Дар партави баргузории Машварати омӯзишии адибони ҷавони ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд, ки ба таҳкими робитаи наслҳо, арҷгузорӣ ба мероси адабӣ ва тарғиби арзишҳои фарҳангӣ нигаронида шудааст, маҳфили ёдбуди 120-солагии зодрӯзи адиб, рӯзноманигор, мутарҷим, публитсист ва иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Тоҷӣ Усмон баргузор гардид. Ин иқдоми муҳими фарҳангӣ, ки бо пардабардорӣ аз нимпайкараи яке аз чеҳраҳои шинохтаи адабиёт ва журналистикаи тоҷик оғоз ёфт, нишони эҳтиром ба хизматҳои арзишманди қаламкаше буд, ки умри худро сарфи хидмат ба сухан, маърифат ва ҷомеа кардааст.

Маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи Тоҷӣ Усмон дар назди Кохи матбуоти вилояти Суғд бо иштироки васеи адибону рӯзноманигорон, меҳмонон аз пойтахт ва тамоми минтақаҳои кишвар, инчунин фарзандону пайвандони марҳум баргузор гардид.

Ҳозирин бо эҳтирому самимият хотираи неки Тоҷӣ Усмонро гиромӣ дошта, саҳми ӯро дар ташаккул ва рушди матбуоти миллӣ, адабиёти тоҷик ва таҳқиқи мероси адабии ниёгон арҷ гузоштанд.

Зимни маросим раиси шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳматзод суханронӣ намуда, аз номи аҳли қалам ва пайвандони адиб барои таваҷҷуҳ ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои  фарҳангиву адабӣ ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти вилояту шаҳр изҳори сипос кард.

Мавсуф бо ёдоварӣ аз фаъолияти пурсамари Тоҷӣ Усмон таъкид намуд, ки ӯ дар баробари эҷоди асарҳои бадеӣ ба омӯзишу таҳқиқи мероси адабии гузаштагон, бахусус осори шоираҳои тоҷик таваҷҷуҳи хос зоҳир мекард. Ҷустуҷӯҳои пайгирона ва ошноӣ бо дастнависҳои шоирони гузашта замина фароҳам оварданд, ки осори арзишманди занони суханвари тоҷик аз нав муаррифӣ ва дастраси доираи васеи хонандагон гардад.

Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода низ зимни суханронӣ мақому манзалати Тоҷӣ Усмонро дар таърихи журналистикаи миллӣ баланд арзёбӣ кард. Ба таъкиди ӯ, Тоҷӣ Усмон на танҳо қаламкаши оташинсухан ва рӯзноманигори соҳибсабк, инчунин шахсияте буд, ки дар баробари фаъолияти эҷодӣ дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ низ саҳми назаррас дошт.

Мавсуф қайд намуд, ки забони нигоштаҳои ӯ сода, фаҳмо, равону таъсирбахш буда, маҳз ҳамин хусусият осорашро ба хонанда наздик кард. Фаъолияти рӯзноманигории ӯ, бахусус дар рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» ва маҷаллаи «Хорпуштак» барои рушди матбуоти тоҷик заминаи мусоид фароҳам овард. Фелйетонҳо ва шеърҳои ҳаҷвии ӯ, ки бо нигоҳи танқидӣ ба камбудиҳои ҷомеа нигаронида шуда буданд, миёни хонандагон маҳбубияти зиёд доштанд. Сухани ӯ таъсиргузор ва андешааш равшан буд, зеро аз дарки амиқи воқеият ва масъулияти қаламкашӣ сарчашма мегирифт.

Дар баробари осори ҳаҷвӣ ва очеркҳо дигар навиштаҳои публитсистии Тоҷӣ Усмон низ мавриди таваҷҷуҳи муҳаққиқон қарор гирифтаанд. Ӯ бо қалами худ на танҳо воқеаҳои замонро инъикос мекард, балки барои ислоҳи камбудиҳо, баланд бардоштани маърифати ҷомеа ва ташаккули афкори ҷамъиятӣ низ талош менамуд.

Сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» Аминҷон Шарифзода зимни баромади худ аз нақши сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи роҳбарияти вилоят ба гиромидошти шахсиятҳои барҷастаи адабиёту фарҳанг ёдовар шуд.

Ӯ таъкид кард, ки дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштани нимпайкараи Тоҷӣ Усмон рӯйдоди муҳимми фарҳангӣ ва таърихӣ мебошад. Зеро ин адиби шинохта фаъолияти рӯзноманигории худро аз рӯзномаи «Бо роҳи ленинӣ», ки имрӯз бо номи «Ҳақиқати Суғд» маъруф аст, оғоз карда, сеюмин сармуҳаррири ин нашрия буд. Ин пайванди таърихӣ барои ҳайати эҷодии рӯзнома мояи ифтихор ва ҳамзамон масъулияти бузург аст.

Аминҷон Шарифзода аз номи ҳайати имрӯзаи рӯзнома, ҳамкасбон, қаламкашон ва иштирокдорони маҳфилро хайрамақдам гуфта, баргузории чунин чорабиниҳоро барои тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба сухан, адабиёт ва арзишҳои миллӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Ба таъкиди ӯ, нимпайкараи Тоҷӣ Усмон барои ҷавонони соҳибистиқлол на танҳо рамзи эҳтиром ба як адиби маъруф, балки мактаби ибратомӯзи садоқат ба касб, муҳаббат ба қалам ва хидмати софдилона ба Ватану миллат хоҳад буд. Ин иқдом ҳар як қаламкашро водор месозад, ки бо дарки масъулияти касбӣ барои инъикоси воқеияти зиндагӣ, баланд бардоштани маърифати ҷомеа ва таҳкими худшиносии миллӣ бештар талош намояд.

Маҳфили ёдбуди 120-солагии Тоҷӣ Усмон дар Кохи Суғдиёни маркази вилоят бо доираи васеи аҳли адаби тамоми қаламрави кишвар бори дигар собит сохт, ки хизмати шахсиятҳои бузург бо гузашти солҳо аз хотираи ҷомеа зудуда намешаванд. Махсусан, дар замоне, ки тарбияи насли нави эҷодкор, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва тақвияти робитаи наслҳои адабӣ аҳаммияти хос дорад, омӯзиши ҳаёт ва фаъолияти чунин қаламкашон метавонад барои ҷавонон мактаби воқеии маърифат ва масъулият бошад.

Нимпайкараи Тоҷӣ Усмон дар назди Кохи матбуоти вилояти Суғд минбаъд на танҳо баёнгари эҳтиром ба як адиби шинохта, балки ёдовар аз таърихи пурғановати матбуоти тоҷик ва рисолати бузурги журналистика хоҳад буд. Он наслҳои имрӯзаву ояндаро ба омӯзиши мероси адабӣ, эҳтиром ба устодони сухан ва идомаи анъанаҳои неки қаламкашӣ ҳидоят мекунад.

Зеро номи адибе, ки умри худро ба хидмати сухан ва ҷомеа бахшидааст, дар саҳифаҳои таърих маҳдуд намемонад. Осори ӯ, андешаҳои созанда ва пайванди ногусастаниаш бо матбуоти тоҷик ҳамеша арзиши худро нигоҳ дошта, барои наслҳои минбаъда сарчашмаи омӯзишу илҳом хоҳанд буд. Арҷгузорӣ ба хизмати Тоҷӣ Усмон, дар асл, арҷгузорӣ ба таърихи матбуот, адабиёт ва фарҳанги миллии тоҷикон аст.

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”