Таъсиси осорхонаҳо, ки рамзи пайванди дирӯзу имрӯзу фардо ва баёнгари арзишҳои волои маънавии мардуми тоҷик мебошанд, дар раванди ташаккули миллати мо низ ба ҳукми анъана даромадааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Соҳиб шудан ба муҳимтарин дастовард ва падидаҳои фарҳангӣ, эҳёи суннату мероси маънавии миллат маҳз ба шарофати таҳкими пояҳои истиқлолияти миллӣ ба даст меояд. Аз ин лиҳоз, сиёсати фарҳангпарварони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин арса беҳтарин дастоварду самараҳоро барои миллати мо эҳдо намуда истодааст. Тибқи қарори Раиси вилояти Суғд, таҳти рақами №190, аз 13-уми апрели соли 2015    Муасисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” таъсис дода шуд. Қобили зикр аст, ки навсозии боғи Камоли Хуҷандӣ моҳи майи соли 2014 оғоз ёфта,  “Осорхонаи таърихии вилояти Суғд”, “Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ” ва “Қалъаи Хуҷанд” ба он шомил гашт ва имрӯз ин макон ба як мавзеи басо зебою рӯҳафзои сайру тамошо, шиносоӣ бо рӯзгору сарнавишти ин устоди шеъри ноби тоҷикӣ, таърихи гузаштаи халқи тоҷик ва ҳамчунин ба мавзеи истироҳату фароғат табдил ёфтааст.

Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, ки як ҷузъи асосии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ба ҳисоб меравад, бо баробари ҳамроҳ шудан  ба маҷмаа дар тӯли даҳ соли охир фаъолияти худро дар самти ҳифз, омӯзиш ва муаррифии меъроси таърихию фарҳангии кишвар дучанд намуда, ба як қатор дастовардҳо ноил гардидааст.

Бо мақсади муаррифӣ ва ҷалби бештари тамошобинон  ба  Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Нуъмон Неъматов, Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ, боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва иншооти нави Қалъаи Хуҷанд проспект бо се забон, яъне тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ омода гардида,  аз чоп бароварда шуд.

Тибқи пешниҳоди аъзои Шӯрои илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, дар асоси қарори маҷлиси вакилони халқии вилояти Суғд, даъвати 5-уми аз 28.06.2017, №208 бо дастгирии комиссияи номгузории шаҳри Хуҷанд   Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи Нӯъмон Неъматов, ки асосгузори ин осорхона ба ҳисоб меравад, сазовор гашт.

Осорхона инчунин дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмӣ, донишгоҳҳо ва марказҳои таҳқиқотӣ корҳои илмиро густариш медиҳад. Ташкили конфронсҳо, семинарҳо, намоишҳои илмӣ ва вохӯрӣ бо муҳаққиқон ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва мубодилаи таҷриба мусоидат менамояд. Аъзои  Шӯрои илмии осорхонаро як қатор олимон аз қабили  Набиҷон Раҳимов - доктори илмҳои таърих, профессор, Шавкат Шарифов - номзади илмҳои таърих, дотсент, Муҳиддин Файзуллоев - номзади илмҳои таърих, дотсент, мардумшинос, Ислом Раҳимов – номзади илмҳои филологӣ, мардумшинос, Баҳром Раҳматзод – номзади илмҳои филологӣ ва мудирони шуъбаву кормандони илмии осорхона ба ҳисоб мераванд. 

Имрӯз Осорхона аз якчанд шуъбаҳо: таърих, таърихи давраи муосир, дастхатҳо ва таъбу нашр, оммавӣ, фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа, фонд ва шӯъбаи сайёҳӣ иборат аст.

Шуъбаи таърих, яке аз шуъбаҳои муҳими Осорхона ба ҳисоб рафта, фаъолияти он ба омӯзиш, дарёфт ва муаррифии ёдгориҳои моддӣ ва ғайримоддии гузаштаи ҷомеа равона гардидааст. Самти асосии фаъолияти кормандони илмии ин шуъба пеш аз ҳама, ҷамъоварии нигораҳо, таҳқиқ ва омӯзиши нигораҳои нав воридшуда, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба экспозитсияҳои намоишӣ, ҳуҷҷатгузории шуъба ва ғайраҳо  мебошад. Аз тарафи мудири шуъба Мутриба Мамадҷонова ва корманди илмӣ Дилором Саидова барои роҳбаладон сайри илмӣ тартиб дода шуда, тарзи дуруст пешниҳод намудани он ба меҳмонон назорат карда мешавад.

Шуъбаи таърихи  давраи муосир бошад, бозгӯи омӯзиши таърихи навтарини минтақа ва кишвар аст. Мудири шуъба Муҳаррамхон Хоҷаева ва корманди илмӣ Сайфияхон Исломова баҳри ғанигардонии  хазинаи осорхона экспонатҳоеро ҷамъоварӣ менамоянд, ки рушди ҷомеаро дар марҳилаҳои гуногуни таърихи нав нишон медиҳад. Ҳуҷҷатҳои таърихӣ, аксҳо, ашёҳои рӯзгор, соҳаҳои саноатӣ ва дигар маводи таърихӣ ба меҳмонони осорхона имконият медиҳад, ки бо воқеаҳои муҳими таърихӣ аз наздик шинос шаванд.

Шуъбаи дастхатҳо ва табъу нашр, ки соли 2015 таъсис ёфта, дар саргаҳи он Абдуҳафиз Аҳадов ва корманди илмӣ Мавҷуда Бойматова фаъолият доранд, ба ҳифз ва нигаҳдории дастхатҳо ва адабиёти аслӣ машғул аст. Шуъба инчунин нашр ва таҳрири китобҳо, мақолаҳо ва маводҳои илмӣ ва фарҳангиро таъмин намуда, дастрасӣ ба дониш ва маълумотро барои ҷомеа осон мекунад.

Мудири шуъба Даврон Исобоев ва корманди илмии шуъба Абӯбакр Аминов кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то кори шуъбаро бомаром ба роҳ монда, ба як қатор дастовардҳо ноил гарданд.

Дар якҷоягӣ аз тарафи кормандони илмии ин шуъбаҳо бо мақсади ғанӣ гардонидани маъхази осорхона  дар солҳои 2016-2026 зиёда аз 80  ҷаласаи комиссияи харидорӣ баргузор гардида, зиёда аз 14 461 адад ашёҳои арзиши таърихӣ-фарҳангидошта ҷамъоварӣ  ва беш аз 8000 тавсифномаи илмӣ ва варақаи бақайдгирӣ навишта шуда, ба фонди осорхона супорида шуд.

Боис ба ёдоварист, ки барои маблағгузории  комиссияи харидории назди осорхонаи таърихии вилояти Суғд саҳми шуъбаи муҳосибот  бо роҳбарии сармуҳосиб Аслиддинхон Ибодуллоев ва кормандони он Гулчеҳра Мусоева, Мавзуна Нурмухаммедова ва Муҳаббат  Юсупова хеле калон мебошад, зеро онҳо маблағгузории  ҳар як ашёи харидоригардидаро  сари вақт таъмин менамоянд. Инчунин, барои пурра намудани суратҳисоби махсуси муассиса, ки яке аз муассисаҳои бузурги вилоят ба ҳисоб меравад, саҳми хазинадорон низ калон аст. Яке аз онҳо ин Муяссар Ӯлмасова  мебошад, ки собиқаи бистсолаи меҳнатӣ дорад.

Шуъбаи оммавӣ фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа, яке аз муҳимтарин шуъбаи осорхона ба ҳисоб рафта, вазифаи асосии он ин таъмин намудани иртиботи самаранок байни осорхона ва қишрҳои гуногуни ҷомеа, инчунин дар сатҳи баланди илмӣ ба роҳ мондани сайри осорхонавӣ  мебошад. Дар шуъбаи оммавӣ фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа нақши роҳбаладон муҳим мебошад, зеро маҳз онҳо ҳамчун намояндаи фарҳанги миллӣ баромад намуда, симои кишварро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд. Айни ҳол дар ин шӯъба 15 нафар роҳбаладони баландихтисос аз қабили Иноят Мирзоева, Тахмина Тошматова, Умеда Юлдошева, Шоирахон Атоева, Монадҷон Баротова, Абӯбакр Аминов, Муродҷони Шовазир, Даврон Тошматов, Алишери Меҳринисо ва Азитзбек  Холматов зери роҳбарии мудири шуъба Шарифахон Сайфиева кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ҳамарӯза бо якчанд забони хориҷӣ меҳмонони дохилию хориҷиро бо сатҳу сифати баланд пазироӣ намоянд.

Бо эълон шудани Соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ҷиҳати муаррифии ашёҳои арзишманди фарҳангӣ-таърихӣ, ҷалби бештари сайёҳон дар маҷмаа ва берун аз он шӯъбаи нав - шуъбаи “Рушди сайёҳӣ” таъсис дода шуд. Мақсад аз созмон додани он вусъат бахшидан ба корҳои сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳони дохил ва хориҷи кишвар мебошад. Алҳол осорхона бо якчанд ширкатҳои бонуфузи сайёҳии ҷумҳурӣ  ҳамкорӣ дорад, ки натиҷаи он зиёд шудани теъдоди тамошобинони хориҷӣ аст. Тибқи ҳисоботи оморӣ теъдоди тамошобинони хориҷӣ агар соли 2016 – 2 427 нафар бошанд, пас то соли 2026 он ба 42 769 нафар расид. Дар умум дар даҳ соли охир  аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд 601 311 нафар тамошобинони дохилию хориҷии дуру наздик дидан намуданд.

Шуъбаи фонд қисми асосии фаъолияти осорхона ба ҳисоб меравад. Фаъолияти он асосан бақайдгирӣ ва нигаҳдории экспонатҳои осорхона аст. Дар фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд 23 306 адад нигораи аҳамияти таърихию фарҳангидошта мавҷуд буда, аз онҳо 17 599 адад ба фонди асосӣ ва 5 707 адади он ба фонди ёрирасон шомиланд. Аз ин миқдори нигораҳо беш аз 2000 экспонат дар толорҳо ба намоиш гузошта шудаанд. Мудири вақти фонди осорхона  Адибахон Ӯрмонҷонова ва алҳол Фаридахон Исҳоқӣ бо корманди илмӣ Шаҳноза  Тилляева кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ҳифз ва нигоҳдории дурусти нигораҳоро ба роҳ монда, таърих, фарҳанг ва анъанаҳои гузаштаро ба наслҳои оянда интиқол диҳанд.

Боис ба ёдоварист, ки Осорхона дорои китобхонаи илмӣ буда, он яке аз бахшҳои муҳими илмӣ ва маърифатӣ ба ҳисоб меравад. Дар китобхонаи муассиса китобҳо, ҳуҷҷатҳои таърихӣ, дастурҳои илмӣ ва дигар маводҳои марбут ба таърих ва фарҳанг нигаҳдорӣ мешаванд. Айни ҳол дар бойгонии маъхази китобхонаи илмӣ зиёда аз 16 000 адад китоби илмии соҳаҳои гуногун, китобчаҳо (брошюра), маҷаллаҳои даврӣ мавҷуд буда, аз он 1 400 ададашро маводҳои шахсии академик Н.Неъматов, ки соли 2021 ба осорхона супорида шуда буд,  ташкил мекунад. Китобдори маҷмаа Наргизахон Бузурукова кӯшиш ба харҷ медиҳад, то маъхази китобхонаи илмиро бо китобҳои илмию соҳавӣ ғанӣ гардонанд.

Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишҳои Раиси вилояти Суғд ёдгории таърихии “Қалъаи Хуҷанд”аз нав эҳё ва барқарор гардид. Маҷмаа расман 11-уми апрели соли 2024 ифтитоҳ гардида, саҳми кормандони осорхона барои эҳёву барқарорсозии он хеле назаррас аст.

Дар толори пазироии Осорхонаи таърихии вилоятии Суғд барои гирифтани маълумоти бештар лавҳаи маълумотдиҳии электронӣ насб карда шуда, барои шахсони имконияташон маҳдуд низ шароит фароҳам оварда шудааст, ки аз экспозитсияи осорхона бе душворӣ дидан ба амал оранд. Ҳамчунин дар зери нигораҳои толорҳои намоишӣ QR-кодҳо насб гардиданд, ки ин навовариҳо ва истифодаи технологияҳои муосир барои баланд бардоштани сатҳи иттилоотонӣ, сарфаи вақт ва ҷалби бештари тамошобинон имконият фароҳам овард.

 

Мансур БОЙМАТОВ,

омири Осорхонаи таърихии

вилояти Суғд