Бори аввал дар таърих Ҷумҳурии Тоҷикистон дар New York Fashion Week яке аз бонуфузтарин ҳамоиши ҷаҳонии соҳаи мӯд муаррифӣ гардид. Кишварро тарроҳи тоҷик Нафиса Имранова бо бренди худ ZHIWJ намояндагӣ кард. Гуфта мешавад, ки иштироки ӯ рӯйдоди муҳимеро мемонад, ки ба василаи он  фарҳанги кӯҳани тоҷик бори дигар дар арсаи ҷаҳонӣ рӯнамоӣ шуд. Ин намоиш дар доираи платформаи Flying Solo сурат гирифт, ки дар он 53 тарроҳ аз 23 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд. Бренди тарроҳи муваффақи тоҷик дар миёни даҳҳо номҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳро ба худ ҷалб сохт.

- Ман хеле ҳаяҷон доштам, лекин вақте дар анҷоми намоиш ба саҳна баромадам, кафкӯбиҳо то расидан ба охири он ва бозгашт қатъ намешуданд. Ин кафкӯбиҳои расмӣ набуданд, балки пазироии гарми аҳли толор эҳсос мешуд, - изҳор дошт тарроҳ.

Пас аз намоиш Нафиса бо тамошобинон мулоқот кард. Барои онҳо омезиши нақшҳои шарқӣ бо унсурҳои эко-чарм мароқангез буд. Имрӯз дар бозорҳои Аврупо ва Амрико истифодаи матоъҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаву устувор ба равияи асосӣ табдил ёфтааст. Ду сол пеш ӯ бозори мӯди ҷаҳониро хуб омӯхта, барои подиуми амрикоӣ коллексияеро таҳия кард,  ки  ба талаботи аудитория ҷавобгӯст.

Ӯ аз қолаби маъмулии тарроҳони Осиёи Марказӣ берун рафта, нақшҳои миллӣ аз эко-пӯст буридашударо дар либосҳо ҷой дод. Офаридаҳояш бо омезиши органза, шифон ва пӯст намуди назаррабое ёфта,  ба коллексия нотакрорӣ мебахшад.

Ҳар як образ бо истифода аз матоъҳои қадима таҳия шуда, барои бозори амрикоӣ мутобиқ гардонида шуда буд. Дар онҳо рамзҳои фарҳангии минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд ва манотиқи Бадахшону Кӯлобро дар худ ҳифз сохтааст. Кафшҳое, ки аз ҷӯробҳои анъанавии бадахшонӣ сохта шудаанд, таваҷҷуҳи махсусро ба худ ҷалб кард.

- Ман ба матоъҳои қадима ҳаёти нав бахшидам. Дубора истифода шудани матоъҳо як роҳест, ки барои ҳифзи муҳити зист мусоидат мекунад. Имрӯз дар миқёси ҷаҳон ҳангоми пеш бурдани кори либософарӣ  таваҷҷуҳ ба ҳифзи муҳифти зист натанҳо як тамоюл, балки ба принсипи муҳими касбӣ табдил ёфтааст, -  таъкид дошт тарроҳ.

Дар маҷмӯъ, Нафиса Имранова дар офаридаҳои хеш фарҳанги кӯҳани халқи тоҷикро ҳифз сохта, Тоҷикистонро дар муколамаи ҷаҳонии эҷодӣ ба таври шоиста  муаррифӣ сохт.