“Ҳақиқати Суғд” яке аз муқаддамтарин рӯзномаҳои қаламрави кишвар маҳсуб ёфта, алҳол таърихи наздик садсола дорад ва ҳамчун нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд минбари бонуфуз ва оинаи ҳақнамои ҳаёти муосир, рӯзгори даврони соҳибистиқлолӣ мавқеъ ва рисолат дорад.
“Ҳақиқати Суғд” ҳамчун дастгоҳи тарғиботу ташвиқот баҳри амалигардонии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳидоятҳои саодатбор ва дастуру супоришҳои нусратбор, қарорҳову Амру Фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазифаву қарорҳои бунёдсози Раиси вилоят, дастоварду нақшаҳои дурнамои вилояти Суғд хизмати касбӣ менамояд.
Рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” дар соли 2027 ҳам ҳафтае се маротиба-рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва шанбе нашр мегардад. Дар ҳар шумораи он аз ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии вилоят, кишвари биҳиштосоямон-Тоҷикистон, навгониҳои хориҷӣ ва ҷаҳони имрӯз маводи ҷолиб интишор карда, робитаро, албатта, бо Шумо-хонандагони азиз тақвият мебахшад.
Хонандагони азиз!
Ба рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” қабули обуна барои соли 2027 оғоз гардидааст. Обуна дар шуъбаҳои шаҳриву ноҳиявии КВД “Почтаи тоҷик” бемаҳдудият қабул карда мешавад.
Нархи обуна барои як сол 144 сомонӣ аст. Давоми сол 156 шумораи рӯзномаро дастрас менамоед, яъне ҳар шумораи “Ҳақиқати Суғд” барои Шумо ҳамагӣ 92 дирам арзиш хоҳад дошт.
Индекси обуна: 68894. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ бо телефонҳои 2-06-55 (идораи рӯзнома) ва 6-39-74 (КВД “Почтаи тоҷик”) муроҷиат намоед.
“Ҳақиқати Суғд” рӯзномаи Шумо ва ҳамдаму ҳамнафаси шумост!
Ба рӯзномаи дӯстдоштаи худ сари вақт обуна шавед!





