Насри навини тоҷикии нимаи дувуми садаи ХХ ва давраи истиқлол бо идомаи анъанаҳои эҷодии устод Айнӣ ва дигар суханварони барӯманд сурату сирати хоса ёфта, пайваста ба рушду такомул расида ва бо таҷассуми бадеии ҳаёти иҷтимоиву маънавӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар ин ҷода нависандаи соҳибистеъдод Маъруф Бобоҷон низ саҳми шоиста пайдо кардааст. Ин адиби хуҷандиасл барвақт ба мутолиаи каломи бадеъ ва эҷоди адабии классикону муосирон рӯ оварда, ин дилбастагӣ ӯро ба риштаи сухани Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон пайвастааст.
Фаъолияти меҳнатии Маъруф Бобоҷон баъди хатми донишгоҳ ба сифати муҳаррири барномаҳои Кумитаи садову симои Ҳукумати Тоҷикистон оғоз ва чун ходими адабии рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ”, раиси Маркази тарғиби адабиёти бадеӣ, сардори Идораи ҳифзи ҳуқуқи муаллифони назди Шӯрои вазирони Тоҷикистон, муовини котиби масъули шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, раиси нашриёти «Анис», сармуҳаррири маҷаллаи «Аниси Ватан» идома ёфтааст.
Маъруф Бобоҷон ба кори эҷодӣ низ бо завқи тамом шуғл варзида, аз як асар то асари дигар ҳунари адабиро сайқалу густариш дод, барои амиқрафти тафаккур, диди бадеӣ, вусъати ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳонфаҳмӣ тадбирҳои корсозе андешид. Вуруд ба мактаби эҷодии суханварони номӣ Аминҷон Шукӯҳӣ ва Ҷалол Икромӣ ва пайравӣ ба сабку услуби нигорандагии онон дарси ҳунар ва таҷрибаи бадеие ба ин адиби ҷавон буд, ки боиси такмили тахассусмандии адабиаш гардид. Аз ин нуқтаи назар Ҷалол Икромӣ ӯро аз зумраи шогирдони болаёқат, ҳушёр ва дақиқкор муаррифӣ карда, аз байни мардум бархостани ӯ, ҳамеша дар байни мардум кор карданаш ва табииву ҳаётӣ будани асарҳояшро таъкид кардааст.
Маҳсули эҷодии Маъруф Бобоҷон дар умри гаронмоя китоби очерку ҳикоя, қиссаву повест ва романҳои “Ҳодӣ Кенҷаев” (1970), “Хишти аввал” (1971), “Фарзанди замин” (1974), “Шаби охирин” (1978), “Имрӯзу фардои деҳот” (1980), “Ҷуфти кабӯтар” (1981), “Асири ҳафтум” (1985), “Бист дақиқаи интизорӣ” (1987), “Боғи умед” (1989), “Муҳаммад” (1991), “Бандии ихтиёрӣ” (2002), “Тавба” (2010), “Зиёрати Байтулмуқаддас” (2011), романи “Умеди вопасин” (2012), “Фурӯғи ишқ” (2016, 2021), “Қасами Гиппократ” (2020), “Қарз” (2022) ва ғайра мебошанд, ки чеҳраи муаллифро миёни адибону олимон ва аҳли завқ чун адиби серғайрату пуркор ва ҳунарвару соҳибқалам ба намоиш овардаанд.
Дарунмояи ин асарҳо фароху доманадор буда, соҳаҳои гуногуни рӯзгори мардум ва паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоиву маънавӣ ва фарҳангиро фаро мегиранд. Муаллиф дар роҳи ҳалли бадеии мавзуъҳои муҳими ҳаёти халқ кӯшидааст, ки ба хонанда то қадри имкон матлаби нав, сухани пурмоя гӯяд, пешорӯяш ягон нуктаи муҳими зиндагиро боз кунад, ки ба нуфузёфти ахлоқ ва зебоишиносиву парвариши завқи бадеӣ созгоранд. Ин маъно аз маҳсули аввали эҷодии нависанда “Хишти аввал”, “Шаби охирин”, “Ҷуфти кабӯтар”, “Боғи умед” эҳсос мешаванд. Дар ин осор манзараҳои меҳнати бунёдгаронаи мардум, муаммои кору таҳсилу фароғати ҷавонон ва ободии шаҳру деҳоти кишвар аз мавзуъҳои дараҷаи авваланд.
Маъруф Бобоҷон дар коркарди мавзуи ҷовидонии адабиёт – ишқу муҳаббати поки ҷавонон ва дилбандии онон дар раванди таҳсилу меҳнат завқи хос зоҳир карда, ин падидаи ҷолиби ахлоқӣ-маънавӣ муҳимтарин шарти бунёди оилаи солим шарҳу тафсир шудааст: Ғаффору Нигина дар “Хишти аввал”, Шарифу Дилафрӯз дар “Шаби охирин”, Шоҳҳайдару Моҳрӯ дар “Боғи умед”, Рустаму Людмила дар “Ҷуфти кабӯтар” бо чунин ишқи софу самимӣ хеле ибратбахш ва муассиру хотирмон ба ҷилва омадаанд.
Адиб андешаҳои фалсафӣ ва афкори иҷтимоиро дар масъалаҳои ҳастии инсон ва маънои зиндагӣ бо ишқи заминӣ ва меҳнати бунёдкоронаи қаҳрамон ифода кардааст. Повести “Боғи умед” аз хонданитарин офаридаҳоест, ки дар он истеъдоди қиссапардозӣ ва ҳунари нигорандагии соҳиби он равшан ба назар мерасад. Сужети он шавқовару ҳаяҷонбахш тарҳрезӣ шуда, ба тасвири образҳои дилнишину хотирмон маҳорати хос ба кор рафта ва симои дилкашу воқеии онон дар ҷараёни меҳнати сангин ва муомилаву муносибат бо ҳам ва атрофиён падид омадааст.
Қобилияти нависанда дар повести “Бандии ихтиёрӣ” низ равшану возеҳ аст. Ин асар аз рӯи ғояву мундариҷа ва нияти эҷодии муаллиф достони меҳри безаволи модар аст ва ба тасвири бадеии воқеаҳои мудҳиши солҳои аввали истиқлол, часпу талоши бемаънии ин давр ва ташвишу азиятҳои мардуми бегуноҳ бахшида шудааст. Муаллиф аз сарнавишти талху ширини пиразани борҳо ҷафодида батафсил ҳикоя намуда, воқеаи ба гарав гузоштани ҷони худ ва паси сар кардани ранҷу азоби рӯҳиву ҷисмонии давраи асириро муассиру аламангез ба тасвир овардааст.
Повести «Тавба»-и Маъруф Бобоҷон дар силсилаи эҷодиёти ӯ ҷойи хос дорад, ки аз лиҳози матлаб, гузориши қазия, ҷавҳари андеша ва натиҷагирӣ хонандаро ба андешаи амиқу густурда вомедорад. Чеҳраи муаллиф дар асар чун адиби дорои назари иҷтимоӣ ва ноқиди иҷтимоъгарои вазъи зиндагӣ дар як марҳалаи муассир намоён мешавад. Ӯ кӯшидааст, ки силсилаи муаммоҳои нозуки инсониро ҳаллу фасл намояд. Ин муаммоҳо ба рухдодҳои мутазод ва пурнабарди рӯзгор, масъалаҳои ахлоқ ва маънавияти ҷомеа, қазову қадар ва ҳастиву нестии оламу одам гиреҳ хӯрда, хонандаи аслбину нуктарасро барои расидан ба саодати зиндагӣ вомедоранд. Аз мутолиаву баҳрамандии ҷиддӣ ва нукта ба нуктаи ин асарҳо бармеояд, ки муаллиф дар роҳи эҷод бисёр ба андеша рафта ва заҳмат кашида, ҳарчи бештар кӯшиш ба харҷ додааст, ки аз донишу таҷрибаи хоси ҳаёт ба кор барад ва асари хонданиву таъсиргузор ба майлу ормони мардум ба миён оварад.
Нависанда шеваи офариниши ин асарро дар романҳои «Умеди вопасин» ва «Фурӯғи ишқ» боз ҳам амиқу барҷаста идома дода ва ба инъикоси урёниву бепардагии зиндагии инсонҳо даст ёфтанӣ шудааст. Бозёфтҳои муаллиф дар роҳи расидан ба саодати инсонӣ арзиши хос доранд.
Дигар аз муҳимтарин дастоварди эҷодии Маъруф Бобоҷон “Умеди вопасин” романи сервоқеа ва шавқовару пурмазмуне аст, ки ба истеъдоду фаҳмиши хосаи нигорандагии муаллиф ишора дорад. Онро як зинаи муҳими ҳунарии нависанда донистан дуруст аст, зеро дар он донишу тафаккур, мушоҳидаҳои ҳаётӣ ва таҷрибаву малакаи чандинсолаи адабии ӯ барҷаста зоҳир шудаанд.
Романи «Фурӯғи ишқ» бо «Умеди вопасин» ва «Тавба» иртиботи расои маънавӣ дорад. Ҳадафи асосӣ фошгӯй маҳкум кардани тамоюли номатлуби ғарбӣ – афзун шудани танпарварии занон ва ҳамҷинсбозии инсониён дар замони имрӯз аст. Дар роман дар бештари маврид масоили қазову қадар бо матолиби иҷтимоӣ даромехтаанд.
Романи «Қасами Гиппократ» ба инъикоси бадеии масъалаҳои иҷтимоиву маънавии ҷомеа бахшида шуда, ки, бешубҳа, падидаи муҳими ҳаёти адабии давр мебошад. Ин севумин асари калонҳаҷм дар қиёс бо романҳои «Умеди вопасин» ва «Фурӯғи ишқ» ба пешрафти ҷиддии эҷодии муаллиф ишора дорад ва аз сайқалу густариш ёфтани доираи тафаккури адабӣ, вусъати назар ва ҷаҳонбинӣ, такмилу таҳқими маҳорати адабии нависанда дарак медиҳад.
Ин асари пурмазмуну пурмуҳтаво ва пурмоя дар сайри эҷоди адабии Маъруф Бобоҷон, ки беш аз ним асрро фаро мегирад, қадами ҷиддие ба пеш аст ва аз ҷумлаи воқеаи муҳими адабии давр ба ҳисоб меравад. Дар он дониш, тафаккур, ҷаҳонбинӣ, хаёлпардозӣ ва дигар падидаҳои ҳунари нигорандагии муаллиф бо тамоми паҳлӯҳояш равшан намоён гардида, бо истеъдоди фитрии адабии ӯ ишора кардаанд.
Романи “Қарз” чорумин асари калонҳаҷми нависанда аст, ки ба тадқиқи тақдиру сарнавишти як хонадони фарҳангии хуҷандӣ дар аҳди ҷаҳонишавии арзишҳои ахлоқӣ тасвир шудааст. Бо мутолиаи ин роман хонанда аз қадру манзалати инсон, мақсаду мароми зиндагӣ, қарзҳои фарзандону пайвандон дар назди падарону модарон ва ҷомеа ба андеша меравад ва тасмим мегирад, ки рисолати азалӣ ва расму анъанаҳои миллиашро фаромӯш накунанд.
Маъруф Бобоҷон чун нависандаи пурмаҳсули тоҷик маҳорати нигорандагии худро дар асарҳояш нишон дода, ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавии мардумро бо назари ҳунарӣ ва амиқ тасвир кардааст. Ӯ дар ҳар ҷузъи эҷодиёт кӯшиш кардааст, ки аз таҷрибаи ҳаётӣ ва донишҳои хоси худ истифода барад ва хонандаро ба андеша ва ҳисси масъулият водор созад.
Осораш бо тасвири воқеият ва шахсиятҳои пуртаъсир ба хонанда имкон медиҳанд, ки ба паҳлӯҳои гуногуни зиндагӣ ва маънои воқеии ҳастӣ назари амиқ андозанд. Маъруф Бобоҷон бо таҳкими ҳунари сухан ва истифодаи образҳои воқеӣ, инчунин, таваҷҷуҳи хос ба масъалаҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ, адабиёти муосири тоҷикро бой гардонидааст. Осорҳои ӯ ҳам барои омӯзиш ва рушди завқу эҳсоси бадеӣ ва ҳам барои ташаккули тафаккури иҷтимоӣ ва фалсафии хонанда аҳамияти бузург доранд.
Неъматҷон ФАЙЗУЛЛОЕВ,
Субҳони АЪЗАМЗОД,
устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров




