Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар маркази вилояти Суғд–шаҳри Хуҷанд чорабинии ботантана доир гардид, ки дар он пешсафони соҳа ва собиқадорони қалам бо мукофотҳои соҳавӣ сарфароз шуданд.
Ин ҳамоиш бори дигар собит намуд, ки нақши рӯзноманигорон дар инъикоси воқеияти ҷомеа ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ ниҳоят муҳим мебошад.
Матбуот ва воситаҳои ахбори омма дар ҷомеаи муосир вазифаи пурмасъулияти таърихӣ ва иҷтимоиро бар дӯш доранд. Ходимони қалам бо нигоҳи тоза ва таҳлилҳои амиқи худ дар татбиқи сиёсати созандаи кишвар ва баланд бардоштани маънавиёти мардум саҳми арзишманд мегузоранд.
Маҳз ба воситаи заҳмати шабонарӯзии аҳли эҷод дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба самъи сокинон расонида шуда, робитаи зичи миёни давлат ва ҷомеа таъмин мегардад. Имрӯз матбуоти тоҷик ҳамчун минбари озод ва нерӯи тавонои зеҳнӣ дар роҳи шукуфоии Ватани азизамон хизмат мекунад.
Муовини Раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ба муносибати иди касбии рӯзноманигорон қироат намуд.
Қайд гардид, ки матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар ҷомеаи муосир мақому манзалати хоса дошта, ҳамчун яке аз ниҳодҳои муҳими иҷтимоӣ дар ташаккули фазои иттилоотии солим ва таҳкими ваҳдат нақши бориз доранд. Дар замони имрӯз, ки иттилоот бо суръати бесобиқа паҳн мегардад, нақши воситаҳои ахбори омма дар таъмини амнияту субот мақоми хоса касб менамояд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Манфиатҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеа тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ натанҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти давлат ва ҷомеа хизмат кунанд”.
Таъкид гардид, ки журналистикаи муосир бояд ба принсипҳои касбият, воқеънигорӣ ва риояи меъёрҳои ахлоқӣ такя намояд. Дар шароити рақобати иттилоотӣ ва паҳншавии иттилооти носаҳеҳ, масъулияти журналистон барои ҳифзи фазои солими иттилоотӣ дучанд мегардад. Танҳо бо такя ба таҳлили амиқ, санҷиши дақиқи манбаъҳо ва мавқеи мустақили касбӣ матбуот метавонад эътимоди ҷомеаро ҳифз намояд.
Ҳамзамон, тибқи амри Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз 6-уми марти соли 2026 барои саҳми муносиб дар рушди соҳа ва тарғиби дастовардҳои кишвар як гурӯҳ фаъолон бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, аз ҷумла, Луъмониддин Камолиддинов, Мунаввара Мирзоумарова, Илҳомҷон Ҳошимов, Нуъмонҷон Раҷабов, Насимҷон Мухторов, Мадина Почоева, Дилрабо Пирназарова, Нуъмон Умаров, Мамлакат Байзоева, Далер Алишерзода, Дилором Солибоева, Мирзоаъзам Мақсудов, Гулнора Гадойбоева, Дилбар Самадова ва Шариф Иброҳим сарфароз гардонида шуданд.
Яке аз лаҳзаҳои ҳаяҷонбахши чорабинӣ эълони ғолибони озмуни вилоятии Ҷоизаи журналистон ба номи Ҳоҷӣ Содиқ буд. Ин озмун дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода аз 20-уми феврали соли 2026 ташкил гардида, ҳайати ҳакамон беҳтаринҳоро муайян намуданд.
Дар бахши телевизион ва радио Баҳроми Юсуфзод аз телевизиони Истаравшан соҳиби ҷоиза гардид. Дар бахши матбуот ва веб-журналистика бошад, Бихалича Ахмедова аз рӯзномаи “Суғд Ҳақиқати” ва Фирӯза Абдуазизова аз рӯзномаи “Садои Конибодом” ғолиб дониста шуда, бо Диплому мукофотпулӣ қадрдонӣ гаштанд.
Инчунин, барои фаъолияти пурсамар кормандони рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” Тавҳида Ҷӯраева ва Шаҳбону Олимова бо Ифтихорномаи Созмони журналистони вилояти Суғд сарфароз гардиданд.
Ин ҳама қадршиносиҳо гувоҳи таваҷҷуҳи хосаи давлат ба аҳли қалам ва рушди сухани озод дар вилоят мебошад.
Шаҳбону ОЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”




