Дар таърихи матбуоти тоҷик номи рӯзноманигороне сабт шудааст, ки тамоми умри худро ба хизмати ҳақиқат, инъикоси зиндагии мардум ва ҳалли мушкилоти ҷомеа бахшидаанд. Яке аз чунин шахсиятҳои барҷаста Ҳадиятулло Тӯйчизода мебошад, ки умре ба қаламу қоғаз содиқ мондааст. Ӯ 8-уми майи соли 1951 дар деҳаи Лаби дарёи Ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Ашт, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Аз овони мактабхонӣ ба пешаи рӯзноманигорӣ шавқу рағбат пайдо намуда, хабару мақолаҳояш пайваста дар матбуоти даврӣ ба табъ мерасиданд.

Соли 1968 баъди хатми мактаби миёнаи зодгоҳ ба шуъбаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, соли 1973 онро бомуваффақият ба итмом расонид. Ҳанӯз дар солҳои донишҷӯӣ навиштаҳои ӯ дар рӯзномаҳои “Пионери Тоҷикистон” (ҳоло “Анбоз”), “Комсомоли Тоҷикистон” (ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”) ва маҷаллаи “Машъал” (ҳоло “Истиқбол”) нашр мешуданд. Ӯ ҳамеша мекӯшид, ки сатҳи эҷодиашро боло бурда, мавзуъҳои ҷолибу муҳимро фаро гирад.

Пас аз хатми донишгоҳ фаъолияти меҳнатии худро дар идораи рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Ленинобод” (ҳоло “Ҳақиқати Суғд”) оғоз намуд. Дар ин  нашрияи бонуфуз солҳои зиёд фаъолият бурда, вазифаҳои гуногун-ходими адабӣ, мухбир, мухбири калон, мудири шуъба ва мухбири махсусро дар шаҳру навоҳии Ашт, Конибодом ва Исфара ба уҳда дошт. Навиштаҳои ӯ асосан ба зиндагии мардуми одӣ бахшида шуда, масъалаҳои иҷтимоӣ ва мушкилоти аҳолии деҳотро инъикос мекарданд.

Ҳадиятулло Тӯйчизода дар тӯли фаъолияти худ ҳаёти пурҷӯшу хурӯши мардуми вилоятро бо маҳорати баланд тасвир намуд. Иштироки ӯ дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992, дар “Қасри Арбоб” баргузор гардид, яке аз лаҳзаҳои муҳимтарини фаъолияти ӯ ба ҳисоб меравад. Ӯ ҳамчун мухбири парлумонии рӯзнома ин рӯйдоди сарнавиштсози миллатро бо масъулияти баланд инъикос намуда, мавқеи шоистаро соҳиб гардид.

Солҳои охири умр ҳарчанд дар нафақа буд, лек аз фаъолияти эҷодӣ канор намонд. Бо рӯзномаву маҷаллаҳо ҳамкорӣ намуда, мақолаҳояш мунтазам ба нашр мерасиданд.

Тавҳида Ҷӯраева, рӯзноманигор ва яке аз ҳамкасбони наздики Ҳадиятулло Тӯйчизода, андешаҳои худро перомуни ин қаламкаши пурмаҳсул бо самимият ва эҳтироми хос чунин баён дошт:

-Солҳои нахустини ба идораи бонуфуз-рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” омаданам, беш аз 60 нафар корманд фаъолият дошту аксари эҷодкорон субҳ ба кор меомаданду супоришҳоро гирифта, ба шаҳру навоҳӣ роҳсипор мегардиданд, ки байни онон рӯзноманигори шинохта Ҳадиятулло Тӯйчиев низ буданд. Чун рӯзноманигор сермаҳсул буданд. Метавон гуфт, он кас рӯз дар миён ба идора меомаданду албатта, дар кӯлворашон дар жанрҳои мухталиф мавод меоварданд. Нисбат ба навқаламон низ серталаб буданд. Кӯшиш менамуданд, нафари ба идора нахустқадами худро гузошта, тасаввуроте дошта бошад ва гоҳе мавзуъҳои ҷолибро пешниҳод намуда, инчунин роҳнамоӣ низ мекарданд.

Дар оиладорӣ низ маҳорати хоса доштанд. Фарзандашон Насрулло ҳанӯз наврас буду гоҳ гоҳе ҳамроҳи худ ба кор меоварданд. Бо мақсади инкишофи нутқ ва дар ҷамъият мақоми хешро дарёфтан нахуст писарашонро ба театри наврасони шаҳри Хуҷанд бурданд. Насруллои наврас дар ҳамин театр дар  чанд саҳнаҳои бачагона нақшҳои гуногунро офарид. Ба камол расидани фарзандашон Насрулло барои Ҳадиятулло Тӯйчиев олами хосаи худро дошт. Агар гӯем, ки падар барои ба воя расидани фарзанд, дар ҷамъият мақоми хосаи хешро дарёфтан хеле заҳмат кашид, хато нахоҳад шуд, зеро аз ҳар як муваффақияту дастовардҳои меваи умрашон бо як муҳаббати хоса ҳарф мезаданд. Бо ҳамин такопӯ падар нахли умрашро ба ҷомеа комил пешниҳод карда тавонист. Чун дар оғоз аз боби фаъолияти меҳнатиашон ёдовар гаштам, метавон гуфт, умри зиёди Ҳадиятулло Тӯйчиев дар шаҳру навоҳии вилоят, дар байни деҳқонони рӯзирасону пахтачинони моҳир, омӯзгорони деҳоту корхонаҳои саноатӣ паси сар гаштааст, хато нахоҳад шуд. Зеро вақте ҳамроҳи ҳамкорамон Рафоатбуча Мӯъминова ба коргоҳе ва ё майдони доманфарох аз рӯзгори бонувони меҳнатқарини ҳунарвару деҳқон ба шаҳру ноҳияҳо барои навиштани очерку мақолаҳо роҳсипор мегардидем, баробари моро дидан, албатта, аз кормандамон Ҳадиятулло Тӯйчиев пурсон мешуданд. Ва боиси ифтихори мо, рӯзноманигорон мегардид, ки гарчанде солҳо сипарӣ гардидааст, аммо аз журналисти варзида Ҳадиятулло Тӯйчиев ёд мекунанд.

Ҳадиятулло Тӯйчиев чун рӯзноманигор ҳамеша аз вазъи ҷомеа огоҳ буданду муштариёни ҷаридаро низ аз ин мужда воқиф месохтанд. 

Рафоат Мӯъминова, рӯзноманигори варзида ва ҳамқадами эҷодии Ҳадиятулло Тӯйчизода, аз роҳи пурбаракату хотирмони фаъолияти ӯ бо эҳтироми вижа ёд карда, чунин ибрози назар намуд:

-Ҳадиятулло Тӯйчизода аз зумраи рӯзноманигороне буданд, дар иҷрои супориши роҳбарияти нашрия масъулиятшинос, заҳматкаш. Ҳар як супоришро сари вақт ва бо фаврият баҷо меоварданд. Солҳои ҳафтодуму ҳаштодуми асри гузашта бемуҳобот, дар ҳар шумораи рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Ленинобод”, ки дар як ҳафта панҷ маротиба интишор мешуд, бо имзои ин журналист ягон очерк, публитсистика, хабарнома, лавҳаи хонданбоберо дучор омадан мумкин буд. Дар бораи дастовардҳои меҳнатии кормандони соҳаи кишоварзӣ, деҳқонон, пахтакорон, боғдорон, ҳамчунин аз рӯзгори шахсиятҳои барӯманди ҳудуди вилоятамон маводи ҷолиб интишор мекунониданд. Ин рӯзноманигорро дар идора чун марди роҳ ном мебурданд. Солҳои тӯлонӣ дар шуъбаи кишоварзӣ фаъолият бурда, ҳар рӯз аз субҳи барвақт ба шаҳру навоҳии қаламрави вилоят баромада, мерафтанд ва гашти рӯз бо кӯлвори пур аз матолиб бармегаштанд. Он солҳо айёми гулгулшукуфоӣ, пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Ва ба назарам, ягон гӯшаву канори вилоятамон, то дурдасттарин мавзеъҳояш аз назари ин рӯзноманигор дур намонда буд. Дар як шуъба бо шоира Озод Аминзода ва устод Қурбон Алӣ Ӯрмонов фаъолият доштанд. Дар ёд дорам, ки ба сафарҳои корӣ бароянд, ба аҳли кормандон, собиқадорон, ба сармуҳаррирамон шодравон Усмонҷон Тоҷибоев, ки бемории фишори баланди хун доштанд, гиёҳҳои шифобахш, аз ҷумла ҳулбаи кӯҳӣ, чойкаҳак ва дигар намуди гиёҳҳоро меоварданд. Дармонҳои табиии кӯҳҳои сарзамини мо, ки он замонҳо мардум аз дорувор хеле кам истифода мебурданд, боиси хурсандии аҳли ҷомеаи меҳнатиамон мегардид ва кормандони шуъбаҳо аз гиёҳҳо чой дам карда менӯшиданд. Ҳамчунин, ҳамчун зодаи ноҳияи Ашт ин рӯзноманигор маводи зиёд аз фаъолияти хоҷагиҳо ва корхонаву ташкилоти зодгоҳашон менавиштанд ва чандин маротиба аз Кони намак баҳри кормандон намакҳои бандубасткардашуда дар шакли армуғон, ки йодноккардашуда буд, меоварданд ва ба қавле, тамоми сол кормандон аз он баҳравар мегардиданд.

Аммо ин қадар калонсол ҳам набуданду якбора бемор шуданд. Мо, бонувони идораи рӯзнома хавотир шудем, ки чаро Тӯйчизода камнамо шудаанд. Ҳамкорон гуфтанд, пояшонро пойафзол ҷароҳатнок кардааст. Ва бо ҳамин чандин муддат ба кор набаромаданд. Вақте омаданд, хеле андӯҳгин буданд, базӯр роҳ мегаштанд, гуфтанд, як пояшон сунъӣ аст. Аз ин хеле ғамгин шудем. Вале бовуҷуди ҳамин баъзан мавод навишта меистоданд. Хизмати ин рӯзноманигор дар пешбурди матбуот калон аст.

Насрулло Тӯйчизода, писари Ҳадиятулло Тӯйчизода аз пайи падар рафта, имрӯз муҳаррири маҷаллаи “Илм ва ҳаёт” аст. Ӯ дар ин ҷодаи пурифтихор падарро аввалин устоди хеш меҳисобад:

-Барои ҳар инсон падар наздиктарин шахс ба ҳисоб меравад ва барои ман навиштани чанд сатре дар бораи падарам осон нест. Ҳарчанд бо тақозои пеша, ки ман низ идомадиҳандаи касби падар ҳастам, пайваста менависем ва симои шахсиятҳоро барои хонандагон муаррифӣ менамоем, аммо дар бораи шахси наздиктарин навиштан душвор будааст. Падари ман бароям пеш аз ҳама устод буданд ва нозукиҳои суханварию эҷодкорӣ, борикбин буданро омӯзониданд. Бо гузашти солҳо эҳсос мекунем, ки ҳар як ҳарфу рафтору пиндори падарам дуруст буд ва инро ҳоло бештару амиқтар дарк месозем. Барои ман боиси ифтихор аст, ки падарам ҳамчун жуналисти варзида ном баровардаанд ва дар гӯшаю канори кишвари азизамон он касро ёд меоранд, ҳатто то ҳоло мақолаҳои навиштаашонро ба хотир оварда, дар ҳаққашон суханҳои нек мегӯянд.

Падарам барои такмили маҳорати журналистии ман саҳми бузург дошта, пайваста таваҷҷуҳ медоданд, ки кадом китобро мехонам ва ё кадом мавзӯро пайгирӣ менамоям. Таъкид менамуданд, ки дар аспирантура низ хонаму соҳиби унвони илмӣ шавам ва имрӯз сарфароз аз онам, ки ин орзуи падарам низ амалӣ шуд. Аз  комёбиҳои кӯчактаринам низ нишоти бисёр гирифта, барои ояндаи дурахшон талқин месохтанд. Имрӯзҳо 75  солагии падарам таҷлил мегардад, вале боиси таассуф аст, ки дар байни мо нестанд. Мо-фарзандону наберагон кӯшиш мекунем, идомадиҳандаи кору пайкори созанда ва зиндагии ибратомӯзи он кас бошем.

Мутриба Тӯйчизода, духтари  устод низ бо роҳи падар рафта, ҳамзамон, ҳамчун омӯзгор ба тарбияи мутахассисони оянда саҳми арзанда мегузорад. Ӯ бо эҳсоси гарму самимӣ аз хотироти ширини худ аз рӯзгори падар қисса кард:

-Чун сухан аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва аҳамияти бузурги таърихии он барои миллати тоҷик меравад, беихтиёр падарам, журналисти шинохта, мухбири парлумонии рўзномаи вилоятии “Хақиқати Ленинобод” (имрӯза “Ҳақиқати Суғд”)  Ҳадиятулло Тўйчизода ба ёдам меоянд. Падарам он солҳо аз фаъолтарин журналистоне маҳсуб меёфтанд, ки пайваста дар ҷаласаҳои Иҷлосия ширкат намуда, бо маводу мусоҳибаҳои холисонаи хеш хонандагонро аз муҳимтарин ҳодисаҳои сиёсӣ ошно менамуданд. Табиист, ки 34 сол пеш  воситаҳои ахбори омма мисли замони имрўз зиёд набуд. Дар ин айём рўзномаи вилоятии “Ҳақиқати Ленинобод”, ки аз сертеъдодтарин рўзномаҳои кишвар буд, барои ба мардум расонидани иттилои беғараз ва саривақтӣ хизмати бузургеро иҷро менамуд. Рўзнома ҳафтае 5 маротиба нашр мешуд. Падарам нақл мекарданд, ки пас аз анҷоми кори Иҷлосия шомгоҳ ба хона омада, то поси шаб ба иншои мақолаҳо машғул мешуданд. Сипас субҳи барвақт ба идораи рўзнома рафта, ба посбони идора мақолаҳоро месупориданд ва боз ба “Қасри Арбоб” раҳсипор мешуданд. Мо падарамонро гоҳ-гоҳ дар телевизион медидем. Олам нигарони “Қасри Арбоб” буд. Барои инъикоси тақдири минбаъдаи ҷумҳурии тозаистиқлол намояндагони зиёди расонаҳои хориҷӣ низ омада буданд.  Мақолаҳои падарам, аз қабили “Оши оштӣ шуд, охираш ба хайр шавад”, “Олам нигарони Арбоб буд”, “Эмомалӣ Раҳмонов ва “Хақиқати Ленинобод””, “Нурулло Ҳувайдуллоев чӣ гуна одам буд?”, инчунин суҳбатҳо бо сиёсатмадорон ва вакилони мардумӣ то ҳоло дар ёди ман боқӣ мондааст. Онро гаштаю баргашта мехонданду андешаронӣ менамуданд. Ин мақолаҳоро рўзномаҳои бонуфузи ҷумҳурӣ бознашр менамуданд.

Метавон гуфт, ки зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии Ҳадиятулло Тӯйчизода намунаи ибрат барои насли имрӯзу фардои рӯзноманигорон ба шумор меравад. Ӯ бо қалами бурро, дили пурмеҳр ва ҳисси баланди масъулият тавонист дар саҳифаҳои матбуоти тоҷик нақши мондагор гузорад. Ёди ӯ на танҳо дар навиштаҳояш, балки дар хотираи ҳамкасбон, шогирдон ва пайвандонаш зинда аст. Роҳи интихобкардаи ӯ-хизмати содиқона ба ҳақиқат ва мардум-имрӯз низ идома дорад ва номи некашро ҷовидона нигоҳ медорад.

 

Амони МУҲАММАД,

“Ҳақиқати Суғд”