Бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ сокинон ҳамдигарро табрик мекунанд, ба ҳар як хонадони кишвар бахту саодат, файзу баракат ва муваффақиятҳои беназир орзу карда мешавад. Ин ҷашн на танҳо рӯзи шодӣ ва нишот, балки айёмест, ки инсонҳоро ба ҳам меорад, меҳру муҳаббатро афзун намуда, рӯҳияи созандагиву ободкориро тақвият мебахшад.

Имрӯз Наврӯзро аҳли сайёра ҳамчун нишони эҳёи табиат, рамзи сулҳу дӯстӣ ва густариши робитаҳои неки байни халқҳо истиқбол мегиранд. Ин ҷашни бостонӣ баёнгари ормонҳои инсоният – зиндагии осоишта, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ мебошад. Маҳз ҳамин арзишҳо Наврӯзро ба як падидаи умумибашарӣ табдил додаанд.

Дар ин замина, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба мақом ва ҷойгоҳи Наврӯз дар тамаддуни тоҷикон дар Паёми охирини худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид намудаанд: «Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд. Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем».

Ин андешаи амиқ моҳияти Наврӯзро ҳамчун ҷузъи муҳими ҳувияти миллӣ ва омили пайванди наслҳо бозгӯ мекунад. Воқеан ҳам, Наврӯз танҳо як ҷашни анъанавӣ нест, балки мероси бузурги фарҳангӣ ва ахлоқии ниёгон мебошад, ки бояд ҳифз ва рушд дода шавад.

Таърих гувоҳ аст, ки Наврӯз беш аз шаш ҳазор сол қабл пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст.

Баробар шудани шабу рӯз, бедор шудани табиат ва оғози фасли баҳор ба гузаштагони мо илҳоми нав мебахшид ва онҳо ин рӯзро ҳамчун оғози давраи нави зиндагӣ истиқбол мегирифтанд. Дар сарчашмаҳои таърихӣ, аз ҷумла дар асари  безаволи Абулқосим Фирдавсӣ – «Шоҳнома», Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хоса васф гардида, пайдоиши он ба шоҳи афсонавӣ Ҷамшед нисбат дода шудааст.

Яке аз хусусиятҳои ҷолиби Наврӯз он аст, ки дар тӯли таърих ягон нерӯи сиёсӣ ё динӣ натавонистааст мардумро аз таҷлили он боздорад. Баръакс, ин ҷашн тадриҷан дар миёни халқҳои гуногун паҳн гардида, ба ҷузъи фарҳанги онҳо табдил ёфтааст. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рамзи пирӯзии нур бар зулмот, гармӣ бар сардӣ ва некӣ бар бадӣ шинохта мешавад.

Нақши Тоҷикистон дар ҷаҳонишавии Наврӯз низ назаррас аст. Бо ибтикори роҳбарияти кишвар ва ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ соли 2010 ин ҷашни бостонӣ мақоми байналмилалӣ гирифт. Ин иқдом нишон медиҳад, ки фарҳанги тоҷикон дорои арзишҳои умумибашарӣ буда, метавонад дар таҳкими сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ саҳми арзанда гузорад.

Дар шароити ҷаҳони муосир, ки инсоният бо мушкилоти гуногун рӯ ба рӯст, арзишҳои Наврӯз – сулҳ, ваҳдат ва ҳамзистии осоишта аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Ин ҷашн инсонҳоро ба ҳам меорад, онҳоро ба дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ даъват намуда, барои бунёди ҷомеаи адолатпарвар замина фароҳам меорад.

Аз суннатҳои неки Наврӯз, ки то имрӯз идома доранд, хабаргирии наздикону пайвандон, эҳтироми калонсолон ва дастгирии ниёзмандон мебошад. Гузаштагони мо анҷоми корҳои хайр, кӯмак ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоатро яке аз рукнҳои муҳими ин ҷашн медонистанд.

Имрӯз низ ин анъанаҳо дар ҷомеаи тоҷикон густариш ёфта, ба як фарҳанги волои инсонӣ табдил ёфтаанд.

Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон на танҳо ватани Наврӯз, балки сарзамини ҷашнҳои бостонии дигар, аз қабили Меҳргон, Сада ва Тиргон низ мебошад. Ин ҷашнҳо, ки таҷассумгари андешаҳои баланди инсондӯстӣ ва эҳтиром ба табиат мебошанд, дар ташаккули ҳувияти миллӣ ва фарҳанги тоҷикон нақши муҳим доранд.

Таҷлили бошукӯҳи Наврӯз, бахусус дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳамияти вижа дошта, сокинони кишварро ба корҳои созандагиву ободкорӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди устувори ҷомеа раҳнамоӣ менамояд.

Дар маҷмӯъ, Наврӯз ҳамчун ҷашни ҳаёт, эҳё ва инсондӯстӣ дар қалби ҳар як инсон ҷойгоҳи хоса дорад. Он на танҳо мероси гаронбаҳои ниёгон, балки пули пайванди гузашта, имрӯз ва оянда мебошад. Аз ин рӯ, ҳифз ва гиромидошти он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа ба ҳисоб меравад.

 

Саодат Абдувализода,

мудири шуъбаи маорифи

ноҳияи Спитамен