Субҳи ҳафтодум: вақте умрба таҷриба табдил меёбад

Ҳафтод сол барои як инсон рақамест пурвазн, вале барои марди ҳунар ин танҳо шумораи солҳо нест. Ин ҳафтод баҳори таҷриба, ҳафтод тирамоҳи андеша, ҳафтод зимистони таҳаммул ва ҳафтод тобистони ҷӯшиши эҷод аст. Ба ин синни муборак расидани Ориф Набиев–шахсияте, ки номи худро бо саҳна, телевизион, фарҳанг ва тарбияи насли ҳунар пайванд додааст, воқеаи муҳими маънавист.

Ӯ аз ҷумлаи афродест, ки солҳоро намешуморад, балки бо кор, бо асар, бо хотираи мардум ва бо муҳаббати тамошобин месанҷад. Ҳар қадами зиндагии ӯ саҳифаест аз таърихи фарҳанги тоҷик, ҳар давраи фаъолияти ӯ мактаби таҷриба ва ҳар суханаш дарси масъулият ва роҳи тайкардааш роҳи пуршарафи як фарзанди вафодори миллат аст.

Кӯдаке, ки орзуяш саҳна буд

Ориф Набиев 3-юми майи соли 1956 дар шаҳри бостонии Хуҷанд чашм ба ҷаҳон кушод. Хуҷанд шаҳри фарҳанг, шаҳри маърифат, шаҳри шеъру сухан, шаҳри одамони соҳибзавқ аст. Дар чунин муҳит ба воя расидани ӯ худ мактаби аввалини зиндагӣ буд.

Аз айёми кӯдакӣ ба китоб, ба ҳикоя, ба оҳанг, ба саҳна дил баст. Ҳангоми таҳсил дар мактаби миёнаи рақами 11-и шаҳри Хуҷанд истеъдоди ӯ оҳиста-оҳиста падидор мешуд. Ӯ натанҳо хонандаи фаъол, балки иштирокчии маҳфилҳои адабӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ буд. Ҳар саҳначаи мактабӣ барои ӯ як ҷаҳони дигар менамуд.

Кӯдаконе ҳастанд, ки бозӣ мекунанд, кӯдаконе ҳам ҳастанд, ки орзу месозанд. Ориф Набиев аз гурӯҳи дувум буд. Вай дар синни наврасӣ медонист, ки роҳи ӯ ба саҳна мебарад ӯро.

Даргоҳи дониш ва парвози нахустин

Соли 1973 ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуд. Дар ин даргоҳ аз устодони варзида сабақ гирифт ва нозукиҳои режиссиёрӣ, саҳнаофарӣ, кор бо актёр ва сохтани ҷаҳони ҳунариву бадеиро омӯхт.

Ӯ аз донишҷӯёни ҷӯяндаву серталаб буд. Барои ӯ дарс танҳо иҷрои вазифа набуд, роҳи расидан ба орзу буд. Китобхонаҳо, толорҳои машқ, саҳнаҳои таълимӣ ва шабҳои бедорхобӣ ҳама шоҳиди талошҳои ҷавоне буданд, ки мехост ҳунарро ба камол расонад.

Баъдтар барои такмили дониш ба Маскав сафар кард. Омӯзиши таҷрибаи театрҳои бузурги замон ҷаҳонбинии ӯро васеъ намуд. Вай аз мактабҳои пешрафтаи саҳна сабақ гирифт, вале решаҳои худро аз фарҳанги миллӣ ҷудо накард.

Рӯзҳои нуронӣ бо устод Улуғзода

Соли 1977 баҳори тозае дар зиндагии Ориф Набиев дамид. Ҷавоне, ки нав донишгоҳро хатм карда буд, бояд нахустин қадами ҷиддии худро дар саҳнаи Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ мегузошт. Кори дипломии ӯ намоишномаи адиби озар Маҷид Шамхалов–«Хушдоман» буд.

Он рӯзҳо саҳна танҳо ҷойи намоиш набуд, балки майдони санҷиши истеъдод ба шумор мерафт. Барои қабули асар намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳли қалам ва чеҳраҳои маъруфи ҳунар ҷамъ омада буданд. Дили ҷавон, табиист, ки пур аз ҳаяҷон буд.

Бахт дари худро ба рӯяш кушод. Дар рӯзи муҳокима ба толор нависандаи мумтоз Сотим Улуғзода ва режиссёри варзида Шамсӣ Қиёмов ворид шуданд. Ҳузури чунин бузургон худ барои ҳар эҷодкор рӯйдоди нодир буд.

Намоишнома ба поён расид. Лаҳзае сукут ҳукмфармо шуд. Сипас сухани таҳсин баланд гардид. Устодон ба кори ҷавон баҳои баланд доданд. Хусусан, Сотим Улуғзода, ки худ тарҷумони ҳамин асар буд, аз саҳнагузорӣ ва маҳорати Ориф Набиев ситоиш кард. Барои ҷавон ин суханон мисли шамъи умед дар оғози роҳ фурӯзон шуданд.

Пас аз сарбаландона анҷом ёфтани кори дипломӣ Ориф Набиев сари як пиёла чой дар канори ин бузургон нишаст. Дар дил меандешид: рӯзе асарҳои ҳамин адибро мехондам, имрӯз бошад, дар паҳлӯи худи ӯ нишастаам. Чӣ орзуе ширинтар аз ин?

Се рӯз пайи ҳам ӯ ҳамроҳи устод Сотим Улуғзода дар кӯчаву паскӯчаҳои Хуҷанд гашт. Он рӯзҳо барои ҷавон чун донишгоҳи дигар буданд. Ҳар ҳарфи устод китобе буд, ҳар нигоҳаш дарсе, ҳар табассумаш рӯҳбахш.

Рӯзе онҳо ба мағозаи марказии шаҳри онвақтаи Чкалов (имрӯза Бӯстон) рафтанд. Устод бо меҳри падарона аз маблағи худ барои Ориф Набиев палтои қиматбаҳое харид. Ӯ аз шодӣ гӯё бол баровард. Палто танҳо либос набуд, гармии меҳри устод буд, ки бар китфони ҷавонӣ менишаст.

Баъзе хотираҳо кӯҳна намешаванд. Онҳо мисли чароғ дар гӯшаи дил ҳамеша фурӯзон мемонанд. Барои Ориф Набиев ҳам он рӯзҳо маҳз ҳамингунаанд, рӯзҳои нуру меҳр.

Дарси сарбозӣ ва достони роҳи дур

Ӯ ҳамчунин солҳои 1977–1979 дар вилояти Читаи Русия хизмати ҳарбиро ба ҷо овард. Ин давра барои ҷавони орзупарвар танҳо адои қарз набуд, балки мактаби ирода, сабр ва мардонагӣ гардид.

Маҳз дар ҳамин айём аз рӯзгору ҳаёти ҳамсафонаш қиссаи ҳасбиҳоливу романтикии «Қатора пеш мерафт»-ро эҷод намуд. Ин асар аз ҷавонӣ, орзу, ҷудоӣ, роҳи дур ва тапиши дили ҷавононе қисса мекунад, ки зиндагӣ онҳоро ба масири камолот мебурд. Ин солҳо ӯро пухтатар, ҷаҳондидаву устувортар карданд.

Вақте фарҳанг ба дасти фарҳангшинос мерасад…

Яке аз саҳифаҳои муҳим ва пурмасъулияти зиндагиномаи Ориф Набиев давраи роҳбарии ӯ дар соҳаи фарҳанг мебошад.

Солҳои фаъолият дар саҳна, телевизион ва муассисаҳои эҷодӣ ба ӯ таҷрибаи бузург бахшида буд. Ӯ хуб медонист, ки фарҳанг танҳо баргузории чорабинӣ нест, балки тарбияи завқ, нигоҳдории арзишҳои миллӣ ва парвариши рӯҳи ҷомеа мебошад. Аз ҳамин ҷост, ки вақте соли 2014 Ориф Набиев ба вазифаи сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд таъйин гардид, аҳли фарҳанг ин интихобро бо хушнудӣ пазируфтанд. Ӯ то соли 2018 ба сифати роҳбари фарҳанги вилояти Суғд фаъолият намуд.

Ба ин мақом шахсе омад, ки фарҳангро аз саҳна мешинохт, ҳунармандро аз наздик мефаҳмид ва ниёзҳои муассисаҳои фарҳангиро бо чашми таҷриба медид. Ӯ роҳбаре набуд, ки танҳо аз паси миз фармон диҳад. Баръакс, ба шаҳру ноҳияҳо мерафт, аз китобхонаҳо, қасрҳои фарҳанг, театрҳо, мактабҳои мусиқӣ ва осорхонаҳо дидан мекард, бо кормандон суҳбат менамуд ва мушкилоти соҳаро аз ҷойи воқеа меомӯхт. Бисёр маҳфилҳои ҳунарӣ дубора фаъол шуданд. Ҷавонони соҳибистеъдод ба озмуну фестивалҳо ҷалб гардиданд. Ориф Набиев ба ҳар чорабинӣ ҳамчун як асари саҳнавӣ менигарист–бо тарҳ, бо маъно ва бо таъсир.

Дар давраи роҳбарии ӯ ба ҳунарҳои мардумӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардид. Ӯ бар он назар буд, ки миллате, ки ҳунари аҷдодиро зинда нигоҳ медорад, решаи худро аз даст намедиҳад.

Ориф Набиев ҳамчун роҳбар бештар бо пурдонӣ, фурӯтанӣ, масъулиятшиносӣ ва дастгирии эҷодкорон шинохта мешуд. Ӯ ба ҳар корманд бо эҳтиром муносибат мекард, аммо дар иҷрои вазифаҳо сахтгир ва дақиқ буд. Барои ӯ сифати кор аз ҳисобот болотар меистод.

Мавсуф соли 2016 бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шуд. Ин мукофот нишони қадршиносии давлат аз заҳмати содиқона ва хизмати пурсамари ӯ дар роҳи рушди фарҳанг аст. Ҳамзамон ӯ унвони Аълочии фарҳанг дошта, дорандаи Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ низ мебошад.

Оинаи нилгун дар партави истеъдод

Соли 1990 ба Телевизиони вилояти Суғд омад. Ин гузариш аз театр ба телевизион барои ӯ тағйири роҳ набуд, балки идомаи рисолат буд. Ӯ хуб медонист, ки телевизион низ саҳна аст. «Ҳафтранг», «Ҷавонӣ», «Марди ҳунар», «Намози шом», «Субҳи даврон», «Армони ошиқ», «Хунёгар» ва дигар барномаҳо бо саҳми ӯ таҳия шудаанд.

Ӯ телевизионро аз қолаби хушк берун овард. Ба он мусиқӣ, эҳсос, андеша, ранги миллӣ ва тарзи зиндаи баён бахшид. Барои бисёр ҷавонон оинаи нилгун бо номи ӯ пайванд ёфта буд.

Ҳамчунин дар рӯзҳои сарнавиштсози миллат, ҳангоми баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Набиев ҳамчун яке аз кормандони фаъолу соҳибтаҷрибаи телевизион дар инъикоси рӯйдодҳои муҳими он саҳми арзанда гузошт.

Қаламе ҳамқадами саҳна

Ӯ дар наср ва драматургия низ қувва озмудааст. Муаллифи драмаҳои «Бахт мехоҳам» (дар ҳамммуаллифӣ бо Ҳалим Шариф) ва «Миёнарав» (дар ҳаммуаллифӣ бо Сайидамин Ҷило) мебошад. Дар ин асарҳо масъалаҳои рӯзгор, ҷустуҷӯи саодат, бархӯрди андешаҳо ва муаммоҳои ахлоқии ҷомеа бо забони саҳнавӣ инъикос ёфтаанд. Қаҳрамонҳои ӯ аз миёни зиндагии воқеӣ баромада, бо дарду орзуи мардум нафас мекашанд. Имрӯзҳо ба навиштани ёддоштҳо машғул аст, ки метавонанд барои насли имрӯз ганҷинаи маънавӣ бошанд.

Ориф Набиев таҷрибаи худро танҳо барои худ нигоҳ надошт. Ӯ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ҷавонон дарси коргардонӣ ва фарҳанг омӯхт. Шогирдони зиёде аз мактаби ӯ гузаштаанд. Ӯ ба онҳо танҳо касб не, ахлоқ, масъулият ва эҳтиром ба ҳунарро меомӯзонид. Ба андешаи ӯ пеш аз ҳунарманд шудан инсон шудан лозим аст.

Марди дунёдида ва сафири фарҳанг

Ориф Набиев борҳо ба кишварҳои хориҷӣ сафарҳои ҳунарӣ анҷом дода, бо намояндагони фарҳангҳои гуногун мулоқот ва табодули таҷриба намудааст. Ӯ ҳамчун намояндаи фарҳанги тоҷик ҳунар, анъанаҳо ва арзишҳои миллиро муаррифӣ намуда, дӯстии халқҳо ва фарҳангҳоро таҳким бахшидааст.

Хонадоне чун боғи пурмева

Паси ҳар марди комёб як ҷаҳони ором, як чароғи хонадон ва як муҳаббати устувор меистад. Ориф Набиев ҳам соҳиби оилаи тифоқу хушбахт мебошад. Ӯ соҳиби се фарзанд, 14 набера ва 2 абера аст. Ин рақамҳо танҳо шумора нестанд, инҳо меваҳои умри пурбаракат, нишони идомаи насл ва самари зиндагии пурсафоянд.

Дар сафи хизмати миллат

Ҳоло ҳам ӯ аз ҷомеа дур нест. Ба ҳайси мутахассиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилоят таҷрибаи ғанӣ ва дониши худро барои таҳкими ваҳдат, тарбияи ҷавонон ва рушди маънавиёти ҷомеа сарф мекунад.

Ориф Набиев саҳна офарид, истеъдодҳоро парварид, фарҳангро нерӯ бахшид ва дар қалби мардум ҷой гирифт. Номи ӯ имрӯз барои аҳли фарҳанг рамзи меҳнат, истеъдод ва садоқат аст. Зеро баъзе инсонҳо танҳо зиндагӣ намекунанд, онҳо чароғ мешаванд.

 

Муқимҷон Алишехов,

узви Иттифоқи

журналистони Тоҷикистон