Рӯнамоии се китоби тозанашр таҳти унвони “Каромоти Камол”, “Падари садҳо фарзанд” ва “Атри гули санҷид”-и шоир ва рӯзноманигор, узви Иттифоқи нависандагон ва журналистони Тоҷикистон, дорандаи медали “Хизмати шоиста”, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Нишони сухан”, Ҷоизаи адабӣ-вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ, собиқадори матбуот Сайидамин Ҷило дар толори Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Дар маҳфил Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатуллоҳ Исмоилзода, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, раиси бахши суғдии Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон Ҷовиди Аштӣ, ҳампешагон, ёру дӯстон, шогирдону пайвандони Сайидамин Ҷило ҷамъ омада, аз дидори ошно баҳраманд гардиданд.
Сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” Аминҷон Шарифзода аҳли нишастро хайра мақдам гуфта, иброз дошт, ки Сайидамин Ҷило нафаре ҳастанд, ки ҳамчун шоир, рӯзноманигор, мутарҷиму муҳаррир, драматург байни дӯстдорони илму адаб маъруфият дошта, то кунун дар рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” бо ғайрати ҷавонӣ фаъолият доранду барои ҷомеаи меҳнатии рӯзнома маслиҳатгару ҳидоятгар ҳастанд. Дар ин рӯзҳои муқаддасу пурифтихори таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи чоп омадани се китоби тозанашри устод Сайидамин Ҷило – “Падари садҳо фарзанд”, “Атри гули санҷид”, ҳамчунин “Каромоти Камол” туҳфаи арзишмандест ба ҷашни таърихӣ ва дӯстдорони илму адаб.
Нахуст раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод Сайидамин Ҷилоро аз номи тамоми адибони вилоят табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки эшон аз шоирони забардасту драматургони барҷастаи кишвар шинохта шуда, тарбиятгари садҳо ҷавон ба шумор мераванд. Аҳмадҷони Раҳматзод хотироти хешро аз солҳое, ки бо устод Сайидамин Ҷило дар як утоқи кории идораи рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” менишастанду аз нерӯи сухану эҷоди ҳамдигарӣ баҳра мебардоштан сухан гуфт.
Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода аз услуби хоси нигорандагии муаллиф ёдовар шуда, дар қатори дигар асарҳои шоир ба осори публитсистии соҳибҷашн баҳои арзанда дод ва ҳамчун нишони эҳтиром ба хизматҳои арзанда дар театр ва нашрияи “Ҳақиқати Суғд” ба соҳибҷашн медали “100-солагии матбуоти тоҷик”-ро тақдим намуд.
Шогирди Сайидамин Ҷило – ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” шоира Сурайё Ҳакимова маърузаи пурмуҳтавоеро доир ба “Ҷойгоҳи андешаву мазмун ва тасвири ҳунар дар шеъри муосир ё худ нигоҳе ба ашъори Сайидамин Ҷило” ба самъи аҳли нишаст расонда, аз шогирди ин марди хирад буданаш сухан гуфт.
- Сайидамин Ҷило аз зумраи шоиронест, ки беш аз шаст сол дар қаламрави сухан ҳунарофаринӣ намуда, тавонистааст дар ин роҳ нақши мунири хешро гузорад. Шеъри Сайидамин Ҷило аз паёмҳои маънавӣ ғанӣ ва дорои арзиши баланди фикрист, ки аз назари зебоишиносӣ ва меъёрҳои бадеӣ низ мавқеи шоистаи худро соҳиб аст.
Ҷило шоири замони худ аст. Дар ашъори ӯ меҳри меҳан, ҳувияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ тараннум гашта, танқидҳои нарми иҷтимоӣ, ҳамдардии инсон ба дарду ранҷи дигарон мақоми вижа дорад. Дар маркази муҳтаво ва тасвири шеъри Сайидамин Ҷило инсон қарор гирифтааст. Инсони ошиқи зиндагӣ бо орзуҳо ва дардҳои ширин. Шоир дар осори хеш бештар ба ҷойгоҳи инсон дар ҷаҳони пурҳаводиси имрӯз, муносибати одамон бо зиндагӣ ва замон, муҳаббату рафоқат, хубиву некӣ арҷ мегузорад. Муҳаббат дар шеъри шоир ҳамчун ҳадяи арзишманди зиндагӣ, чароғи равшани наҷот, ворастагӣ ва покист. Муҳаббати ӯ ғолибан бо андешаҳои ҳикматомез ҳамроҳ меравад, - иброз дошт Сурайё Ҳакимова.
Собиқадори соҳаи фарҳанг, корманди Шӯрои ҷамъиятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилоят Ориф Набиев муҳаббатномаи хешро чунин баён намуд:
- Шиносоии мо бо устод Сайидамин Умаров соли 1973, ҳангоме ки ба тамошои намоишномаи театрӣ рафта будам, оғоз гардида буд. Ин шиносоӣ то дараҷае расид, ки бо ҳамроҳии эшон намоишномаи “Калиди бахт”-ро моҳи феврали соли 1981 ба саҳна гузоштему толорро мавҷи қарсакзаниҳои бардавоми тамошобин пур карда буд. Ҳамон вақт бароям аён шуд, ки Сайидамин Ҷило дар баробари шоир, мутарҷим ва рӯзноманигор будан драматурги тавоно ҳастанд. Анъанаҳои драмаи тоҷикро устод ба мисли Ғанӣ Абдулло, Раҳим Ҷалил, Сотим Улуғзода ба пояҳои баланд бардоштанд. Худ навиштану ба саҳнагузории драмаи романтикию қаҳрамонии “Калиди бахт” нишони саҳми ҷавонони тоҷик дар барқарорёбии сохти нави ҳукумати шӯро ҳисобида мешуд, ки ин мавзуъ он замон аз масъалаҳои актуалӣ маҳсуб меёфт, - иброз дошт Ориф Набиев.
Собиқадори матбуот Файзуллохоҷа Атохоҷаев, ки солҳои тӯлонӣ бо Сайидамин Умаров риштаи ҳамкорӣ дорад, хотироти хешро варақгардон намуда, чунин гуфт:
- Кулбори навиштаҳои рӯзноманигору шоир устод Сайидамин Ҷило лабрези муҳаббатномаҳост, ки барои мардуми кишвари азиз эҳдо мешавад. Ҳарчанд имрӯз мо аҳли маҳфил шоҳиди рӯнамои китобҳои тозанашри устод шудем, аммо то ҳанӯз он кас некгуфтаҳоеро дар худ маҳфуз медоранд, ки то ба дасти хонанда нарасидааст. Хоҳони онем, ки то ба табъ расондану пешкаши аҳли хонанда гардонидани он навиштаҳо умрашон дарозу қаламашон бурро бошад, неруи боқуввату қадамҳои устувор дар ҷодаи фаъолияташон эшонро думболагир гардад.
Меҳрномаи журналист, собиқадори соҳаи маориф Раҳматулло Ёровро аҳли маҳфил бо табъи болида шуниданд:
- Дараҷаи илму савияи дониши Сайидамин Умаров хеле олист, зеро он кас фаъолияти хешро нахуст аз омӯзгорӣ оғоз кардаанд. Нафаре, ки омӯзгориро пеша кардаву ба фарзандони мардум таълиму тарбия додааст ва пурсабриро пеша кардааст, метавонад, дар зиндагӣ дар ҳар ҷода комёб бошад. Мо ҳарчанд ки бо устод Сайидамин Ҷило ҳамсол ҳастем, аммо он касро дар ҷодаи шеъру шоирӣ устоди худ мешуморам, зеро бо баробари биолог буданам камина нозукиҳои шеърнависию вазни арӯзро аз он кас омӯхтаам.
Аз номи аҳли авлод ва хешу таборон Аъзам Акбаров, директори ширкати телевизион ва радиошунавонии “Азия” меҳрномаи худро нисбат ба соҳибҷашн чунин иброз дошт:
– Одатан, мардум барои соҳибҷашн туҳфа меоранд, аммо имрӯз мо аз шоҳбулути авлод устод Сайидамин Ҷило китобҳои тозанашреро тӯҳфа гирифтем, ки барои насли имрӯзу ояндаамон арзиши бузург доранд. Китобҳое, ки имрӯз варақгардону пешкаши омма гардонда шуданд, боз як саҳифаҳои тозаеро мемонанд, ки сарчашмаи маънавияти баланд аст. Хоҳони онам, ки солҳои зиёд мардум аз ашъори инсони хоксору фурӯтан баҳра бардоранд, аз китобҳои он кас истифода баранд ва маънавиёти худро баланд бардоранд. Сайидамин Ҷилоро ман ба дарёи Сир, ки зоҳиран ором, аммо дар ботин шӯру шараре дорад, монанд мекунам. Агар ҳамин туғёну шӯру шарари қалби шоир намебуданд, ин қадар китобҳои беҳтарин рӯи чоп намеомаданд. Дар қалби ин марди фурӯтан ҳоло ногуфтаҳою нонавиштаҳои зиёде ҳаст, ки дар оянда умед мекунем, “фош” хоҳанд шуд.
Ҳамчунин, дар вохӯрӣ шогирдон ва ҳамқаламони муаллиф профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Акбархон Нозимов аз номи нахустин шогирдони мактабӣ дар бораи шахсият ва эҷоди Сайидамин Ҷило сухани пурмеҳр арз дошта, аз лаҳзаҳои неки рӯзгор хотираҳои ҷолибро қисса карданду ҳофиз Инъомҷон Темуров сурудҳои ҷолиб сароид.
Меҳрномаи ҳамсинфон, шогирдону ёру дӯстон барои соҳибҷашн ҳадяи бузург буд. Бешак, шеърҳои Сайидамин Ҷило ба қавли Сурайё Ҳакимова “оганда аз самимият, ҷустуҷӯҳои фикрӣ ва ҳунарӣ мебошад. Шоир бо истифодаи ҳунармандонаи унсурҳои тасвирсоз, образҳои нав ва андешаи тоза тавонистааст равиши хоси худро дар назми муосир такмил диҳад ва чун шоири тавоно шинохта шавад. Ин маҳбубияти ӯ пеш аз ҳама, аз садоқат ба сухан, назару диди амиқ, эҳсоси баланди шоирона ва забони пуртаровати ашъораш сарчашма мегирад”.
Дар фарҷом Сайидамин Ҷило ба ҳамаи иштирокдорон ва аҳли нишаст миннатдории самимии худро баён дошта, ҳамчун рамзи эҳтиром ва меҳрубонӣ се китоби тозанашри худро ба раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода тақдим намуд.
Шоира САЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”





