Бинозам зи номи баланди Ватан,
Шукуҳи самоӣ дар ин анҷуман.
“Дигар Кохи санъат наёбад газанд”,
Ки дорад ҳунар эътибори баланд.
Зи субҳи сафои дурахши Ватан,
Забон аз дилу ҷон бигӯяд сухан.
“Ҳар он кас, ки доно, тавоно бувад”,
Ҳунарманд хуршеди фардо бувад.
Муаммо набошад дар ин ҳарф роз,
Зи фарҳанг миллат шавад сарфароз.
Чу фарри каёнӣ дурахши ҳунар,
Ба парвоз моро шавад болу пар.
Чу санъат гузорад ба дил ошён,
Зи фарҳанги тоҷик гӯяд ҷаҳон.
Ба васфаш бигӯям на бешу на кам,
Ҳунарманд мардум ба мулки Аҷам.
Сипоси фаровон ба марди Худо,
Ба шукре, ки дорад Ватан Пешво.
Ба сулҳу суботу ба амну нишот,
Мунаввар намуда ба кишвар ҳаёт.
Ба сулҳи Ватан гӯ, Худоро сипос,
Ҳазор офарин, Пешворо сипос.
Ба мо Пешво ифтихори Ватан,
Шаҳаншоҳ, эй шаҳриёри Ватан.
Ба миллат фидо ҷону тан кардаед,
Гулистон Ватанро чаман кардаед.
Чунин буд моро паёми башар,
Дурахшон шавад раҳ зи фарри ҳунар.
Муҳаббат зи аҳли ҳунар бар Шумо,
Сипоси чунин ҳадяи бебаҳо.
Ба ҳар хишт чун нанги миллат ниҳод,
Сафоро зи ҳастӣ, ҳунар зинда бод!
Паёми ниёгон ба авҷи само,
Ҷаҳони тамаддун бақое зи мо.
Ба азми дучанду ба меҳри Ватан,
Вафо аз дили мо бигӯяд сухан.
Ба номи ҷаҳон, ифтихори абад,
Зи мероси Беҳзоду ҳам Борбад.
Сухан чун шакар миллати бахтиёр,
Чу Маҳмуди Воҳиди овозадор.
Ҳамеша ҳунар нақши пурранг буд,
“Забонро нигаҳдор фарҳанг буд”.
Камарро бубаста ба халқу Ватан,
Ба хидмат шабу рӯз, бо ҷону тан.
Чу Барнои Исҳоқу Ҳошим Гадо,
Чу София, чун Туҳфа Фозили мо.
Зи санъат расида саломи дигар,
Ҷаҳонро зи мо хушпаёми дигар.
Шукуҳи қамар, Тоҷикистон ба пеш,
Ба сӯи зафар, Тоҷикистон ба пеш!
Сурайё Ҳасансултон,
“Ҳақиқати Суғд”





