Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и деҳаи Каздони Ҷамоати деҳоти Шамтуч ба ифтихори 70-солагии шоири шодравони тоҷик Махсум Олимӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид.

Дар маҳфил роҳбарияти ноҳия, намояндагони аҳли илму адаб, пайвандону наздикони шоир, сокинони деҳа ва омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимӣ иштирок намуданд.

Нахуст, раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода суханронӣ намуда, ҳозирин ва пайвандону наздикони шоирро ба муносибати 70-солагии зодрӯзи Махсум Олимӣ табрик гуфт.

Ӯ зимни суханронӣ аз мақому манзалати шоир дар адабиёти муосири тоҷик, саҳми ӯ дар рушди шеъри миллӣ ва арзиши осори гаронбаҳояш ёдовар шуд.

Таъкид шуд, ки гиромидошти хотираи шахсиятҳои барҷастаи илму адаб ва фарҳанг, бахусус шоироне, ки дар роҳи ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ормонҳои халқ ҷони худро нисор кардаанд, вазифаи муҳими ҷомеа мебошад. Ҳамзамон, ба масъалаи омӯзишу тарғиби осори Махсум Олимӣ ва муаррифии зиндагинома ва фаъолияти эҷодии ӯ ба насли ҷавон таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Қабл аз оғози маҳфили адабӣ иштирокчиён оромгоҳи шоирро, ки дар зодгоҳаш - деҳаи Каздон воқеъ аст, зиёрат намуданд. Бо ташаббуси сокинони маҳаллӣ ва пайвандони шоир оромгоҳ азнавсозӣ гардида, гирду атрофи он панҷарабандӣ шудааст.

Сипас, маҳфили адабӣ дар толори муассисаи таълимӣ идома ёфт. Роҳбарии онро директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ Баҳром Мирсаидов ба уҳда дошт.

Дар идомаи чорабинӣ узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, шоир ва забоншиноси варзида Ҳасани Султон аз хислатҳои неки инсонӣ, шахсияти адабӣ ва ҷойгоҳи Махсум Олимӣ дар муҳити адабии кишвар ёдовар шуда, шеъри ба шоир бахшидаи худро қироат кард.

Сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», сиёсатшиноси шинохта Абдуллоҳи Раҳнамо аз номи Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аҳли нишаст, сокинони ноҳия ва пайвандони шоирро ба муносибати ин санаи фархунда табрик гуфта, муҳиммияти гиромидошти хотираи аҳли қалам ва ҳифзи мероси адабии онҳоро таъкид намуд.

Нависанда ва публитсисти маъруф Абдуғаффори Абдуҷаббор аз лаҳзаҳои ҷолиби ҳаёти шоир қиссаҳои ибратбахш нақл карда, ба паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии ӯ равшанӣ андохт. Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода Абдуҷаббори Суруш бошад, пайвандҳои адабии устод Қутбӣ Киром ва Махсум Олимиро намунаи барҷастаи мактаби устодиву шогирдӣ арзёбӣ намуда, Махсум Олимиро шоире бо ғурури Қутбиёна номид.

Ҳамчунин, собиқадори соҳаи маориф Ҷумъабой Шодиев аз номи сокинони деҳаи Каздон меҳмонон ва иштирокчиёни маҳфилро хайрамақдам гуфта, барои арҷгузорӣ ба хотираи шоири шаҳид изҳори сипос намуд.

Дар фарҷоми маҳфил хонандагони муассисаи таълимӣ бо қироати шеърҳо ва иҷрои рақсҳои ҷолиб барномаи фарҳангӣ пешкаш карданд, ки ба чорабинӣ ҳусну таровати хоса бахшид.

Сурайё Ҳакимова,

“Ҳақиқати Суғд”