Бе   ту дилам  байтулҳазан,  чизе намегӯям ба ту,

Раҳмат намеояд ба ман, чизе намегӯям  ба ту.

Ҷону танам симоб шуд, ҳастиям аз ғам об шуд,

Зарринбадан, симинзақан, чизе намегӯям ба ту.

Чашмони фаттону хумор, бо фитнаҳои бешумор,

Балвогаранду  роҳзан, чизе намегӯям ба ту,

Мӯят бувад рашки суман, бӯят беҳ аз мушки Хутан,

Рӯят чароғи анҷуман, чизе намегӯям ба ту.

Бо печутоби кокулат, ду зулфаки марғуллаат,

Бар гарданам бошад расан, чизе намегӯям ба ту.

Сартобапо ороста, хушрӯтару пероста,

Бо атласу ҳам бо чакан, чизе намегӯям ба ту.

Мебинамат осори ту, шаҳду шакар ашҷори ту,

Дар соҳати боғу чаман, чизе намегӯям ба ту.

Аз ғуссат сӯзад димоғ, шуд синаи ман доғ-доғ,

Чун лолаи дашту даман, чизе намегӯям ба ту.

Эй ахтари паҳнои ишқ, эй гавҳари дарёи ишқ,

Равшангари ин ҷону тан, чизе намегӯям ба ту.

Дурӣ гузинӣ аз Ҷило, бошад ҳаволат бар Худо,

Беш аз ҳамин ҳарфу сухан, чизе намегӯям ба ту.

Сайидамин ҶИЛО