Дар Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи Мавлоно ҷамъомади навбатии маҳфили адабии «Ҳумоюн» бо шукӯҳи хос доир гардид.

Маҳфили адабии «Ҳумоюн», ки бо ташаббус ва роҳбарии Шоирони халқии Тоҷикистон Фарзона ва Толиб Карими Озарахш таъсис ёфта, пайваста баҳри дарёфти чеҳраҳои нав, рушди завқи китобхонӣ ва арҷгузорӣ ба мероси ниёгон мусоидат мекунад, ин навбат низ ҷамъомади худро дар фазои хотирмон ҷараён дод.

Дар маҳфил муовини раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ ва раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод иштирок намуда, оид ба мақоми бузурги Мавлоно Ҷалолуддин Балхӣ дар таърихи тафаккури башарият ва нақши адабиёт дар тарбияи насли наврас суханронӣ карданд. 

Маҳфил бо барномаи рангини адабӣ идома ёфт. Аз ҷумла, шоир Дилором ашъори тоза ва дилнишини худро ба саҳми ҳозирин расонд, ки истиқболи гарм пайдо кард. Ҳамзамон, ҷавонони хушзавқ ва истеъдодҳои наврас бо мавлавихонӣ, қироати абёти ноб ва иҷрои суруду таронаҳои дилнишин ба чорабинӣ файзи тоза бахшиданд.

Сурайё Ҳакимова,

“Ҳақиқати Суғд”