Ин навбат пресстури намояндагони воситаҳои ахбори омма ба ноҳияи шуҳратманди Бобоҷон Ғафуров аз боздиди Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров оғоз гардид. Рӯзноманигоронро муовини раиси ноҳия Дилором Турсунзода ва дигар масъулин пешвоз гирифтанд.
Сипас иштирокчиёни пресстур аз ин махзани бузурги таърихиву фарҳангӣ, ки баъди таъмиру навсозии пурра бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, боздид ба амал оварданд. Боиси қайд аст, ки ин мавзеъ имрӯз ба яке аз марказҳои муҳими илмиву маърифатӣ ва тарбиявии кишвар табдил ёфтааст.
Бино ба гуфти роҳбарият Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров на танҳо маҳалли нигоҳдории мероси арзишманди ин фарзанди фарзонаи миллат мебошад, балки макони муаррифии таърихи пурғановати миллати тоҷик ва хизматҳои мондагори абармарди илму фарҳанг ба ҳисоб меравад. Намояндагони васоити ахбори омма зимни боздид аз толорҳои осорхона бо шароити муҳайёгардида, гӯшаҳои таърихӣ ва дастовардҳои илмии ин шахсияти барҷаста аз наздик ошно гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки осорхона аз 18 гӯшаи алоҳида иборат буда, дар онҳо ҳаёт, фаъолияти ҷамъиятӣ, илмиву эҷодӣ ва хизматҳои шоёни академик Бобоҷон Ғафуров ба таври мукаммал инъикос ёфтааст. Аз ҷумла, гӯшаҳои “Давраи кӯдакӣ, таҳсил ва ташаккули шахсияти Бобоҷон Ғафуров”, “Оғози фаъолияти меҳнатӣ: Бобоҷон Ғафуров — ходими комсомол ва рӯзноманигор”, “Мероси хаттӣ: мукотибаҳои Бобоҷон Ғафуров” ва дигар бахшҳо таваҷҷуҳи меҳмононро ба худ ҷалб намуданд.
Яке аз бахшҳои муҳими осорхона ба китоби машҳури “Тоҷикон” бахшида шудааст, ки маҳсули заҳмати чандсола ва таҳқиқоти амиқи академик Бобоҷон Ғафуров маҳсуб меёбад. Дар ин гӯша намунаҳои олоти қадима, ҳунарҳои мардумӣ, нигораҳои бостонии Панҷакент ва дигар бозёфтҳои таърихӣ ба намоиш гузошта шудаанд, ки далели равшани куҳанбунёдӣ ва тамаддунофар будани миллати тоҷик мебошанд. Маҳз ҳамин асари безавол барои шинохти таърихи тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ саҳми беназир гузоштааст.
Ҳамчунин, гӯшаи “Академик Бобоҷон Ғафуров ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” аз арҷгузории давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматҳои ин абармарди миллат шаҳодат медиҳад. Дар он ташаббусҳои муҳим ва иқдомҳои созандаи Пешвои миллат ҷиҳати ҷовидонсозии номи академик ва ҳифзи мероси илмии ӯ бозтоб ёфтаанд.
Осорхона аз се бахши асосӣ — “Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба ҷамъоварӣ ва омӯзиши мероси академик Бобоҷон Ғафуров”, “Таблиғи мероси илмӣ” ва “Китобхонаи электронӣ” иборат буда, барои муҳаққиқон, донишҷӯён ва дӯстдорони таъриху фарҳанг имкониятҳои васеи омӯзиширо фароҳам меорад. Дар осорхона инчунин либосҳои шахсӣ, мизу курсӣ, расмҳо аз фаъолияти меҳнативу илмӣ ва нусхаҳои мукофоту ҷоизаҳои академик дар гӯшаҳои махсус ҷой дода шудаанд.
Намояндагони воситаҳои ахбори омма зимни боздид таъкид намуданд, ки чунин тадбирҳо барои муаррифии арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони фарзонаи миллат аҳаммияти бузург доранд. Зеро зиндагӣ ва фаъолияти пурифтихори академик Бобоҷон Ғафуров барои насли ҷавон ҳамчун мактаби ибрат ва намунаи садоқат ба миллату Ватан хизмат мекунад.
Баъди анҷоми корҳои таъмиру навсозӣ осорхона бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд симои нав касб намуда, шароити муосир барои ҳифзу нигоҳдории осори таърихӣ ва рушди корҳои илмӣ муҳайё гардидааст. Бешак, ин иқдоми наҷиб дар роҳи омӯзиши амиқи таърихи миллат, тарбияи маънавии ҷавонон ва таҳкими ҳисси ифтихори миллӣ нақши муассир хоҳад гузошт.
МАЪРИФАТ — ПОЯИ ОЯНДАИ МИЛЛАТ
“Аз рӯзи аввал дар сиёсати ман соҳаи илму маориф дар мадди аввал меистад”. Ин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар тамоми гӯшаву канори мамлакат, бахусус дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, аз ҷумла Хистеварз таҷассумгари воқеияти зиндагӣ гардидааст.
Дар ҳақиқат, агар ба симои имрӯзаи деҳоти Хистеварз назар афканем, баръало эҳсос мегардад, ки сиёсати маорифпарваронаи давлату Ҳукумат дар ин минтақа натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст. Бунёди муассисаҳои замонавии таълимӣ, фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсилу таълим, ҷалби омӯзгорони соҳибтахассус ва истифодаи технологияҳои навин далели ғамхории пайвастаи Пешвои миллат нисбат ба насли наврас мебошад.
АВВАЛИН ЛИТСЕЙ — ҚАДАМИ УСТУВОР БА СӮИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН
14-уми ноябри соли 2023 барои сокинони Хистеварз рӯзи таърихиву фаромӯшнопазир гардид. Маҳз дар ҳамин рӯз бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таълимии давлатии “Литсейи №1”-и Ҷамоати деҳоти Хистеварз мавриди истифода қарор гирифт — муассисаи нави таълимие, ки имрӯз ҳамчун яке аз рамзҳои пешрафти соҳаи маориф дар минтақа эътироф мегардад.
— Ин боргоҳи илму маърифат аз чор ошёна иборат буда, барои ҳазор нафар хонанда пешбинӣ шудааст. 48 синфхонаи замонавӣ, кабинетҳои муҷаҳҳази фанни химия, физика, биология, технологияи иттилоотӣ, озмоишгоҳҳо, китобхона бо толори хониш, маҷлисгоҳ, ошхона ва майдончаҳои варзишӣ муҳайё гардидаанд. Ҳамаи ин далели он аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон барои тарбияи насли донишманду соҳибкасб тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Литсейи мазкур нахустин муассисаи типи литсей дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳисоб рафта, фаъолияти он асосан ба омӯзиши амиқи фанҳои табиӣ-математикӣ ва технологияҳои муосир равона шудааст, - изҳор дошт директори литсей Нигина Ҷӯраева.
Бино ба гуфти мавсуф хонандагон тариқи озмун қабул гардида, бо онҳо омӯзгорони варзидаву соҳибтаҷриба фаъолият мебаранд.
Маҳфилҳои “Арифметикаи зеҳнӣ”, “Математикон”, “Химикони ҷавон”, омӯзиши амиқи забонҳои хориҷӣ ва ҳатто, омӯзиши забони чинӣ нишон медиҳанд, ки роҳбарияти муассиса ба тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир ва ҷавобгӯ ба талаботи замон таваҷҷуҳи махсус медиҳад. Алҳол дар ин муассиса 57 нафар омӯзгори соҳибтахассус фаъолияти пурсамар дошта, аз онҳо 15 нафарашон мутахассисони ҷавон мебошад.
Имрӯз хонандагони литсей дар озмунҳои фаннӣ, олимпиадаҳо ва чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, обрӯи ноҳия ва вилояти Суғдро баланд мебардоранд. Ин ҳама самараи сиёсати дурандешонаи давлат дар соҳаи маориф аст.
Омӯзгори МТД “Литсейи №1”- и ноҳия Сайёра Юсупова мегӯяд:
— Мо, омӯзгорон, имрӯз дар шароите фаъолият дорем, ки чанд сол қабл ҳатто тасаввур карданаш душвор буд.
Кабинетҳои замонавӣ, тахтаҳои электронӣ, озмоишгоҳҳо ва дастрасӣ ба технологияҳои муосир имкон медиҳанд, ки дарсҳоро бо сифати баланд баргузор намоем. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса доранд ва мо ин ғамхориро ҳар рӯз эҳсос мекунем. Бовар дорам, ки маҳз чунин шароит ҷавонони моро ба мутахассисони варзидаву рақобатпазир табдил медиҳад.
“ДУРАХШАНДАГОН” — МАКТАБЕ, КИ ВОҚЕАН ДУРАХШАНДА АСТ
Соли 2021 дар ҳамин деҳоти номвар боз як муассисаи замонавии таълимӣ — МТҒУ “Дурахшандагон” мавриди истифода қарор гирифт. Ин муассисаи таълимӣ имрӯз дар миқёси кишвар ҳамчун намунаи беҳтарини ҳамкории давлату соҳибкорон дар рушди соҳаи маориф эътироф мешавад.
Мактаби сеошёнаи “Дурахшандагон” барои 600 хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, бо тамоми таҷҳизоти муосир таъмин шудааст. Синфхонаҳои забонҳои хориҷӣ, физика, химия, география, синфи рассомӣ, тахтаҳои электронӣ, компютерҳои навтарин ва дигар воситаҳои таълимӣ муҳити мусоиди омӯзишро ба вуҷуд овардаанд.
- Ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷриба аз Федератсияи Россия бозгӯи он аст, ки муассиса ба сифати таълим аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Имрӯз “Дурахшандагон” на танҳо мактаб, балки маркази воқеии парвариши истеъдодҳо маҳсуб меёбад.
Саҳни ободу назаррабои муассиса, муҳити фарҳангӣ ва имкониятҳои васеи таълимӣ ҳар як хонандаро ба омӯзишу эҷодкорӣ ҳидоят менамояд.
Маориф — самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ
Дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Агар солҳои аввали истиқлолият мушкилоти зиёде вуҷуд дошта бошад, имрӯз вазъият комилан дигар аст.
Дар ноҳия даҳҳо муассисаҳои таълимии нав бунёд ва азнавсозӣ гардида, синфхонаҳои иловагӣ сохта шуданд. Мактабҳои шакли нав — гимназияҳо, литсейҳо, мактабҳои хусусӣ ва муассисаҳои хонандагони болаёқат фаъолияти пурсамар доранд, - иброз дошт директори МТҒУ “Дурахшандагон”, собиқадори соҳаи маориф Малоҳат Бобозода.
Татбиқи барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла “20-солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”, инчунин таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз, ба баланд гардидани сифати таҳсил мусоидат намуд.
Имрӯз омӯзгор мақоми шоиста дорад. Ғамхории давлат нисбат ба аҳли маориф, баланд бардоштани маош, муҳайё намудани шароити мусоиди фаъолият ва таваҷҷуҳ ба рушди касбии омӯзгорон боис гардид, ки ҷавонони зиёде ба ин касби пуршараф рӯ оваранд.
Хонандаи муассисаи “Дурахшандагон” Муниса чунин иброз медорад:
— Мо аз он ифтихор мекунем, ки дар чунин мактаби замонавӣ таҳсил мекунем. Барои мо тамоми имкониятҳо муҳайё аст. Орзу дорем, ки дар оянда мутахассиси хуб шуда, ба Ватани азизамон хизмат кунем. Барои чунин шароити мусоид ба Пешвои миллат миннатдории самимии худро баён менамоем.
Хистеварз — маркази маърифат ва созандагӣ
Имрӯз деҳоти Хистеварз яке аз минтақаҳои пешрафтаву номвари кишвар дар соҳаи маориф шинохта шудааст.
Бунёди муассисаҳои замонавии таълимӣ, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва таваҷҷуҳ ба тарбияи насли наврас нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол инсон ва маърифат арзиши олӣ доранд.
Дар шароите, ки ҷаҳони муосир ба дониш ва технология такя мекунад, маҳз таваҷҷуҳи давлат ба соҳаи маориф кафолати ояндаи дурахшони миллат мебошад. Ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров имрӯз намунаи равшани ин сиёсати созанда аст. Алҳол дар ноҳия 140 муассисаи таълимӣ фаъолияти пурсамар дошта, аз ин теъдод 5 гимназияву макотиби хусусӣ ва 40 муассисаи томактабӣ мебошад.
Бешак, насли наврасе, ки имрӯз дар чунин муассисаҳои муосир таҳсил мекунад, фардо идомадиҳандаи роҳи созандагиву бунёдкории миллат хоҳад буд. Зеро миллате, ки ба илму маърифат такя мекунад, ҳамеша пирӯз ва сарбаланд мемонад.
Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”




