Мақолаи дӯстонам муҳаққиқ Сангини Гулзод ва Мутриба Бобоҷоноваро дар пешниҳоди нашрияи “Ҳақиқати Суғд” ба Ҷоизаи вилоятии ба номи Бобоҷон Ғафуров хондам ва меҳрномаи қаблан навиштаам ба ёд омаду онро пайдо кардам. Бинед, аз ҳар падида падидаи наву тоза ҳосил мешавад. Пас «нияти нағз – ними давлат», гуфтанӣ сухан беҳуда нест.
Пешниҳоди «Ҳақиқати Суғд» чун нашрияи Мақомоти иҷроияи давлатии вилояти Суғд ба Ҷоизаи аллома Бобоҷон Ғафуров ба аҳли идораи нашрия бо сарварии рӯзноманигор Аминҷон Шарифзода ва дигар алоқамандони матбуот хуҷаста бод!
Инак меҳрномае дар ҳаққи Ману нашрияи «Ҳақиқати Суғд».
Дар беш аз 25 соли кору борам дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд яке аз нашрияҳое, ки бештар бо он ҳамкории эҷодӣ ба миён оварда ва дар конуни гарми он бо қаламу қоғаз оташ афрӯхтаму дар зиндагӣ таҷрибаи оташзанӣ бо сухан дар дили хонанда дарёфтаам, «Ҳақиқати Суғд» мебошад. Он вақт «Ҳақиқати Ленинобод» ном дошт. Пайванди банда бо ин нашрия аз чанд ҷиҳат қобили диққат ва дилангезу сабақандӯз аст.
Аввалан, агарчанде матлабҳои ман ҳанӯз замони дар Исфара будан дар ин нашрия ба чоп мерафтанд, аммо пайвастам ба кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар охири солҳои 90-уми садаи ХХ дар раҳёфту роҳбурди ман ба ин нашрия нақши созгор бозид. Зеро он вақт бархе аз аҳли эҷоди нашрия бо кафедра ҳамкории хубу босамар доштанд ва ҳоло ҳам доранд ва шиносоӣ бо онон маро ба матбуот боз ҳам бештар қарин кард. Сабаби бо сардабирони гуногун Саодатхон Каримова, Карим Шариф, Мухтори Абдулло он вақт унс гирифтану пайванди вежа дарёфтанам асосан дар он буд, ки инҳо дар ин кафедра аз амалияи журналистӣ лексияҳо мехонданду мо якҷо кор мекардем. Табиист, инҳо дар пайвандам бо нашрия саҳми расо доранд. Тадриҷан бо устодон Усмон Олим, Додоҷон Раҷабӣ (ин ду рӯҳашон шод буд, ки файзҳое аз онон ёфтаам), Солеҳи Зарифзод, Сайидамини Ҷило, Саиднабӣ Наҷимӣ, Файзуллохоҷа Атохоҷаев, Рафоат Муъминова, Мирзоаъзам Мақсудов, Абдуғафур Аминов, Гулҷаҳон Маҳкамова, Тавҳида Ҷӯраева ва дигарон низ ошно шудам (агар номи касе аз рӯзноманигорони ин даргоҳ дар ин ҷо наомада бошад, танҳо аз он нест, ки ононро фаромӯш кардаам, балки бештар аз муҳаббату ихлоси афзун бузургии онҳоро дар вуҷудам ғунҷонида натавонистам)...
Василаи дигари пайванд бо ин нашрия донишҷӯёнанд, ки пояҳои аввалин таҷрибаашонро дар ин даргоҳ маҳкам доштаанд. Бархе баъди хатм корро дар ин нашрия идома дода, аз журналистони маъруфи кишвар эътироф шуданд ва бархе ба маснадҳои тахассусӣ расиданд. Баъзеҳо дар ҳамин даргоҳ мартабаҳо ёфтанд: Сурайё Ҳакимова, Гулҷаҳон Турсунзода, Роҳатхон Эшонова, Фирӯз Ҷумъаев, Набиюллоҳ Суннатӣ, Маъмурахон Самадова, Шаҳбону Олимова, Нодирҷон Турсунов, Маъруф Ҳомидов, Улуғбек Худойбердиев, Истамҷони Наҷмиддин, Абдуҳаким Очилов аз хатмкардагонеанд, ки «Ҳақиқати Суғд» ба онҳо ному нону қалам дода, онҳоро парвариш кард ва ба маснади иқбол расонид. Онҳое монанди Лутфулло Ниёзов, Абдуқодир Шехов, Фирӯз Боқӣ, Мирзосулаймон Азимов, Умеда Раҷабова, Фирӯз Ҷумъаев, Инобат Файзуллоева, Ӯғулой Қосидова, Замира Сатторова, Мутриба Бобоҷонова, Эҳсон Раҷабӣ, Шаҳноз Тоҳирӣ, Маликахон Саидхоҷаева ва дигарон, ки на ҳамаи онҳо имкони зикр доранд, дар остонаи таълиму тадриси ҳирфаи журналистии донишгоҳҳо, нашрияҳои дигари милливу маҳаллӣ, телевизиону радио ва дигар ниҳодҳои давлатӣ мақом ёфтанд, аммо ҳамеша бо ормонҳои «Ҳақиқати Суғд» монданд, аз устодони ин даргоҳ омӯхтанд.
Инро гуфтам, ки то Хуҷанд омадан дар фазои Исфара «Насими Исфара» минбаре дар нашри аввалин мақолаву гузоришҳоям буд, яъне заминаи асосии рушди матбуотиамро нашрияи маҳаллӣ гузошт. Аз чеҳраҳои хуби исфарангӣ ду тан рӯзноманигор бо «Ҳақиқати Ленинобод» – «Ҳақиқати Суғд» пайванде хос ва расо доштанд: яке Мавлониддин Пӯлодзода солҳои шӯравӣ муҳаррир буданду дигаре Муқим Абдураҳмонов дар пиронсолияшон ин ҷо ба хидмат пардохтаанд ва табиист, ки аз ин пирони ҳирфаи қаламкашӣ нуктаҳои бисёре аз ин коргоҳ шунидаам. Баъди пайвастан ба Хуҷанд «Ҳақиқати Ленинобод» – «Ҳақиқати Суғд» аввалин ва наздиктарин нашрияи ҳирфаӣ дар табъу нашри мақолаҳои худам шуд: аз аввали омаданам ба Хуҷанд, яъне аз соли 1999 то ҳол – яъне беш аз 25 сол аст, ки ин ҷо 60 маводи банда (агар аз ин зиёд нест!) ба нашр расида ва онҳо аз мақолаҳои таҳлилии илмӣ-адабӣ, адабиётшиносӣ-танқидӣ, сиёсӣ-иҷтимоӣ, фарҳангӣ-ҳунарӣ, тақриз, китобиёт, чеҳраномаҳо ва мусоҳибаҳо иборатанд, ҳамаи ин худ як китобанд.
Дар бораи ҷойгоҳи Пешвои миллат ва махсусияти ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ дар кишвари мо, равишҳои сарварӣ дар шароити нави давлатдорӣ, арзишҳои давлати навини тоҷикон чандин мақола дар саҳифаҳои аввалу болоии нашрия ба нашр рафтаанд. Дидгоҳҳо дар боби муаммоҳои маориф ва пайванди байни кишварҳо дар мақолаҳое монанди «Куллинигарӣ ба фазои маорифи кишвар», «Донишу осоиш бо ҳам қаринанд: дарси сулҳ дар оғози соли хониши нав», «Интизорӣ аз сафари Пешвои миллат ба Ӯзбекистон», «Равобити ду миллат – падидаи тозаи замон» ва ғайра арзёбӣ шудаанд.
Аз диди ман чанд мақолаи проблемавии марбут ба сиёсату иҷтимоиёт ва фарҳанг ҳаргиз малоли хотири касе, боиси сархамӣ нашудааст. Ба тасаввур оваред, ҳанӯз як муҳаққиқбачаи сисолаи навхуҷандии ҳимоянокарда бо номи «Хуҷанд ба ислоҳи хеш мепардозад!» мақолае менависаду ба нашр медиҳад ва дар он каломи мавзуни замонро дар қолаби мусиқии сабуки рӯз интиқод мекунад (17-уми феврали 2001). Ба ин шева мақолаву гузоришҳое монанди «Таассуби динӣ – таҳдид ба амният«, «Ҳалли муаммои ифротгароӣ дар шароити имрӯз ногузир аст!», «Дасисабозии «коршиносон», «Фитна дар хоб аст, бедораш макун!», «Фитнае, ки бо ҳамдастии бегонагон афрӯхта шуд», «Ифротварз бақои ҳастӣ надорад», «Устод Айнӣ –интиқодгари ахлоқи фосид», «Ба шаъни тоҷик нанг наорем», «Бояд сабаб ҷуст: муаммои қирғизҳо» ва... аз муҳимтарин навиштаҳои дорои интиқоди шадиду малеҳи вазъи зисту зиндагӣ дар иҳотаи замонии тақрибан 5-10 соли пешанд.
Бештари навиштаҳо дар жанри мақолаи илмиву оммавӣ ба худам ҳам як мактаби вежаанд, бароям арзиши расо доранду барои ҷомеа ҳам муҳим арзёбӣ шудаанд ва дар вақту фазои зарурӣ ба миён омадаанд.
Дар силсилаи мақолаҳои илмӣ-оммавӣ дар бораи чеҳраҳои илму адабиёт, ҳунар ва фарҳанг аз он сабаб, ки нашрияи оммавист, на тахассусӣ, дар қолабе озодтар аз дигар навиштаҳо ба нашр фиристодаам. Баъзе аз ин мақолаҳо ҳосили ҷустуҷӯҳои ҳамешагиянд. Бархе ҳаммуаллифонаанд.
Хонандагони «Ҳақиқати Суғд» аз нақдномҳое ҳамчун «Хубони порсигӯй» – бозтоби чеҳраҳо» ва «Яке аз таърихномаҳои нави адабиёти тоҷик» ба китобҳои Матлубаи Мирзоюнус, «Қадри шеъри борон» – «Такрори таронаи борон»-и Нуралӣ Нурзод, «Сафири мурғи шабоҳанг» ва сафар ба дунёи шеър» – китоби шеъри Лаълҷубаи Мирзоҳасан, «Кӯшише дар шеър гуфтан» – китоби шеъри Муталлиби Шарифзод, «Китоби нав оид ба ҳусни калом» дар таҳияи Толиб Ваҳҳобов, «Асари арзишманд дар пайвандшиносии адабӣ» – «Пайвандҳои адабии Арабу Аҷам»-и Умеда Ғаффорова, «Повести «Тавба» ва муаммои ахлоқ» – китоби Маъруф Бобоҷон, «Нолаҳои бод» – нолаи таърих» – достони Аъзами Хуҷаста, «Тору пуди як китоби нависанда» – Муқим Воҳид, «Намунаи хондании насри шоирона ва модерн» – Фирдавси Аъзам, «Гулбонги роз»-и мусиқии миллии тоҷик» – китоб-маҷмуаи суруду оҳангҳои Ҳусейн Юсуфов ва ғайра ҳам ошноянд, ки дар онҳо чанд дидгоҳи адабӣ, ҳунарӣ, фарҳангӣ фароҳам омада ва, аз як ҷиҳат, шояд баёнгари пайванди расо бо ин соҳаҳо, ин нашрия ва такмили фазои илмииву иҷтимоии маркази вилояти Суғд бошанд. Бо ин кор китобу маҷмуаҳои арзишманд муаррифӣ шуда, тафаккурҳо ба ҷӯш омаданд.
Дар омади сухан солҳои 2003-2004 – дар давраи раҳбарии Саодатхон Каримова ба нашрия (равонашон шод бод!) муаллима ба ман имкон фароҳам оварданд, ки саҳифаи махсусе созмон диҳем, то барои вусъати нақди адабӣ дар ин нашрияи расмӣ баъди як давраи коҳиш ёфтани ин гуна қазияҳо замина ҳозир шавад. Онро «Чашмандози адабӣ» ном додем. Матлабҳои банда дар ин саҳифа бо номҳои «Адабиёт дар оинаи нақди адабӣ» (муқаддимаи ин тарҳ), «Аз ганҷинаи нақду наққодӣ» (назаре ба силсилаи нашри осор ва афкори адабӣ), «Шинохти осори адабӣ бо кадом роҳҳо имкон дорад?» (мусоҳиба бо раиси шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод), «Нахустин ҳамоиши Чашмандози шеъри муосири форсӣ» ва ҳам матлабҳое аз дигар ноқидон дар арзи 12 моҳ – аз 31-уми январи соли 2004 то 22-юми январи соли 2005 ба табъ расиданд, ки то ҷое ба вусъати чашмандози адабӣ дар он давраи нашрия мусоидат карданд. Ба фикри ман ин кори хеле хубу ангезабахше буду некиву мусоидати муаллима ҳам фаромӯшнопазиру нотакрор. Дар он давраи набуди ҳаққи қалам муаллима ба василаи шартнома ҳар моҳ як миқдор ҳаққи ангушт ҳам пардохтанд. Ин ҳам таъсирбахш аст, ки дар давраҳои аввали дар Хуҷанд будан (бе аҳли хонавода, ки дар Исфара мезистанд), давраи каммаошӣ мададе хуб шуд. Инро бояд сипосгузорона гӯям! Хулоса, аҷаб инсоне буданд муаллимаи азиз Саодат Каримоваи зиндаёд, ки ягон вақт дар ҳаққашон ягон чизе калон ва муносиби ҳолашон менависам...
Қалами мусоҳибанависӣ ҳам дар ҳамин партави эҷодӣ андак сайқал ёфт: соли 2002 ба ифтихори ҷашни донишгоҳамон бо ду декани факултетҳои фанҳои табиӣ ва забонҳои Шарқи донишгоҳи мо Саидҷон Каримов ва Умеда Ғаффорова ду мусоҳиба оростам, ки яке аз он «Дирӯз ва имрӯзи факултет» дар ҳамин «Ҳақиқат...» ба нашр расид. Бисёртарин мусоҳибаро бо ман дар ин нашрия рӯзноманигори ҷону дили «Ҳақиқати Суғд» Сурайё Ҳакимова ба тасниф оварда, ки ман аз ин як умр сипосгузорам: «Ишқи китоб маро ба Эрон бурд!» дар бораи 24-умин Намоишгоҳи байналмилалии Китоби Теҳрон ва нишасти Сарои аҳли қалам, «Пояи устувори рушди инсоният» ба ифтихори яке аз рӯзҳои илми тоҷик, «Нақд тавзеҳ нест, балки кашф аст!» дар бораи ҳастии нақди адабӣ, «Ишқи китоб ва муҳаббат ба адабиёт» – бардошт аз пайвандҳои фарҳангии Эрону Тоҷикистон ва Китоб, «Китоб ва нашри он дар замони истиқлол» ва ғайра аз ҳамин қабиланд. Як вақте шуд, ки ба китоби Сурайёҷон «Шеър, ҳунар ва иҷтимоъ» мусоҳибаи «Эрон»-ро хостем ворид кунем, аммо шароити он вақтаи муносибатҳо ин корро намебардорад, гуфта ба андеша мондем. Ба ҳамин мусоҳиба бисёр дилам сӯхта буд. Боз як замоне омад, ки шароит мусоид гардид ва худи замона ба нашри он созгор шуд. Ман сонӣ дурусту нек фаҳмида будам, ки чизи нағз аз бозор ҳаргиз намемонад. Фикр мекунам, суҳбатороии ману Сурайё ва ҳатто ҳаммуаллифиямон дар чандин мақола як мактаби ҷолиби ҳамкорӣ ва вусъати тафаккури имрӯзиён мешавад. Шояд маҳсули ин корҳоямон китоби хуби ҳаммуаллифӣ шавад. Агар шавад, бад намешавад. Ба шогирдони ҷавони имрӯз ҳоло ин мактаби ҳамкориро бояд омӯзонид!...
Яке аз мусоҳибаҳои ҷолибам ба пурсишҳои Дилафрӯз Раҳматова – он гоҳ шогирди донишгоҳ, имрӯз ходими радиёи вилояти Суғд аст, ки «Метавон бо нақд дунёро шинохт!» ном дорад ва аллакай 15 сол таърих дорад. Ба назарам он хеле хонданӣ баромадааст. Ин мусоҳибаи таҷрибавии як шогирди навкори бахши рӯзноманигории донишгоҳи мост, ки яке аз устодонаш ин корро ба ҳамдарсон фармудаанд. Дидед, баъзе фармудаҳо чӣ хел ҷолиб, баъди чанд сол боз хуш ба забон меоянду хотираҳоямонро пурбор месозанд....
Ниҳоят, дар бораи худам ҳам ин нашрияи ҳамроз мақола ва меҳрномаҳои манзуму мансури муаллифоне монанди устодон Сайидамин Ҷило, Неъматҷон Файзуллоев, инчунин Мутриба Мавлонова, Сурайё Ҳакимова, шогирдон, аз ҷумла Муқимҷон Алишехов ва дигаронро ба нашр расонида, китобҳои навамро борҳо бо тақризу китобиёт муаррифӣ кардааст, ки ин ҳам василаи асосии ошноии хонандагони зиёд бо ману кору борам гардид.
Албатта, маъмулан, ҳиссае аз ин мақолаву тақриз ва мусоҳибаҳо маҳсули табъи худӣ ва бархе супоришиянд ва шояд, аз ҳамин нуқтаи назар, дар онҳо назари субективӣ, диди норасову нопухта, лағзишҳои фикрӣ, мантиқӣ ва баъзе дигар нуқсу камбуд ҳам аз ҷониби муаллиф буда метавонад. Маҳсули диду тафаккури одамӣ чунин набуда наметавонад. Симои муаллиф яксара аз қабати ин навиштаҳо фақат рости тамомиёр ҳам намоида наметавонад. Инро бо дарки масъулияти баланд гуфтан даркор. Вагарна мо фирефтаи истеъдод ва қобилияти қаламкашиямон шуда, аз ягон ҷониби дигар ба нуқсу камбуд ғелидаву афтида метавонем. Як нуктаро бояд дар инҷо гуфта гузарам, ки ман, Худо насиб бошад, ягон бор иддао нахоҳам кард, ки фалон корҳоро кардаму ҷомеа ба қадрам нарасид. Аз ин рӯ даъвое ҳам надорам, ки навиштаҳоям ҳама офтоби тобонанд, беайбанд, худи ман моҳ. Ҳаргиз! Ростӣ, ягон навиштаро ба хотири мақоладор шудану афзоидани нашр дар матбуот нанавиштаам. Ҳама ин нигоштаҳо маҳсули андешаи саъю талошҳо дар саҳми андак ба сабз кардани ормонҳои ҳаётанд. Агар дарахт нашинонда сабз накарда бошам ҳам, кӯшидаам ба ҷойи он бо навиштаҳоям ормонеро сабз бикунам, агар дунёи даруни хонанда андаке сабз шуда бошад, худамро сарфароз медонам!...
Бо вуҷуди ин, шукр, то куҷоҳое ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ва берун аз он, ҳатто хориҷ аз кишвар рафтаам, он ҷо ва ҳам дар худи Хуҷанд бо аҳли мутолиаи газетаҳо мебинам, онҳо фақат меситоянд, ки фалон мақола, тақриз ё мусоҳибаатро дар фалон нашрия ва, албатта, дар нашрияи дӯстдоштании «Ҳақиқати Суғд» хондаем. Ва, умуман, ҳамаи навиштаҳоятро мехонем. Ҳоло ҳамакнун Фейсбукро бештар чунин ба забон меоваранд, ки ҳар рӯзу ҳар шаб ягон мақолаат дар саҳифаи он тавлид мешавад. Ҳама ҷоро пур кардаӣ! Аммо миқдори онҳоро дар ин шабака фурсати шумурдан наёфтаму надорам. Агар ягон шогирдам рӯзе падид ояду дил кунаду ҷон канаду кори бисёр пуртоқати «Феҳрасти фейсбукии Аъзамзод»-ро тартиб диҳад, бовари калон дорам, боз аввал, аз ҳама пеш, ҳамин «Ҳақиқати Суғд» онро нақду муаррифӣ мекунаду маро хурсанд месозад. Ростӣ, аз ин хурсанд нашуда наметавонед!...
Ба ҳар ҳол, бо дилпурӣ метавонам гӯям, ки «Ҳақиқати Суғд» маро ҳамеша чун фарзанди худаш хуш пазируфта ва бо эҳтиром муносибат кардааст...
Субҳони Аъзамзод,
номзади илмҳои филологӣ





