Наврўз ҷашнест, ки зодаи фарҳангу тамаддуни ориёӣ буда, дар масири таърих ба мушоҳида гирифтан мумкин аст, ки он ба фарҳанги мардуми гуногуни олам таъсири худро гузоштааст.

Кишварҳои ҳавзаи Наврўз–Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон, Туркия, Озарбойҷон, Ўзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Қазоқистон, Россия (Тотористон, Бошқирдистон), Покистон ва амсоли инҳо то кунун Наврўзро ҷашн мегиранд. Ба ин ҳавза Муғулистон низ ворид гаштанист. Яъне инҳо кишварҳое ҳастанд, ки дар ҷашни Наврўз таъсири унсурҳои фарҳангии ҷашни ориёӣ баръало ба назар мерасад.

Дар ин гузориш ба масъалаи дигар таваҷҷуҳ карданӣ ҳастем, ки дар он ҷо Наврўз дар гузаштаҳои дур таъсир расонида будааст ва то кунун ҳамчун мероси фарҳангии ин мамлакатҳо ба шумор мераванд. Пеш аз ҳама сухан дар бораи давлати Чин ва ҷашнҳои чинӣ меравад, ки дар ҷашнҳои он унсурҳои ҷашнҳои ориёии Наврўз, Тиргон, Меҳргон ва Сада комилан боқӣ мондаанд. Муҳим аз ҳама он аст, ки муҳаққиқони чинӣ исбот кардаанд, ки ин унсурҳо таҳти таъсири фарҳанги суғдиён ва форсҳо ба кишварашон ворид гаштаанд ва то кунун арзи ҳастӣ доранд.

Соли 2022 китоби Хунтсзюан Чжао–олимаи чинӣ ва Низомиддин Муродӣ–профессори донишгоҳи мо таҳти унвони «Зароастризм и персидско-таджикская литература в Китае» ба нашр расид. Дар қисмати якуми ин китоб олимахонум Хунтсзюан Чжао махсусан доир ба масъалаи таъсири ҷашнҳои ориёӣ ба фарҳанги чинӣ сухан кардааст ва таҳқиқоти арзишманд гузаронидааст. Дар ин маърӯза дар такя ба китоби номбурда ва сарчашмаҳои дигар сухан мекунем ва то андозае мадюни таҳқиқоти доктор Хунтсзюан Чжао мебошем.

Дар фарҳанги чинӣ аз давраҳои бостонӣ ва дақиқан агар гўем, баъди оне, ки аз ҷониби Чжан Тсян дар соли 138 пеш аз милод Шоҳроҳи Абрешим кашф гашт, робитаҳо ва ҳамкорию ҳамгироӣ бо сокинони Чин авҷ гирифта буд.

Дар Шоҳроҳи Абрешим забони суғдӣ воситаи муоширати байналмилалӣ ба шумор мерафт. Гузашта аз ин дар бисёр қисматҳои Чин аз асри дуюми пеш аз милод оғоз карда, маҳалҳо ва шаҳрҳои суғдиён ба вуҷуд омада буд. Дар давраи сулолаи чинии Ҳон ва Тан(г) нуфузи суғдиёнро дар тамоми сарзамини Чин ва махсусан дар қисмати ғарбии ин мамлакат ба назар гирифтан мумкин буд. Барои мисол танҳо аз шўриши Ан Лушан мисол овардан кофист. Ан Лушан номи аслиаш Равшан зодаи Суғд буд, ки дар империяи Тан мақоми баландро сазовор мешавад ва барои муҳофизати манфиати тоҷирони суғдӣ шўриш мебардорад ва дар соли 751 – 753 ин шўриш идома кард. Худи Ан Лушан давоми шаш моҳ императори Чин эълон гашта буд. Гузашта аз ин баъди ҳамлаи арабҳо қисми зиёди суғдиён ба Чин муҳоҷир гаштанд ва дар шаҳрҳои бузурги ин кишвар маҳаллаҳо ва шаҳракҳои суғдӣ ба вуҷуд омаданд. Табиист, ки мардуми муҳоҷиргашта урфу одат ва ҷашнҳои худро дар ин сарзамин қайд мекарданд ва таъсири он ба мардуми маҳаллӣ ҳам расида буд.

Дар ҷашнҳои анъанавии чинӣ чанд расму одати суғдиён боқӣ мондааст, ки онҳоро замоне мардуми Сарзамини Зери Осмон аз ниёгони мо омўхта буданд ва то кунун идома медиҳанд. Дар ин ҷо чанд мисоли таъсири ҷашни Наврўзро ба фарҳанги ҷашнҳои чинӣ баррасӣ мекунем.

Дар Чин мардуми аслашон суғдиро бо насаби Ху мешиносанд. Ху варианти чинии Аҳурамаздо аст. Масалан, сиёстмадори маъруфи замони мо Ху Тсзинтао насаби Хуро дорад, ки маънояш ба насли қадимаи суғдиён марбут будани ўст.

Ҷашнҳои суғдиён дар сарчашмаҳои чинӣ бо номи Сай Сиэн ёд мешавад. Сай Сиэн маросими динӣ ва ҷашнии суғдиён буд. Дар бойгонӣ ва дастхатҳои чинӣ дар бораи аз ҷониби ҳукумати Чин барои ин ҷашн ҷудо шудани маблағ ва коғаз маълумот дода шудааст. Чунончӣ, соли 899 мелодӣ 30 варақ, соли 900 мелодӣ 30 варақ барои расмкашии идона, соли 901 низ барои ҳамин миқдор варақ дастур содир гаштааст.

Як факти ҷолиб он аст, ки барои санаи 21-уми моҳи дуюми чинӣ барои баргузории Сай Сиэн – ҷашни Наврўз 30 варақ аз ҷониби ҳукумати вақти Чин барои суғдиён ҷудо карда шудааст.

Дар ин варақҳо расми худоёни суғдӣ ва эронӣ кашида мешуданд, таманниёт қайд мегаштанд. Барои он ки ин таманниёташон шунида шавад, коғазҳоро оташ мегирониданд ва ба ҳаво раҳо мекарданд. Дар варақҳо дар баробари тасвирҳои Аҳурамаздо, расми Нанай– олиҳазани суғдӣ, варианти суғдии Ардивисура Аноҳита ҳам тасвир мегашт. Нанай–модар аст ва дар лаҳҷаи Хуҷанд нисбати занони босалобату бовиқор калимаи «Нанайхон» истифода мешавад, ки маънои олиҳаро дорад. Дар ҷашни Соли нави чинӣ то ҳанўз анъанаи таманниётро навишта, бо фонуси паррон сар додан ҷой дорад, ки ин ҳамоно таҳти таъсири суғдиён пайдо гашта буд.

Анъанаи навиштани табрикоти солинавӣ ва ё худ наврўзӣ дар даромадгоҳи манзилҳо. Суғдиён одат доштанд, ки дар даромадгоҳи хонаҳои худ дар шабу рўзи Наврўз ва ё Навсард дуо ва таманноҳо менавиштанд. Ин одат низ аз суғдиён ба чиниҳо гузашт ва то кунун ин анъана идома дорад. Баъди ҷорӣ гаштани ислом дуонависии наврўзӣ ҷорӣ гашт ва то нимаи дуюми асри нуздаҳ идома дошт. Ин дуоҳо бо номи «Ҳафтсалом» машҳур буданд.

Яке аз анъанаҳои наврўзии суғдиён оростани дастархони идона бо ҳафтмева буд. Ҳафтмева суннати хоси наврўзии гузаштагони тоҷикон аст, ки бо истифодаи ҳафт мева–зардолу, олу, анҷир, тут, мавиз, шафтолу, санҷиди хушк тайёр карда мешуд. Ин анъана ба Соли нави чиниҳо ҳам таъсир кардааст. Азбаски Соли нави чиниҳо тибқи тақвими хуршедӣ ва маҳтобӣ ҳисоб карда мешавад, он ба мавсими сардиҳо рост меояд ва ба ҷои ҳафтмева онҳо дар ин ҷашн ҳафт таом тайёр мекунанд, ки ин ҳам таҳти таъсири суғдиён амалӣ гаштааст.

Ба таври хулоса гуфта метавонем, ки фарҳанги Наврўз ва ё Навсард ба фарҳанги чинӣ тавассути суғдиён ва порсҳо таъсир расонида, ҷашни нави чиниро ба вуҷуд овард ва бо баробари паҳншавии фарҳанги чинии ҷашни Соли нави чинӣ он ба кишварҳои Осиё интиқол ёфта, дар олам бо номи чиниён паҳн гаштааст.

Наврўз ҷашни созандагӣ ва бунёдкорӣ, дўстӣ ва ҳамгироӣ мебошад, ки таъсири неки он қариб ба тамоми ҷашнҳои мардуми олам ба назар мерасад.

 

Ислом РАҲИМОВ,

номзади илмҳои филологӣ,

устоди ДДХ ба номи академик

Бобоҷон Ғафуров