25-уми марти соли 1930-юм, дар замоне, ки ҳанӯз теъдоди бештари мардум аз вуҷуд доштани рӯзномаву маҷалла огоҳӣ надоштанд, дар яке аз марказҳои тамаддуну илми мамлакатамон - музофоти Хуҷанд бо номи “Роҳи колхозчӣ” (имрӯза “Ҳақиқати Суғд”) арзи ҳастӣ карда, ба дасти сокинон расид. Тамоми муаллифони хабару мақолаҳо ва гузоришҳои нашрия ба ин ҷодаи ношинос, яъне баровардани рӯзнома бори нахуст қадам ниҳода буданд. Аммо он рӯзҳо, ҳатто, нафаре аз онҳо ба гумон оварда наметавонист, ки рӯзе мерасаду аксари номҳои оддии онон нафақат дар байни мардуми тоҷик, балки тамоми халқи шӯравӣ бо ифтихор ба забон гирифта хоҳад шуд. Яъне, дар радифи бунёдгузорон ва муаллифони нахустини рӯзнома барӯмандтарин фарзанди халқи тоҷик, нобиғаи асри бистум, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Fафуров, устоди каломи бадеъ Мирзо Турсунзода, академикон Зариф ва Солеҳ Раҷабовҳо ҳам буданд.

Фарзанди фарзонаи миллат Бобоҷон Fафуров вақте ба идораи рӯзнома ба фаъолият шуруъ намуданд, яъне солҳои сиюм, ҳамагӣ ҷавони бистудусола буданд, ба зинаҳои зиндагӣ акнун қадамҳои нахустини худро мегузоштанд.

Ва аз ҳамон дам пурпечутобӣ ва мураккабии замонро эҳсос намуда, аксар мақолаҳояшонро бо имзои мустаор чоп мекунониданд ва дар даврони пурмашаққати ташаккули рӯзнома баҳри рушду такомули он саҳми арзишманд мегузоштанд.

Минбаъд, дар вазифаҳои баланд фаъолият бурда, барои нашъунамо ва шуҳратёр гардидани минбари оммавии зодгоҳи азизашон кӯмаки хешро дареғ надоштаанд.

-Фахр мекунам, ки дар қатори аввалин мухбирони ин газета будам ... - гуфтаанд аллома дар ситоиши рӯзномаи мо сухан гуфта. Бешак, ин фарди шарифу муътабар, ба ин ҷойи кори худ, ба кори рӯзномабарорӣ, ба аҳли ҷомеаи он меҳр бастаанд, муҳаббати самимиву софу беғаш. Ва он айём оё, ҳатто, ба гӯшаи хотир оварда метавонистанд, ки ин нашрия маҳз бо нерӯи хомаи сабзи чунин кормандони садоқатмандаш умри тӯлониву бошарафона меёбад ва рӯзе мерасаду Қаҳрамони ин миллати сарбаланд мегарданд. Ва пештоқи ин рӯзномаро Ҷоизаи табаррук бо номи мубораки он кас зебу зиннат мебахшад...

- Қалами чандин нависандаи тоҷик, хомаи маро низ маҳфили адабии ҳамин газета рост кардааст, - гуфтаанд устод Раҳим Ҷалил.

-Агар ҳаёт дорулфунун бошад, ту мураббии ман ҳастӣ,  маро ақлу виҷдон омӯхтӣ, забони гӯё, қалами бурро бахшидӣ, тақозои замонро фаҳмидан, ба халқу Ватан хизмат карданро аз ту омӯхтам, ҳаёт ва зиндагиро аз ту омӯхтам... -навиштаанд устод Ҳоҷӣ Содиқ. Ин устодон низ дар ин даргоҳ солҳои тӯлонӣ фаъолият бурдаву ин даргоҳи муборакро баҳри худ мактаби сабақи ҳаётомӯзӣ донистаанд.

Вақте аз таъсиси рӯзномаи мо чиҳил сол сипарӣ гардид, яъне аввали солҳои ҳафтодум, Бобоҷон Fафуров аллакай сиёсатмадори барҷаста, олими номдор, академик буданд. Бештар аз даҳ сол, аз соли 1946 то соли 1956-ум дар вазифаи котиби якуми ҲК Тоҷикистон фаъолият бурда, баҳри шукуфоии Тоҷикистон, пешрафти илму тамаддуни он ҷаҳду талош намуданд. Тавассути асарҳои мондагор, фаъолияти густурдаи илмиву пажӯҳишӣ шуҳраташон аз доираи кишварамон берун рафтаву дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ паҳн гардид ва ба мансаби директори Институти шарқшиносии Академияи Улуми СССР таъин гардиданд, ки дар ин вазифа аз соли 1956 то соли 1977-ум, яъне то охири умр фаъолият доштанд.

Аввали солҳои ҳафтодум донишҷӯи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Ленинобод ба номи С.М.Киров (имрӯз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров) будам, яъне даврае, ки дар олами китобҳо ғарқаву  марҳилаи пурдолу зарби донишандӯзӣ ва ҷустуҷӯву такопӯҳо  барои дониста гирифтани дунёи илм будам. Ба мо устодон, олимони фарҳехта, донишмандони асили соҳаи забоншиносӣ, адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, таърихи забон аз зумраи Юсуфҷон Салимов, Абдуҳалим Азизов, Темур Мақсудов, Фарҳод Зикриёев, Мӯъминҷон Турсунов, Абдуллоҷон Сатторов, Абдусаттор Абдуқодиров машғулият мегузарониданд. Он замон асарҳо, манобеъ ва сарчашмаҳои мансуб ба таърихи ховаршиносӣ, доир ба омӯзиши гузаштаи миллати тоҷик, пайдоишу рушду такомули забони тоҷикӣ фаровон буданд. Асарҳои академикҳо, шарқшиносони маъруфи шӯравӣ Е.Э.Бертельс, И. Брагинский, Ливщитс, Зоя Османова китобҳои рӯимизии мо буданд ва мо, донишҷӯён ин асарҳоро мутолиа намуда, дар бораи таърихи пурғановати миллатамон ва забони ноби тоҷикӣ ба худ бардоштҳои бисёр гирифта будем. Он солҳо бештари ин олимони номдори шӯравӣ, академикҳо барҳаёт буданд ва чанд маротиба меҳмони донишҷӯёни факулта шуда буданд ва аз мулоқоти рӯ ба рӯ низ баҳраҳо бардошта будем. Ва дар ҳамин вақт, яъне соли ҳазору нуҳсаду ҳафтоду дуюм интишор гардидани китоби “Тоҷикон” ба андешаи ман, ҳамчун як нафар донишҷӯ, ғулғулае ба олам афканд. Чунки он замон ба илм, комёбиву навовариҳои соҳаи илм, бахусус таърихнигорӣ эътибор хеле калон буд. Ва баъди нашри ин китоби хеле гаронарзиш нуфузу обрӯи Бобоҷон Fафуров дар байни кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва дигар мамолики олам боз ҳам фузун гашт. Устодони донишгоҳ ба мо фармуданд, китобро ҳатман дастрас намоем ва хеле бодиққатона хонем. Он солҳо, яъне дар ҳаждаҳсолагиам китоби “Тоҷикон”-ро мутолиа намудам. Баъди муддате китоби дуюми “Тоҷикон” аз чоп баромад. Онро низ дастрас карда, мутолиа намудем. Баъди он боз борҳо хондам ва ҳар бор баҳри ман аз ин асар дари дунёи дигаре кушода мешуд- таърихи давраи қадимтарин, давраи қадим, фарогирандаи гузаштаи бошарафона, тамаддуни бой, фарҳанги воло, арзишҳо ва суннатҳои  гаронбаҳои миллати тоҷик.

Бо тақозои тақдир дар идораи ин рӯзнома ба фаъолият шуруъ кардам. Ва охири солҳои ҳафтодуму аввали солҳои ҳаштодум ба ман насиб гардид, ки дар шаҳри Москва, Президиуми Шӯрои Олии СССР, Шуъбаи интишороти санадҳои Шӯрои Олии СССР фаъолият намоям. Дар ин шуъба намояндагони ҷумҳуриҳои ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ маҷаллаи ҳафтавори “Ведомостҳои Шӯрои Олии СССР”-ро омода ва ба кишварҳои худ мефиристоданд. Он айём давлати советӣ абарқудрат, сатҳи илми шӯравӣ ва дараҷаи донишу маҳорату малакаи олимони шӯравӣ дар миқёси ҷаҳон баландтарин буд ва шаҳри Москва, барҳақ, маркази ин илму тамаддун маҳсуб меёфт ва дар ин меҳвар соҳиби мақому мартаба гардидан, ном баровардан, маъруфият пайдо кардан на ба ҳар кас муяссар мешуд. Ман аз муҳити фарҳангиву илму олимпарварии Маскав эҳсос намудам, ки ҳарчанд аз даргузашти олими бузурги Академияи Улуми Иттиҳоди Шӯравӣ, истеъдоди нодиру нотакрор, роҳбари тавонои ивазнопазири Институти шарқшиносии АУ СССР аллома  Бобоҷон Fафуров фурсате гузашта буд, ҳанӯз ҳам қадру манзалат, нуфузу эътибори аллома, ин фарди шариф боло буд. Ҳанӯз ҳам шогирдонашон ифтихор аз устоди хеш доштанд, кори он касро идома мебахшиданд, нуфузи Институти шарқшиносиро барҷо нигоҳ медоштанд.

Ман дар Президиуми Шӯрои Олии СССР бо бародари Бобоҷон Fафуров – Олимҷон Fафуров, ки дар вазифаи сармуҳаррири бахши тоҷикистонии Шуъба фаъолият доштанд, ҳамроҳ фаъолият намудам. Ва давоми фаъолият бо фазои солиму созгор, муҳити меҳнатдӯстӣ, дӯстпарварӣ, заҳматписандӣ,, ватанпарварӣ, садоқат ба Ватан ва арзишҳои он, маърифати волои оиладории ин хонадон аз наздик ошноӣ пайдо намудам. Зеро ҳамсарашон Сура Fафурова, корманди илмии Институти умумиҷаҳонии ҳаракати коргарӣ маро ба хонаашон, воқеъ дар хиёбони ҳукуматии ба номи Кутузов, рӯ ба рӯи меҳмонхонаи Украина зуд-зуд даъват мекарданд. Манзили онҳо панҷҳуҷрагӣ буда, дар он замони, ба қавле, гулгулшукуфии даврони  шӯравӣ фазои ҳуҷра рӯҳияи миллӣ дошт Онҳо ду фарзанд доштанд. Ба духтарашон исми мубораки модарашон - Розияро гузошта буданд, писарашон номи бобояшон-Сангинҷонро дошт. Розия бо чеҳраи гирдаи сап-сафед, чашмони калон-калон ва абрувони пайвастаи қирадор, китфони тануманду қомати боло шабеҳи модаркалонаш буд. Олимҷон Fафуров низ умри худро ба илм ва пажӯҳиш бахшида, номзади илмҳои таърих, муаррихи варзида буданд. Бо устод Сотим Улуғзода, ки он солҳо дар шаҳри Маскав истиқомат доштанд, дӯстии самимона дошта, ба хонаи он кас зуд-зуд меҳмон мешуданд. Азбакси солҳои аввали фаъолияташон дар шаҳри Душанбе гузашта буд, бо дӯстони содиқашон – он солҳо вазири фарҳанг Султон Мирзошоев, адиб ва тарҷумон Зокир Абдулло (корманди нашриёти “Ирфон”) ва дӯсти тошкандиашон Шавкат Ниёзӣ (он солҳо сармуҳаррири рӯзномаи ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Ҳақиқати Ӯзбекистон”) муносибати хеле хуб доштанд ва ин нафарон баъзан меҳмони хонадони Олимҷон Fафуров мешуданд. Поквиҷдонӣ, хоксорӣ, самимияти баланд ва меҳнатдӯстии Олимҷонро кормандони Президиуми Шӯрои Олӣ, яъне намояндагони ҷамоҳири ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ эътироф намуда, мегуфтанд, байни кормандон софвиҷдонтарин, заҳматкашу ҳалолкор аст. Ин баҳое, ки онҳо ба роҳбари бахши тоҷикӣ медоданд, баҳри ман натанҳо ба шахсияти ин фард, балки ба тамоми мардуми Тоҷикистон тааллуқ дошт ва ман аз ин ифтихор менамудам.

То имрӯз дар бораи ин хонадони барӯманд, дар бораи модари бузургвори аллома-шоира Розия Озод, дар бораи зиндагиномаи хоҳарони Бобоҷон Fафуров-Зебинисо ва Тоҷинисо Fафуроваҳо китоб ва асарҳо, маълумотномаҳои бисёре иншо шудааст. Ва аз он сарчашмаҳо огаҳӣ пайдо менамоем, ки таҳкурсӣ ва пояи одамияти баланд, фурӯтанӣ, меҳнатдӯстӣ, меҳанпарварӣ, фарҳанги волои оиладорӣ, пайвандии зич бо илму пажӯҳиш дар оила, тавассути модари соҳибмаърифату соҳибфарҳанг ниҳода шудааст.

Имрӯз синни мубораки рӯзномаи ҳини таъсисёбӣ музофотӣ, ҳоло нашрияи бонуфузи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти овозадори Суғд - “Ҳақиқати Суғд” ба наваду шаш расидааст. Дар ин фурсати тӯлонӣ чандин насли журналистон дар ин даргоҳ фаъолият бурдаву рисолат ва анъанаҳои беҳтарини саромадони ин ҷаридаро идома бахшида меоянд.

Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакатамон баҳри мустаҳкам гардонидани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои волои миллӣ, анъанаҳои суннативу фарҳангиамон, солимгардонии афкори ҷомеа, устуворгардонии ваҳдату ягонагӣ дар сарзаминамон нақш ва саҳми кормандони собиқадор ва насли имрӯзаи ҷавонони нашрия шоиста ва мондагор аст. Ва маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ, ба ифтихори ҷашни табарруки 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба нишони эътирофи баланди хизматҳои ин нашрияи муътабар дар саҳифанигории таърихи нави миллат рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” бо Ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон Fафуров мукофотонида шуд. Ва аз санаи 8 сенябри соли 2026, рақами 112 як гӯшаи азизи рӯзномаро ин Ҷоиза зебу оро мебахшад.

-“Ифтихор мекунам, ки дар қатори аввалин мухбирони ин рӯзнома будам”, - ин суханон, ин изҳори меҳру муҳаббати самимии яке аз саромадони рӯзнома аллома Бобоҷон Fафуров баҳри ҳайати кормандони газета сарчашмаи мамнуниву сарбаландист. Боиси ифтихор аз он аст, ки маҳз имрӯз идомабахши корномаҳо, иқдомҳои неку шоистаи ин фардони шарифу инсонҳои бузург ҳастем ва чароғи мунаввари роҳнамо аст ба ҷодаи худфарсоӣ баҳри ободии меҳан, фидокорӣ баҳри ҳифзу ҳимояи арзишҳои муқаддаси ин сарзамин.

Рафоат МӮЪМИНОВА,

“Ҳақиқати Суғд”