Имсол ба зодрӯзи журналист ва адиби хушноми тоҷик Тоҷӣ Усмон саду бист сол пур шуд. Вақте дар бораи Тоҷӣ Усмон сухан меравад, ба назари ман ба ин нуктаҳои муҳими рўзгору осори ин марди зиндаёд бояд таваҷҷуҳ намоем.
101 сол пеш, айёме, ки Тоҷӣ Усмон аз баҳори 19-уми умри худ гул мечид, фаъолияти эҷодии худро оғоз кард. Ў аз аввалин рӯзноманигорони тоҷик буд, ки бо мақолаҳои публитсистӣ ва ҳикояву очеркҳои воқеӣ ҳаёти нави мардумро ситоиш мекард. Ӯ муҳаррири рўзномаи «Ҳақиқат» таъин гардида, бо ҳамроҳии Ҳаким Карим, Қурбон Баҳлулзода, Саид Носиров, Ҳоҷӣ Содиқ ва дигар адибони машҳур бобати тараннуми рўзгори навин, инъикоси проблемаҳои мавҷудаи замона ва тарбияи шуури мардум фаъолияти эҷодии худро равона сохтааст.
Тоҷӣ Усмон аввалин муҳаррири рўзномаи «Бо роҳи ленинӣ» (имрӯза «Парвозгоҳи бузургон») мебошад. Ман ифтихори бузург медонам, ки камина низ замони донишҷуйӣ аз ин даргоҳи муқаддаси эҷодӣ сабақ гирифтаам ва ҳамон вақт зеҳни мо, донишҷуёнро, маълумот дар бораи аввалин сармуҳаррири рӯзнома таҳрик медод. Боиси массарат аст, ки дар саргаҳи фаъолияти ин рўзнома нафаре роҳбариашро ба уҳда дошт, ки бо қалами бурро ва зеҳни гиро аз аввалин шумораҳо рўзномаро матлуби хонандагон гардонид. "Бо роҳи ленинӣ» зери роҳбарии Тоҷӣ Усмон яке аз беҳтарин нашрияҳои Осиёи Марказӣ шинохта мешуд. Муҳаққиқони таърихи матбуоти тоҷик, аз ҷумла равоншод Усмонҷон Ғаффоров ба фаъолияти ин нашрия баҳои баланд додаанд. Ҷойгоҳи нашрия дар тарбияи хабарнигорони ҷавон, инъикоси воқеияти зиндагӣ ва ба мактаби бузурги адибону рўзноманигорон мубаддал ёфтани он хеле арзишманд маҳсуб меёбад. Тоҷӣ Усмон дар ин нашрия қаламкашони ҷавон Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров, Ҳаким Карим, Ҳоҷӣ Содиқ, Зариф Раҷабов ва дигаронро ҷамъ оварда, онро ба оинаи ҳақиқии рўзгори мардум табдил дода буд. Фаъолияти пурсамари нашрия боис гардид, ки дар озмуни байни нашрияҳои онзамонаи Осиёи Марказӣ ҷойи аввалро ишғол кунад ва муҳаррири он Тоҷӣ Усмон сазовори мукофоти қимматбаҳо гардад.
Тоҷӣ Усмон на танҳо мубаллиғи барҷаста буд, балки бо донистани дониши фарохи адабӣ ва илмӣ роҳбалади хубе ба ҳисоб мерафтанд. Хусусан, ҳангоме ки як моҳ сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ ба шаҳри Хуҷанд меҳмон шуданд, маҳз бо роҳбаладиву мусоидати Тоҷӣ Усмон барои эҷоди осори публитсистии худ дар бораи таърих ва воқеияти шаҳри Хуҷанд маълумоти фаровоне пайдо карданд. Муддати як моҳ Тоҷӣ Усмон устодро ба мавзеъҳои гуногуни таърихии шаҳри Хуҷанд ва атрофи он бурда, дар гирд овардани маълумоти нодири таърихӣ ба устод кўмак расониданд. Пасон дар ин бора Тоҷӣ Усмон як маводи бисёр ҷолиберо ба қалам оварданд, ки бо забони фасеҳу каломи бадеъ ороста шуда, як порчаи бисёр ҷаззоб ва рангини адабиву публитсистӣ мебошад. Дар ин маводи худ Тоҷӣ Усмон на танҳо устод Садриддин Айниро ҳамсафарӣ мекунад, балки дар ҳар диду боздид аз маконҳои таърихии шаҳри бостонии Хуҷанд маълумотҳои ҷолиберо барои хонандагон пешниҳод месозад. Дар баробари роҳбаладӣ аз истеъдоди волои устод Айнӣ шефта гардидани худро хеле зебо ба қалам додааст. Аз ҷумла, вақте сухан дар мавриди боздид аз Институти меваи Осиёи Марказӣ ва суҳбат бо кормандони он меравад, дар мавриди тарҷумаи русии истилоҳи ширинии тут суҳбати аҷиберо аз тасвири Тоҷӣ Усмон мехонем. Ӯ менависад: "чун сухан аз тарҷумаи истилоҳоти соҳаи боғу токпарварӣ, аз ҷумла ширинии ангуру тут рафт, устод аз ман пурсиданд, ки тарҷумаи он ба русӣ чӣ мешавад. Ман посухи дуруст пайдо накарда гуфтам, ки шояд виноградная лоза бошад, баногоҳ устод барошуфтанд ва гуфтанд: на бегмесс аст ин, бегмесс, наход дорулфунунро хатм карда, чунин истилоҳи оддиро надонед. Воқеан ҳам, ин тарҷумаи устод Садриддин Айнӣ, ки аз мутолиаи пайваста ва таҷрибаи бузурги эҷодиашон сарчашма мегирифт, хеле нодир ва фавқулодда буд."
Воқеан, диду боздидҳоро бо устод Садридин Айнӣ дар очерки сафарии Тоҷӣ Усмон бо номи «Як моҳ бо устод Садриддин Айнӣ» соли 1962 дар маҷаллаи «Шарқи сурх»(ҳоло "Садои Шарқ») ба нашр расид ва аз нигоҳи услуби навишт ва жанр аз тарафи мутахассисони соҳа баҳои баланд гирифтааст. Натиҷаи ин сафари босамари устод Садриддин Айнӣ таълифи очеркҳои таърихии «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» ва «Тирози ҷаҳон» гардиданд, ки бобати муаррифии таърихи миллати тоҷик саҳми муассире доранд.
Тоҷӣ Усмон на танҳо соҳибқалами оташинсухан ва рӯзноманигори соҳибсабк буд, балки ҳамчун сиёсатмадор низ фаъолияти арзишманд дошт. Солҳои 1937-1939 бо пешниҳоди устод Абулқосим Лоҳутӣ таъин гардидани ишон ба сифати котиби созмони шаҳрии ҳизби коммунист паҳлуи дигари кордониву маҳорати Тоҷӣ Усмонро муаррифӣ кард. Маҳз дар ҳамин замони фаъолияти ў устод Садриддин Айнӣ меҳмони Хуҷанди бостонӣ гардида буд. Ба туфайли кордониву маҳорати муншии ҷавон шаҳри Хуҷанд тадриҷан тараққӣ намуд ва ба яке аз шаҳрҳои ободу зебо ва пешрафта табдил ёфт.
Як рукни муҳимми фаъолияти эҷодии Тоҷӣ Усмон ба сифати тарҷумон фаъолият намудани ишон аст. Ҳанӯз соли 1926 роҳбари вақти Иттифоқи Шӯравӣ Иосиф Сталин ба фаъолияти тарҷумонии Тоҷӣ Усмон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бо он кас мулоқот кардаанд. Ин аст, ки дар вохӯрии машҳури роҳбарони се кишвари бузурги ҷаҳон – Иттифоқи Шӯравӣ, Англия ва Америка бевосита иштирок намуда, дар таҳияи ҳуҷҷатҳои ин вохўрии сарнавиштсоз саҳми зиёд гузоштааст. Фаъолият дар сафорати Иттифоқи шуравӣ дар Эрон на танҳо паҳлуҳои сиёсӣ дошт, балки барои адиб ва рўзноманигор паҳлуи нави фаъолиятро боз кард. Маҳз дар ин замон вай ба осори шоирони гузашта, хусусан шоираҳои тоҷик таваҷҷуҳ пайдо карда, бо дастнависҳои эшон ошно гардид. Ин ковишҳо ба зуддӣ самар оварданд ва китоби машҳури Тоҷӣ Усмон «Бисту се адиба» дар Тоҷикистон нашр шуд. Нашри ин китоб муҳаққиқи барҷастаи адабиётшиносии тоҷик будани Тоҷӣ Усмонро муаррифӣ кард. Баъдан ин мавзуъро давом дода, Тоҷӣ Усмон китобҳои «Шоираҳои боистеъод», «Шоира Маҳастӣ» ва «Духтари ниқобдор»-ро таҳия кард, ки дар адабиётшиносии тоҷик мақоми арзанда доранд.
Фаъолияти эҷодии Тоҷӣ Усмон дар рўзномаи «Тоҷикистони советӣ» басо назаррас буд. Нависандаи тавонои тоҷик Фазлиддин Муҳаммадиев дар китоби «Писари газета» аз он ҳикоя мекунад, ки "чӣ гуна Тоҷӣ Усмон соҳибқалами оташинсухан ва донандаи хуби забони тоҷикӣ буданд. Барои ҳар як истилоҳ, ҳар як калима соатҳо баҳс мекарданд ва ба балоғати сухан ва фасоҳати калом арҷи бузург мегузоштанд".
Забони нигоштаҳои Тоҷӣ Усмон фаҳмо ва фасеҳу равшан буд. Фаъолияти рўзноманигории вай то охири умр дар нашрияи «Тоҷикистони советӣ» ва маҷаллаи «Хорпуштак» идома ёфт. Махсусан, фелетонҳои Тоҷӣ Усмон ва шеърҳои ҳаҷвиаш ихлосмандони зиёд дошт. Сухани вай корагар ва тираш ҳамеша нишон дошт. Зеро публитсисти оташинқалам ва эҷодкори асил буд.
Дар баробари жанрҳои ҳаҷвӣ очеркҳо ва дигар осори публитсистии Тоҷӣ Усмон аз ҷониби муҳаққиқон баҳои баланд гирифтааст. Дар китоби «Кашфи асрор» гирд овардани ин осор ва бо муҳарририи Сотим Улуғзода барин нависандаи тавонои давр ба чоп расидани маҷмӯа гувоҳӣ аз он медиҳад, ки ҳамчун публитсист низ Тоҷӣ Усмон муваффақ буд.
Дар маҷмуъ, адиб, рӯзноманигор, тарҷумон, публитсист ва инсони комил, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Тоҷӣ Усмон бо осори гаронбаҳояш дар дилу дидаи аҳли завқ ҳамеша ҷовидон боқӣ мемонад.
Барои абадӣ гардонидани хотираи ин марди бузург Иттифоқи журналистони Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки осорхонаи ин адиб ва рўзноманигор дар зодгоҳаш таъсис дода шавад, то бо паҳлӯҳои гуногуни рўзгори ин марди накўном ҷавонон ошно ва аз рўзгори ҳамдиёри худ ифтихор дошта бошанду пайравӣ кунанд. Ҳамчунин, дар шаҳри Хуҷанд доир намудани ҳамоиши илмӣ- амалӣ оид ба таҳқиқи осори Тоҷӣ Усмон имконият фароҳам меорад, ки дар мавриди осори публитсистӣ ва адабии арзишманди ишон маълумоти бештаре пайдо шавад.
Дар ин ҷода Иттифоқи журналистон бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омодаи ҳамкорӣ мебошад ва ин иқдоми якҷояамон барои гиромидошти хотираи ҳамкасби арҷмандамон ва ба наслҳои минбаъда муаррифӣ намудани осори гаронбаҳои публитсистӣ ва адабии ишон уфуқҳои дурахшонеро мекушояд.
Зинатуллоҳ Исмоилзода,
раиси Иттифоқи
журналистони Тоҷикистон,
номзади илмҳои филологӣ





