Дар толори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуфхон Исҳоқӣ маросими ҷоизасупории озмуни вилоятии «Тоҷикистон ватани Наврӯз аст» баргузор гардид.

Дар маросим муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш Бахтиёр Исматзода, намояндагони Коллеҷи тиббӣ ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.

Озмуни вилоятӣ, ки тариқи онлайнӣ сурат гирифта буд, ҷамъбаст гардида, ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни фархундаи Наврӯзи оламафрӯз бахшида шуда буд ва беҳтарин эҷодкорони наврасу ҷавонро гирд овард.

Муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода зимни баромади хеш иброз дошт, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни оғози сол, ҷашни меҳру муҳаббат ва ғалабаи некӣ бар бадӣ пазируфта шуда, бо шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми ҷаҳонӣ касб намуд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бо риояи суннатҳои миллӣ ин ҷашни бузурги Наврӯз таҷлил карда шуд.

Дар озмуни мазкур беш аз 300 нафар иштирокчиён аз рӯи се номинатсия – «Беҳтарин расм», «Беҳтарин ролик» ва «Беҳтарин эҷоди шеър» маҳорату истеъдоди худро нишон доданд.

Наврасону ҷавонони соҳибистеъдод аз шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла, Хуҷанд, Бӯстон, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Деваштич, Бобоҷон Ғафуров, Шаҳристон ва Зафаробод фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Дар озмун аз байни 300 нафар иштирокчӣ 18 нафар ғолиб дониста шуда, 40 нафар бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ  қадрдонӣ шуданд.

Ҳамзамон, шарикони озмун ТВ «Баҳористон», ширкати сохтмонии «Истиқлол гурӯҳ», рӯзномаи  «Ворисони Суғд» ва доварони озмун бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Дар фарҷом метавон гуфт, ки баргузории чунин озмунҳо ба рушди эҷодкорӣ, дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои нав, инчунин таҳкими арзишҳои миллӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат намуда, ҷавононро ба сӯи созандагиву  навоварӣ раҳнамоӣ менамояд.

 

Манзура БАХТИЁРЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”