Бо фарорасии Иди байналмилалии Наврӯз ва дар доираи тадбирҳо ҷиҳати эҳёву тарғиби бозиҳои миллии аҷдодӣ, инчунин тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, бо ташаббуси Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар варзишгоҳи «Хуррамшаҳр»-и Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» даври вилоятии озмуни «Бозиҳои миллӣ» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ хонандагони муассисаҳои таълимии 15 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд иштирок намуда, маҳорати худро дар намудҳои гуногуни бозиҳои суннатии тоҷикон ба намоиш гузоштанд.

Ба иттилои мудири шуъбаи корҳои илмӣ ва эҷодии Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Гулчеҳра Шокирова, озмун аз рӯйи як қатор бахшҳои бозиҳои мардумӣ, аз ҷумла «Лалакпарронӣ», «Бодпаракпарронӣ», «Ҳаппакбозӣ», «Лакпарбозӣ», «Ланкабозӣ», «Ошуқбозӣ», «Чиллакбозӣ» ва «Арғамчинбозӣ» баргузор шуд.

Дар маросими кушодашавии озмун сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Гулсара Мирзозода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд Мӯсобек Самизода ва директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Гавҳарҷон Юнусова иштирок доштанд.

Сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Гулсара Мирзозода зимни суханронӣ иштирокдоронро бо фарорасии фасли зебои баҳор ва Иди байналмилалии Наврӯз муборакбод гуфта, таъкид намуд, ки баргузории чунин озмунҳо барои ҳифзу рушди бозиҳои миллии ниёгон, пос доштани анъанаҳои аҷдодӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба фарҳанги миллӣ аҳамияти муҳим дорад.

Дар анҷоми озмун ғолибон ва иштирокчиёни фаъол аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбастӣ бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

 

Сурайё Ҳакимова,

“Ҳақиқати Суғд”