Рӯзномаи дӯстдоштаам «Ҳақиқати Суғд» (собиқ «Ҳақиқати Ленинобод») 96-сола шуд. Даҳҳо нафар рӯзноманигорони ин даргоҳро номбар метавон кард, ки дар рушди журналистикаи тоҷик ва тарбияи кадрҳои ҷавон саҳми мондагор доранд. Ин ҷо сухан дар бораи яке аз онҳо, рӯзноманигори соҳибмактаб Мулло Боқӣ (Мулло Боқиев) меравад.

Номбурда 26-уми январи соли 1926 дар яке аз калонтарин деҳаҳои ноҳияи Мастчоҳ (имрӯза ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ) Пастиғави сарсабз чашм ба олами ҳастӣ боз намудааст. Солҳои тӯлонӣ, аз соли 1950 дар соҳаи мактабу маориф ифои вазифа намуда, чанд сол мухбир-ташкилотчии радиои маҳаллии ноҳияи Мастчоҳ ва шаш моҳ ходими рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» буд. Аз соли 1971 то нафақа мухбири махсуси «Ҳақиқати Суғд» шуда кор кардааст.

Соли 1995 ин дунёро падруд гуфт.

9-уми феврали соли 1988 Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон бо фармони худ Мулло Боқиро барои хизматҳои шоёнаш дар инкишофи матбуоти советӣ ва телевизион ба унвони фахрии «Журналисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон», дорандаи рақами 1 сарфароз гардонид, ки мо ҳамкасбону шогирдон аз ин ифтихор дорем.

Солҳои 1970–1971 (то даъват ба «Ҳақиқати Суғд») ҳамкор будем. Ҷомеаи меҳнатии рӯзномаи ноҳиявии «Машъал» аксар ҷавонон ва навкор будем. Устод мухбир-ташкилотчии радиои маҳаллӣ буданд ва шоҳмотбози номӣ. Бинобар он тахтаи шоҳмот доимо дар ҷои намоён «интизор»-и устод буд. Суҳбатҳояшон хеле гуворою самимӣ ва хотирмон буданд.

Ёд дорам, дар яке аз «летучка»-ҳо–маҷлисҳои назди муҳаррир Мулло Боқӣ мухбири ҷавонро эрод гирифтанд, ки қаҳрамони лавҳаро надида, «мӯи сари марғиладорашро бо панҷаҳо шона мекард» навиштааст, ҳол он ки он одам тоссар буда, хандахариши ҳамкорон мегардид. Ҷавон баъди маҷлис шармгинона аз устод гила кард, ки ба худам мегуфтед…

– На, –суханашро бо мулоиматӣ буриданд устод, –бигзор барои ту панд шаваду барои дигарон дарс.

Дар суҳбатҳо таъкид мекарданд, ки рӯзноманигор барои он, ки суханаш таъсирбахш бошад, бояд ба ҳар вохӯрӣ, маҷлис, мусоҳиба пешакӣ омодагӣ бинад. Мавзӯъро амиқу аниқ омӯзад, дар суҳбат шунавандаи пакар не, ташаббускор бошад. Ҳатто либоспӯшӣ, олуфтагию озодагии шумо барои атрофиён намунаи ибрат бошад. Ҳини суҳбат ҳеҷ вақт котиби ҳамсуҳбат набошед, яъне нусхабардор набошад. Аммо одоби ҳамида, лутфу эҳсон, ҳалимиро фаромӯш накунед.

– Худи устод намунаи ибрат буданд дар ин масъала, –таъкид мекард борҳо Нависандаи халқии Тоҷикистон шодравон Мирзо Шукурзода. –Ҳини суҳбату гузоришҳои якҷоя аз ҳаёти фотеҳони Дилварзин, устод чунон ҳалиму хоксору зариф буданд, ки ҳамсуҳбат аз чунин малеҳият сабақи одаму одамгарӣ, фурӯтанӣ, ширинбаёнӣ меомӯхт.

Мулло Боқӣ мухбири махсуси “Ҳақиқати Ленинобод” дар ноҳияҳои Мастчоҳ, Зафаробод, Истаравшан, Айнӣ, Панҷакент буданд, яъне фаъолияташон бештар ба ин минтақаҳо рабт дошт.

Устодро доимо квитансияҳои 500-600-сӯма дар идораи рӯзномаи «Машъал»-и Мастчоҳ интизор буданд. Ва, албатта, мо ба ин тарафи кор низ бетаваҷҷуҳ набудем. Пул ҳама вақт қувваи кашиш доштааст.

Рӯзе як ҳамкори бебокамон «Устод, чунин квитансияҳоро мо чӣ гуна соҳиб шавем?» - гуфт. Эшон бо қоҳ-қоҳи баланди зебанда хандида гуфтанд, ки сирраш сари мизи корӣ нишаста тавонистан ва байни мардум будан аст, тамом. Баъд илова карданд, ки чунин нависед, ки ному насабатон дар зеҳни мудири шуъбаи мактубҳои редаксияҳо монад. Барои ин мутолиаи зиёд даркор, дар маҷлису вохӯрию маҳфилҳо мавзӯи мушаххас интихоб кунед, факту далелҳоро гаштаю баргашта санҷед, мисли Карим Солеҳзодаи шуъбаи хоҷагии қишлоқи рӯзномаи мо (“Ҳақиқати Ленинобод” дар назар аст), ки таги шишаи болои мизаш чунин навиштаҷот буд: “Солеҳзода, фактҳоро бори дигар санҷ!”, бо мутахассисон робитаи зичу доимӣ доштан зарур. Ҳангоми иншои мақолаҳои танқидӣ ба ҳарду тараф дар суҳбат бошеду албатта, хулосаи худро доштан муҳим аст. Таъкид мекарданд, ки адабиёти касбиро омӯзед, маводи беҳтарин рӯзноманигоронро хонед, ба усулҳои гуногуни ҳалли муаммоҳо баҳо дода тавонистанро ёд гиред. Баъд, мегуфтанд устод, мудири шӯъбаи кишоварзии радиои ҷумҳурӣ Баҳриддинов аз шумо маро суроғ намекунад, ба худатон такя мекунад, квитанса бошад, худаш меояд, шӯхиомез ҷамъбаст мекарданд Мулло Боқӣ…

Устод рӯзноманигори комил буданд, дар ҳама жанрҳои журналистӣ дасти тавоно доштанд, ба гуфти рӯзноманигори варзида, нависандаи борикбаён, сармуҳаррири вақти «Ҳақиқати Суғд» шодравон Ғуфронҷон Рустамов «ҳозирсухан» буданд Мулло Боқӣ. Маҳорати баланди журналистии М.Боқӣ боис шуд, ки сармуҳаррири рӯзномаи №1-и ҷумҳурӣ «Тоҷикистони советӣ» Ғоиб Қаландаров эшонро ба кор даъват намуда, интихоби мудирии дилхоҳ шуъбаро пешниҳод мекунад.

–Ташаккур, муаллим, - гуфта, афзудам, ки ман бо даҳ фарзанд дар Душанбе «намеғунҷам», вале кӯшиш мекунам, ки ҳамаи супоришҳои рӯзномаро дар музофот зиста, сари вақт иҷро кунам.

Солҳои 60-ум Мулло Боқӣ баробари рӯзноманигорӣ ба кори илмӣ ҳам машғул буданд, дар риштаи забон. Аммо дифои кори илмӣ кашол меёфт.

Боре дар як вохӯрӣ дар идораи «Машъал» нафаре сабаби кашолёбии корро пурсон шуд. Устод бо ҳамон хиради ошкорбаёнӣ гуфтанд, ки «моҳе ба ҳамин кор часпам, ба хонаам лингаи ордро оварда наметавонам».

Баъдҳо, ҳангоми омода намудани маводи 70-солагии Мулло Боқӣ, ҳини омӯхтани бойгониашон чашмам ба навиштаи олими ғӯрамарг Бурҳон Шарифов (он замон аспиранти академик Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов) афтод, ки тавалло дошт, ки Ниёзмуҳаммадовро танқид накунед, ба кори илмии ман халал мерасад. Шояд як сабаби ба охир нарасидани кори илмии Мулло Боқӣ ҳамин бошад.

Соли 1996 ба хотири 70-солагии Мулло Боқӣ шумораи махсуси рӯзномаи ноҳиявии «Машъал»-ро бо кӯмаки фарзандону шогирдон омода намудем, бинем, мавод аз 4 саҳифаи анъанавии ҷаридаи маҳаллӣ зиёд ва ҳайати эҷодӣ тасмим гирифт, ки рӯзнома дар ҳаҷми 6 саҳифа чоп карда шавад, яъне гӯё ки қолабшиканӣ кардем. Вале қарори моро муассис қабул накард: “Аз ҳад нагузаронед!” Кор то ба раиси ноҳия Саидшариф Шарифов дакка хӯрд. Раис қазияро фаҳмида, бо таҳаммули ба худаш хос ба мо нигариста, калимаҳоро чида-чида гуфт: «Мулло Боқӣ ба даҳҳо саҳифа меарзад».

–Ман дарси имлою беғалатнависиро аз раҳматии Мулло Боқӣ–Рӯзноманигори хизматнишондодаи ҷумҳурӣ, дорандаи дафтарчаи рақами якум омӯхтаам, –мегӯяд бо ифтихор мудири бахши кор бо кадрҳои идораи фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ Мирзо Назаров. –Дар курси дуюми факултаи забони англисии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи аллома Бобоҷон Ғафуров мехондам ва бо рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» (он вақт «Ҳақиқати Ленинобод») алоқаи шогирдона доштам, хабарҳоям чоп мешуданд ва гонорар ҳам бад набуд.

Рӯзе ба номам аз идораи рӯзнома мактуб омад. Кушоям як варақи расмӣ бо имзои мудири шуъбаи мактубҳо. Хонам, баробари дигар маслиҳатҳо тавсия додаанд, ки аз ҳарфҳои ӯ ва и-и заданок дуруст истифода бурданро омӯзам. Рӯзи дигар лифофа дар кафам ба хонаи муаллим Мулло Боқӣ омадам. Писарашон Қосимро, ки ҳамсинфам буд, пайдо карда, илтимос кардам, ки маро ба назди падараш барад. Устод арзамро шунида, баробари дигар тавсияҳо фармуданд, ки бештар рӯзнома хонам. Омадам ба хонаи хаткашон Бобои чӯлоқ (як пояшро дар ҶБВ бой дода буданд ва чунин лақабро мардум ба ӯ «арзонӣ» доштанд). Баъд ҳар рӯз қариб аз ӯ рӯзномаҳои гуногун мегирифтаму ӯ-ю ӣ мекофтам.

Ҳамин тавр, ман бо маслиҳату машварати ин марди хирад рӯзномахониро касби доимӣ карда, беғалатнависиро омӯхтам ва тамоми ин солҳо дар вазифаҳои гуногуне, ки кор кардам, дар корҳои нависонавис беғалатам ва аз он шодам, ки дар навиштану беғалат пур кардани ҳуҷҷатҳо дасти нафарони зиёдеро «рост» кардаам ва аз он ифтихор дорам, ки замоне бо Мулло Боқӣ дар тамос будаму ҳаққи шогирдӣ дорам.

 

Мирзоҳамдам Шарифзода,

рӯзноманигор, ноҳияи Мастчоҳ