Дар замоне, ки фазои рақамӣ бештар ба паҳншавии иттилооти зудгузар ва сатҳӣ майл дорад, пайдо шудани минбарҳое, ки ба ҳифзи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ мусоидат мекунанд, аҳамияти калон дорад. Гурӯҳи фейсбукии «Таърихи Хуҷанд» аз ҳамин гуна минбарҳоест, ки бо ташаббуси як зумра ҷавонони худогоҳ оғоз ёфт. Як тан аз созандагони ин гурӯҳ Маъруф Бахтиёрзода аст.
Ҷавоне, ки таваҷҷуҳаш ба таърих ҳанӯз аз солҳои мактабхонӣ шакл гирифта буд. Ӯ зодаи деҳаи Рӯмон буда, хатмкардаи мактаби №26 ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ аст. Ҳанӯз дар курсии мактабӣ менишасту дар бораи худшиносӣ ва асолати миллӣ меандешид. Дар давраи донишҷӯӣ ин шавқ шакли ҷиддитар гирифт.
Гарчанде, ки Маъруф Бахтиёрзода дар Донишкадаи иқтисодӣ ихтисоси иқтисоди ҷаҳонро меомӯхт, муҳити фикрии ӯ ва дӯсташ Амонулло Муҳаммедов бештар перомуни масъалаҳои таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ давр мезад. Маҳз дар натиҷаи ҳамин баҳсҳо онҳо ба як тасмими муҳим расиданд. Онҳо бар ин бовар буданд, ки ҷавонон ба ин мавзӯъҳо таваҷҷуҳ доранд, аммо дар фазои рақамӣ барои инъикос ва баррасии чунин мавзуъҳо пойгоҳи мутамарказ, ки дар як вақт эътимодбахшу ҷиддист, намерасид. Ин холигӣ сабаб шуд, ки 8 сол пеш, ки ҳанӯз 20 сол доштанд, гурӯҳи фейсбукии «Таърихи Хуҷанд»-ро таъсис диҳанд.
Ба гуфтаи ташаббускорон, ин иқдом дар шароите амалӣ гардид, ки шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз муҳтавои тафреҳӣ ва маълумоти носанҷида мебошад. Он замон зарурати таъсиси як минбари боэътимод барои омӯзиши таърихи маҳаллӣ айни муддао буд.
- Имрӯз ин гурӯҳ беш аз 32 ҳазор корбарро муттаҳид мекунад, ки иборат аз ҷавонон то олимону омӯзгорон ва ҳатто муҳоҷирони берун аз кишвар аст. Барои қисми зиёди онҳо, ки ҳамватанони бурунмаризанд, гурӯҳи фейсбукии «Таърихи Хуҷанд» як навъ василаи нигоҳ доштани иртиботи маънавӣ бо зодгоҳ ва решаҳои фарҳангист. Шояд гурӯҳи мо ба онҳое, ки аз муҳити миллӣ дур мондаанду аммо намехоҳанд робитаи худро бо он аз даст диҳанд, арзишманд аст. Ё барои ҷавононе, ки аз асли худ огоҳ шудан мехоҳанд, - ба ин назар аст Маъруф Бахтиёрзода.
Тавре ӯ афзуд, яке аз омилҳои калидии муваффақияти гурӯҳ мавқеи равшан ва сиёсати мӯътадили он аст. Ҳар муҳтаво бо назардошти меъёрҳои илмӣ ва ахлоқӣ интихоб мешавад. Маводи дорои хусусияти танишзои сиёсӣ, таблиғи нафрат ё маълумоти беасос нашр намешаванд. Ин равиш имкон медиҳад, ки муҳокимаҳо дар фазои эҳтиром ва бар пояи далел сурат гиранд.
Феълан гурӯҳро дар баробари ҳамсуҳбати мо боз чор маъмур Амонулло Муҳаммедов, Маъруфҷон Исобоев, Илҳом Сангин ва Тоҳир Салимов бо эҳсоси масъулият идора мекунанд ва барои нигоҳ доштани сифати мундариҷа талош менамоянд.
- Маводи нашршаванда доираи васеи мавзуъҳоро фаро мегиранд: аз таърихи худи Хуҷанд ва шахсиятҳои барҷаста то ёдгориҳои фарҳангӣ, расму ойинҳо ва аксҳои нодири таърихӣ. Ҳатто ёддоштҳои шахсӣ низ ҷой доранд, ба шарте ки арзиши таърихӣ дошта бошанд. Ин гуногунрангӣ ба гурӯҳ имкон медиҳад, ки натанҳо як манбаи иттилоотӣ, балки як фазои зиндаи мубодилаи дониш ва таҷриба гардад, - шарҳ дод Маъруф.
Ҷолиб он аст, ки имрӯз Маъруф Бахтиёрзода берун аз кишвар дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳида кору зиндагӣ дорад. Аммо, ба гуфтаи худаш, ин фосилаи ҷуғрофӣ иртиботи маънавиро коҳиш надодааст. Баръакс, эҳсоси масъулият барои ҳифзи хотираи таърихӣ ва муаррифии он дар фазои рақамӣ бештар шудааст.
Ба гурӯҳи фейсбукии “Таърихи Хуҷанд” вориди шуда, бори дигар шоҳид шудем, ки он ба як фазои зиндаи муколама табдил ёфтааст. Аъзоён на танҳо мавод мехонданд, балки дар он фаъолона мавод мегузоранд, дар шарҳ хотираҳои худро менависанд, аксҳои оилавии кӯҳнаро нашр мекунанд.
- Корбарон перомуни маводи таърихии илмӣ баҳсҳо низ меороянд. Баъзан ҳатто маълумоти гумшударо якҷо барқарор мекунанд. Табиист, ки бо гузашти вақт бисёре аз саҳифаҳои таърихи маҳаллӣ гӯиё ба ҳоли фаромӯшӣ мераванд, ё танҳо дар доираи гуфтугузори мутахассисон маҳдуд мемонанд. Бинобар ин, ҳисса кардани ҳар як аксу ҳуҷҷат, ки порае аз зиндагии имрӯзу дирӯзи халқ аст, барои инсон дарси ибратеро мемонад. Як акси кӯҳна боиси оғози баҳси ҷолибе мешавад, ёддошти нафаре хотираҳои фаромӯшшударо зинда месозад. Ин гувоҳи он аст, ки таърихро натанҳо муаррихон, балки ҳар як инсоне, ки мехоҳад онро нигоҳ дорад, зинда медорад, - иброз дошт маъмури гурӯҳ.
Тавре Маъруф Бахтиёрзода иқрор мешавад, бо афзоиши аъзоёни гурӯҳ масъулият низ бештар шуд. Нигоҳ доштани сатҳи сифат, санҷиши дурустии маълумот ва идоракунии муҳокимаҳо кори осон нест. Аммо маҳз ҳамин ҷиддият боис шуд, ки гурӯҳ эътимоди корбаронро ба даст орад. Имрӯз аъзоёни он на фақат сокинони Хуҷандшаҳранд, балки тоҷикони дигар минтақаҳо ва ҳатто хориҷиён низ мебошанд. Онҳо гурӯҳро ҳамчун манбаи боэътимоди иттилооти таърихӣ шинохта истодаанд.
Дар маҷмӯъ, дар шароити муосир, ки масъалаи ҳувият ва худшиносӣ беш аз пеш аҳамият пайдо мекунад, чунин гурӯҳҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ташаккули тафаккури таърихии ҷавонон ва тарғиби ҳифзи мероси фарҳангӣ дар миёни онҳо нақши созгор мебозанд.
Файзуллохон ОБИДОВ,
“Ҳақиқати Суғд”




