ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Конибодом” рафтем, ки пас аз 12 соли таваққуф, соли 2020 дубора эҳё гардид. Ҳоло ҷамъият на танҳо фаъолияти пешинаи худро барқарор кардааст, балки иқтидорҳои нави истеҳсолиро низ ба кор андохтааст. Қадами муҳим дар рушди ҷамъият 11-уми августи соли 2022 гузошта шуд. Дар ҳамин рӯз бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи коркарди меваи хушк мавриди истифода қарор гирифт. Иншоот бо харҷи беш аз 3 миллион сомонӣ бунёд шуда, он дорои озмоишгоҳ, буғхона, анборхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Коргоҳ дар як шабонарӯз имкони коркарди то 4 тонна меваи хушкро дорад. Ашёи хом аз шаҳри Исфара ва ноҳияи Ашт дастрас гардида, маҳсулоти тайёр ҳам ба бозори дохилӣ ва ҳам хориҷӣ бароварда мешавад. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки истеҳсолоти маҳаллӣ тадриҷан мавқеи худро дар бозорҳои беруна низ пайдо мекунад.

Имрӯз дар ин ҷо 25 нафар фаъолият дошта, шумораи умумии кормандони ҷамъият ба 40 нафар расидааст. Дар ояндаи наздик бунёди сардхона бо ғунҷоиши беш аз 300 тонна пешбинӣ гардидааст, ки барои афзоиши ҳаҷми истеҳсолот заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар идомаи сафар аз Корхонаи фаръии ҶСК “Роҳи оҳани Тоҷикистон”-Коргоҳи таъмири вагонҳои Маҳрам низ боздид намудем. Ин корхона яке аз аввалин корхонаҳои вагонтаъмиркунӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ буда, соли 1995 таъсис ёфтааст. Имрӯз дар ин ҷо таъмири асосӣ ва ҷории вагонҳои боркашону мусофирбар анҷом дода мешавад. Фаъолияти мунтазами корхона на танҳо дар беҳтар гардидани хизматрасонии роҳи оҳан нақши муҳим дорад, балки дар рушди истеҳсолоти ватанӣ, омода намудани мутахассисони соҳибкасб ва таъмини сокинон бо ҷойи кори доимӣ низ саҳми арзанда мегузорад.

Боздид аз ин корхонаҳо нишон дод, ки Конибодом имрӯз танҳо бо таърихи куҳан ифтихор намекунад, балки ба рушди саноат, таъсиси иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунад. Шояд маҳз ҳамин ҳамоҳангии дирӯзу имрӯз бошад, ки ба Конибодом симои шаҳри рӯ ба рушд ва ояндасозро бахшидааст.

КИШОВАРЗӢ ВА АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ

Қисмати ниҳоии сафари мо ба соҳае бахшида шуд, ки шуҳрати Конибодомро аз қадимулайём берун аз марзҳои кишвар муаррифӣ кардааст. Ин шаҳр бо заминҳои ҳосилхез ва деҳқонони соҳибтаҷрибааш маъруф буда, меҳнати содиқонаи онҳо дар ҳар қитъаи замин эҳсос мешавад. Шояд маҳз ҳамин меҳру садоқат ба замин буд, ки аз шаҳри Конибодом 28 нафар ба гирифтани унвони баланди ИҶШС-“Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ” мушарраф гардидаанд.

Зимни боздид аз хоҷагиҳои деҳқонӣ бори дигар итминон ҳосил намудем, ки кишоварзони Конибодом ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода мебаранд. Дар баробари ҷамъоварии ҳосили аввал, дар қисми зиёди заминҳо кишти такрорӣ гузаронида шудааст.

Пахтакорӣ низ дар шаҳр вусъати тоза пайдо кардааст, ки далели ин гуфтаҳо Хоҷагии деҳқонии “Зархез” мебошад. Дар ин хоҷагӣ дар масоҳати 4 гектар пахтаи навъи “Ҷунтай” кишт гардида, қисми зиёди он ба марҳилаи кӯракбандӣ расидааст. Тибқи иттилоъи Асрор Шарипов, сардори Раёсати кишоварзӣ, дар ҳудуди шаҳр 8758 гектар замини корам мавҷуд буда, дар 4017 гектари он пахта кишт шудааст. 

Сафари навбатии “Корвони журналистон” ба шаҳри Конибодом бори дигар нишон дод, ки ин шаҳри бостонӣ ҳамқадами замон аст ва ҳамвора ба пеш меравад. Дар ин ҷо ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба ҳам омада, симои як шаҳри ободу созанда ва пешрафтаро меофарад.

Конибодом имрӯз натанҳо посдори мероси гузашта, балки шаҳри талошу созандагӣ, истеҳсолоти муосир ва меҳнати пуршараф мебошад. Сафаре, ки бо меҳмоннавозии самимии мардум оғоз гардид, бо эҳсоси ифтихор аз дастовардҳои ин гӯшаи зебои Ватан ба анҷом расид.

 

Амони МУҲАММАД,

“Ҳақиқати Суғд”