Дар сурат устодони сухан Раҳим Ҷалил, Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода (дар мобайн) шоир ва рӯзноманигор Абдуҷалил Воситзода, котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, адабиётшинос Атахон Сайфуллоев, ходими намоёни соҳаи фарҳанги вилоят ва шаҳри Хуҷанд Мирзо Аюбҷонов, сармуҳаррири рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод”, очеркнависи намоён Усмон Тоҷибоев (аз чап ба рост).
Аз расонаҳои иттилоотии электронӣ огаҳӣ ёфтем, ки рӯзномаи куҳантамаддуни вилоятии “Ҳақиқати Суғд” барои дарёфти Ҷоизаи вилоятии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров пешниҳод шудааст.
Ин навиди тозаву хуш баробари дигар кормандону ихлосмандон ва муштариёни ин рӯзномаи бонуфусу бонуфуз моро – кормандони собиқи рӯзномаи рақами яки вилоятро хеле рӯҳбаланду рӯҳнавоз гардонид, зеро ман тақдирамро ба ин даргоҳи муқаддасу мукаррам аз соли 1971 – аз давраи дубора эҳё шудани рӯзномаи вилоятӣ то соли 2022 пайвастаму Абдуғафур Аминзода аз соли 1986 то соли 2020 роҳи ҳаётиашро бо роҳи мунаввари рӯзнома ҳамрадиф сохта, аз ёвари мусаҳҳеҳӣ то ба дараҷаи котиби масъул расидааст. Ин таърихи ҳаёт аст, ин бахти баланд аст.
Муқаддас будани ин даргоҳро олимону нависандагон, муаррихону мардумшиносони варзида борҳо навиштаанду ҳар касе бо бардошти нерӯи зеҳнии худ таҳлил ҳам намудаанд. Ҳар манзилу макон, коргоҳу мавзеъ худ аз худ «муқаддас» ном намегирад, аз кору пайкор, аз хизмат, ташриф оварданҳо, бо ҷомеаи меҳнатӣ муошират кардану ҳамсуҳбат буданҳо, ҳамкору ҳамкорӣ карданҳо ва амсоли инҳо раво-раво, бо гузашти моҳу солҳову солҳо ба мазраи дилҳову меҳри чашмҳо муқаддас муаззам, мукаррам ва азизмаъво мепазирад.
Биноан, ки аз гузаштаи наздик садсолаи «Ҳақиқати Суғд» шахсиятҳои беназири ҷумҳурӣ – мисоли Аллома, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров, Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода, Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Раҳим Ҷалил, Шоири халқии Тоҷикистон Аминҷон Шукӯҳӣ, нависандаи забардаст, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, устод Ҳоҷӣ Содиқ, нависандаи нуктасанҷ ва рӯзноманигори маъруф Ҳилолиён Аскар дар ҳамин рӯзнома фаъолияти мондагор доштаанду соли 1947 устод Абулқосим Лоҳутӣ ба ин даргоҳ меҳмон шуда, бо кормандони рӯзнома суҳбати ширину гуворо намудаанд, бо кору эҷоди накӯву қадами меҳрборашон рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд»-ро давоми ҳафт-ҳашт даҳсола ин тараф шони муқаддасиву мукаррамиро ба ин боргоҳи маърифату истеъдоду дониш ҳамсадо намудаанд.
Бо шарофати армуғони пешбарии рӯзнома барои дарёфти Ҷоизаи арҷманди вилоятӣ бошад ва ё меҳру муҳаббати инсонӣ доштан ба рӯзномаи маҳбуб аз бойгонии шахсиам суратеро пайдо кардам, ки имрӯз таърихи 55-сола дорад. Расми таърихиро суратгири худи рӯзнома Шарифҷон Мамадҷонов ба навор гирифтааст, ки маконаш саҳни ҳавлии идораи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд»–майдончаи гулдори саҳни коргоҳи эҷодкорон, нишонии кӯчаи ба номи Мақсудҷон Танбӯрӣ 5 (собиқ кӯчаи МОПР) мебошад, ки аввалҳои моҳи октябри соли 1971, пас аз дубора эҳё шудани рӯзномаи вилоятӣ аксбардорӣ шудааст.
Рӯзномаи маҳбуби вилоятӣ таърихи рангин ва саҳифаҳои забони гӯё дорад. Анъанаи бой ва ҷанбаи ҳаёти пурғановат дорад, ки аз оғози нашр то ба имрӯз ин раванд ва ин тамоюли мусбатпазирро пайваста идомат мебахшад.
Рӯзнома бо ҷумла кормандонаш Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллиро гарму самимӣ истиқбол гирифта, роҳи эҷодро мунаввар сохта, дастовардҳои ин ду неъмати таърихии миллиро гиромӣ медораду арҷ мегузорад. Солҳои вазнину пурошӯби солҳои 90-умро бурдборона паси сар намуда, мавқеи касбиашро устувор нигоҳ дошта, дар ҳифзи сохти конститутсионии давлати тоҷикон саҳм гирифта, нақши мунъакис намудааст.
Рафти баргузорӣ ва ҷараёни кори ҷаласаҳои Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистонро аз Қасри Арбоб хабарнигорони парлумонии «Ҳақиқати Суғд» равшану ҳаматарафа, воқеъбинона ва садоқат ба касбият дар саҳифаҳои рӯзнома мунташир карда, ба баҳои баланди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми вохӯрӣ бо ҳайати мухбирони парлумонии рӯзнома–«Ман ба «Ҳақиқати Ленинобод» бовар дорам» сазовор гардидааст. Ин баҳои баланди Сарвари давлатамон гумон мекунам ба тану ҷону равону нерӯи тамоми кормандони ин боргоҳ – ин гулшани сухан аз ҳамон рӯз (соли 1992) то ба имрӯз меҳру қувваи тавонбахшӣ овардаанду меоваранд. Роҳи эҷоду садоқати касбиятро зиё мебахшанд, зеро рӯзномаи мазкур дар миқёси ҷумҳурӣ ягона нашрияе буд, ки ҷараёни кори Иҷлосияро ҳамарӯза пурра инъикос кардааст.
Мегӯянд, ки солҳо ибрат меомӯзанд. Дар ин масир ба хотир овардан равост, ки кормандони рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» аз суҳбату мулоқотҳои шахсиятҳои намоёни кишвар, Шоирони халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Аминҷон Шукӯҳӣ, Қутбӣ Киром, Аскар Ҳаким, шоир Маҳмадалишо Ҳайдаршо, Нависандагони халқии Тоҷикистон устод Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, нависанда Бобо Насриддин, журналист Отахон Латифӣ, ташкилотчии корҳои журналистӣ дар кишвар устод Пиримқулов ва дигарон борҳо баҳравар шудаанд.
Таърихшиносони намоён, профессорон Ғафур Ҳайдаров, Шариф Аҳмадов, Шукур Султонов, Усмонҷон Ғаффоров, Мақсудҷон Инъомов муаллифони фаъоли ҳамин рӯзнома буданду чун олимони табиатшинос профессорон Ҳамдам Очилов, Саттор Худойбердиев бо ҳайати эҷодии рӯзнома садоқати бародархондагӣ доштанд, дар аксари чорабиниҳои ба рӯзнома мансуб иштирок менамуданд.
Як воқеа ҳанӯз ҳам аз ёдам намеравад. Соли дуҳазорум рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» ҳафтодсолагии таъсисёбиашро ҷашн дошт. Ба ин муносибат дар саҳни даромадгоҳи идораи рӯзнома курсиҳоро қатор монда, ҳайати кормандон сурат гирифтанд ва он дар саҳифаи якуми рӯзнома чоп шуд. Баъди чанд рӯз як нафаре аз алоқамандони рӯзнома, ки дар сатҳи болотар фаъолият дошт, мӯшикофона андешаашро баён намуд: «Инҳо ҳама кормандони рӯзнома калонсолу пирсоланд-ку? Оқибати рӯзнома бе ҷавонон чӣ мешавад?».
Мутафаккирон гуфтаанд: «Чархи таърих ҳамеша гирдгардон аст». Агар аз соли 1971 бо роҳбарии сармуҳаррири рӯзнома Усмонҷон Тоҷибоев дар муҳити рӯзноманигорӣ, яъне кормандони худии рӯзнома теъдоди бонуфуси ҷавонон ҷамъ омада, кори нашри рӯзномаро пеш мебурданд, имрӯз баъди даргузашти 50 соли расо фарди матинирода, таҳаммулпазир ва ташкилотчии тадбирҳои нек Аминҷон Шарифзода-сармуҳаррири рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” ҳамин анъанаи нек, яъне ҷалби ҷавононро ба кору пайкори рӯзноманигорӣ, табъу нашри рӯзнома идома дода, дар меҳвари ин касби бошараф пайвастааст. Ин рафти кор, ин амал худ аз худ ҷараён намегирад. Бардоштҳо аз иродаи неку матин ҳосил мешаванд. Агар инсон ба кору пайкори хеш садоқат дошта бошад, ниҳоли заҳматаш борвар мегардад. Аминҷон Шарифзода дар гузашта омӯзгори муваффақ, корманди самти тарғиботу ташвиқот, яъне идеология ва минбаъд дар самти ҳизбият – пешбарандаи фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, пешбурди тадбирҳо дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол ва имрӯз дар вазифаи сармуҳарририи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» уҳдабароёна ва бо сари баланд кор мекунад, тавонистааст дар ҳайати эҷодии рӯзнома таҳаввулоти назарбине ба вуҷуд биоварад. Яъне, дар тарбия ва бакамолрасии ҷавонони эҷодкор, ҷобаҷогузории кадрҳо нақши созгоре бигзорад. Ҷавонони эҷодкору навҷӯй, ҳақназару соҳибистеъдод давомдиҳандагони кору пайкори ҳамон саромадони кохи сухану қаламфарсоӣ ҳастанду мебошанд.
Рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» оинаи тамомнамои ҳаёти ҷомеаи муосири даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб мешавад, он инъикоскунандаи ҳама самтҳои хоҷагии халқу раванди корҳои ободӣ, созандагӣ, бунёдкорӣ ва ҷиҳати амалигардонии дастуру супоришҳо, ҳидоятҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худро дар миёни дигар расонаҳои чопӣ муаррифӣ карда меояд.
Биноан, дар меҳвари пешниҳод барои дарёфти Ҷоизаи вилоятии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷонибдории хешро баён месозаму ба ҳайати эҷодии рӯзномаи дӯстдоштаву хонданӣ барори эҷодиёту тансиҳатӣ таманно менамоям. Зи нури маърифат ва эҷод мунаввар аст “Ҳақиқати Суғд”.
Файзулло АТОХОҶАЕВ,
рӯзноманигори собиқадор





