Бешак, ҳар як нафар сокини вилояти овозадори Суғди бостон иншооти шаҳкории даврони соҳибистиқлолӣ – Чойхонаи миллии “Боғи миллии  Ваҳдат”-и ноҳияи Бобоҷон Fафуровро медонанд ва, албатта, дар чорабинии тантанавие дар ин бинои бошукӯҳу шаҳомат ширкат намудаву аз санъатҳои миллии дохили он мафтун мондаанд. Ба намои муҳташаму босалобат ва ороишҳои нодири ин Чойхона, ҳатто, намояндагони меҳмонони хориҷии мамолики дуру наздик низ мафтун гардидаву ба ҳунари дастони эъҷозофарини тоҷикон аҳсан хондаанд.

Ҳамчунин Амфитеатри шафати Қасри фарҳанги Арбоб дар ноҳияи Бобоҷон Fафуров бо зебу ороиши худ, бо хусусиятҳои хоси тарҳрезиаш иншооти нусхаи нотакрор дар қаламрави вилоят аст, ки чорабиниҳои  сатҳи  баланди вилоят, бахусус, маросими  гусели наваскарон ҳар мавсими баҳору тирамоҳ дар ҳамин иншооти зебо гузаронида мешавад.

Варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд бо 25 ҳазор ҷойи нишаст аз намунаи барҷастаи иншооти азим мебошад, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар як мавзеи нообод бунёд шуд ва имрӯз мисли як марвориди рахшон ба маркази вилоятамон - шаҳри Хуҷанд ҳусну зебоии тоза мебахшад.

Аз вақти мавриди истифода қарор гирифтани ин иншооти мӯҳташам чорабиниҳои оммавӣ бо ҳузури Пешвои муаззами миллат дар ин ҷо гузаронида мешавад. Дар ҳамин даргоҳи муътабар низ қабул гардидани Эъломияи дӯстии абадии се ҷумҳурии ҳамҷавору ҳамсоя- Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон бо баргузор намудани тантанаҳои идонаи беназир қайд карда шуд.

Тартиб додани лоиҳаи ҳамаи ин иншооти нодири даврон ва тарҳрезӣ намудани он бо номи як нафар бону-муҳандис-сохтмончӣ Махфират Зокирова (Шукӯҳӣ) вобаста аст. Маҳз ин мутахассиси соҳибтаҷрибаву кордон тарзу намуди сохтану бунёд намудани ин иншоотро, дар бунёди кадом қисмати иншоот кадом намудҳои металлоконструксияҳо, оҳану бетонро истифода бурданро бо дарназардошти сатҳи тобоварӣ ба заминларза ва шамолҳои сахт муайян намуда, лоиҳаро тартиб додааст.

Имрӯз соҳили рости шаҳри Хуҷандро Маҷмааи “Истиқлол” низ, ки онро мардуми вилоят Тоҷ ном мебаранд, шукӯҳу ороиш, ҳусну ҷамоли дигар мебахшад. Ва аз тамоми шаҳру навоҳии ҳудуди вилоят ва берун аз он мардум ба тамошои ин иншооти  зебову бовиқору босалобат меоянд. Ин иншоот аз ҷониби сармуҳандиси Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии ҶДММ “СуғдИНТИЗ” Махфират

Зокирова бо тарҳрезии саҳнаи тамошо, гузаргоҳҳо, намоишгоҳ, ҷойгирии мағозаҳо бо дарназардошти тобоварӣ ба заминҷунбӣ ва шамолҳои сахт истифода намудани масолеҳи сохтмонии сахту мустаҳкам дар таҳхонаи бино лоиҳакашӣ шудааст.

Ин мутахассиси варзидаи соҳаи сохтмону лоиҳакашӣ зодаи  деҳаи Шайхбурҳони ноҳияи Бобоҷон Fафуров буда, соли 1952-юм дар хонадони шоири ширинкаломи тоҷик Аминҷон Шукӯҳӣ ба дунё омадааст. Дар муҳити шеъру каломи мавзун, фардони соҳибмаърифату адабпарвар ба воя расида, Махфират Зокирова ба шеъргӯӣ завқу шавқ пайдо карду ҳам ба санъати дигари ҳунармандии миллӣ-санъати офаридану бунёдкорӣ дил баст. Ва баҳри амалӣ кардани орзуяш ба пойтахти мамлакат барои таҳсил рафт. Соли 1975 Институти политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ хатм кард. Ва аз ҳамон сол ба ҳайси муҳандиси сохтмон дар филиали Институти лоиҳакашии “Тоҷикгипрострой” (имрӯза “Суғдшаҳрофар”) ба фаъолият шуруъ кард. Дар ин муассиса минбаъд дар вазифаҳои муҳандиси калони шуъбаи механизатсия, муҳандиси дараҷаи 2, муҳандиси дараҷаи 1, муҳандиси барандаи шуъбаи конструктивӣ, роҳбари гурӯҳи конструктивӣ, сармутахассиси шуъбаи конструктивӣ иҷрокунандаи сардори шуъбаи конструктивӣ фаъолият бурд.

Аз моҳи июни соли 2014 то инҷониб ба ҳайси сармуҳандиси  ҶСК “СуғдИНТИЗ” фаъолияти хешро идома медиҳад. Ҳамин тавр ин мутахассиси варзида дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ дар тарҳрезии лоиҳаҳои бисёр иншоотҳои муҳим, аз ҷумла Чойхонаи миллӣ барои 1200 ҷойи нишаст дар назди Қасри фарҳанги Арбоб, Мақбараи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Хуҷанд, нишони Парчами миллӣ дар шаҳри Хуҷанд, Қасри фарҳанг дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, Қасри фарҳанги ноҳияи Ашт, лоиҳаи азнавбарқароркунии Боғи истироҳатӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ дар пойтахти мамлакатамон шаҳри Душанбе саҳми беназир гузоштааст.

Махфират Зокирова дар иҷрои вазифаи худ масъулиятшинос буда, имрӯз соҳиби малакаву маҳорати пухта, соҳиби таҷрибаи бой гардидааст ва ӯро дар мардуми ҳамчун устоди бузурги соҳаи лоиҳакашии иншооти сохтмон дар вилояти Суғд мешиносанду эҳтиромашро баҷо меоваранд. Ин бону аз зумраи мутахассисонест, ки мунтазам дониши худро сайқал медиҳад ва ҳангоми сохтмони иншооти тарҳрезишуда муаммоҳои конструктивиро бо истифода аз Барномаҳои муосир, аз ҷумла ЛИРА-САПР-2014, ФОК-2010 муваффақона ҳаллу фасл менамояд.

Иншооти сохтмонии давоми солҳои охир тарҳрезинамудаи ин мутахассиси номвар Маҷмааи навбунёди қабули меҳмонони олиқадр дар шаҳри Гулистон, Маркази бемориҳои дилу рагҳои вилояти Суғд ба номи Амонулло Орифов мебошанд, ки ҳини сафари корӣ ба вилояти Суғд Пешвои муаззами миллат ифтитоҳ намудаанд. Ин иншоот бо тарҳу намуди замонавӣ, зебо ва шароити қулаю мусоид аз биноҳои хуштарҳу хушнамуди қаламрави вилоятанд.

Имрӯзҳо, ки баҳри истиқболи сазоворонаи ҷашни бузурги миллат-35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми кишвар ва шаҳру навоҳии вилоят вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷараён дорад, Махфират Зокирова ва ҷомеаи кормандони ин муассиса низ серкору сертараддуданд. Баҳри сохтмони биноҳои муҳташам, замонавӣ, бо шароитҳои муносиб, муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ ва дигар намуди иншоот лоиҳаҳои замонавиро тарҳрезӣ мекунанд. Ба қарибӣ дар шаҳри Хуҷанд аз рӯи лоиҳаи онҳо кӯдакистони “Арча” ба истифода дода шуд.  Бунёди таълимгоҳу бинои истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд ва шаҳри Истаравшан идома дорад.

Хизматҳои беш аз нимасраи ин бону дар самти тарҳрезии биноҳои истиқоматӣ, иншооти соҳаи маорифу нигаҳдории тандурустӣ, иншооти замонавию муосири азим, ки Махфират Зокирова анҷом додааст, бо чандин Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд ва соҳавӣ қадрдонӣ гардидааст. Ин бонуи дар ҷодаи хеш соҳибмаҳорату соҳибтаҷриба имрӯз ба ҷавонон сирру асрори касб меомӯзонад ва ният дорад, дар тарҳрезии иншооти беҳтарин дар қаламрави вилоятамон саҳм гузорад.

 

Рафоат МӮЪМИНОВА,

“Ҳақиқати Суғд”