Хабари ба Ҷоизаи вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар соҳаи адабиёт ва фарҳанг пешниҳод шудани номзадии дорандаи медали “Хизмати шоиста”, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, лауреати мукофоти Маҳастии Хуҷандӣ, раққоса, устоди рақс, балетмейстер Фирӯза Аюбҷоноваро шунида, шод гаштам. 

Ман, Фирӯза Аюбҷоноваро аз  охири солҳои шастум то имрӯз мешиносам ва аз   фаъолияти ҳунариву иҷрочигӣ, омӯзгориву хореографӣ ва устоди раққосагони номии мамлакат буданаш, ошно ҳастам. Дастовардҳои эҷодиву касбии театрӣ ба номи Камоли Хуҷандӣ ва то, ҳатто, соҳаи фарҳанги вилояти Суғдро бе иштироки бевоситаи Фирӯза Аюбҷонова, Зебо Аминзода, Зулфира ва Элзара Асановаҳо, Моҳиниссо Бобоҷонова, Гуландом Аюбҷонова, устоди раққосаҳои Тоҷикистон ва берун аз он Артисти халқии РСС Тоҷикистон, сарбалетмейстри театр Рамзия Бакал  ва нақши маҳорати волои санъати хореографии онҳо тасаввур кардан ҳам амри маҳол аст. Рамзия Бакал нисбати шогирди соҳибистеъдодаш Фирӯза Аюбҷонова чунин гуфта буд: -“Фирӯза Аюбҷонова  раққосаи пурҷӯшу хурӯш ва муассир мебошад, ки ҳангоми  рақсидан оташеро мемонад. Ӯ раққосаи  маҳину пурназокат ва дақиқу амиқ аст”.

Фирӯза Аюбҷоноваро ба олами хореогарфия ва рақси классикиву замонавӣ Ҳодими шоистаи санъати Ӯзбекистон Зинаида Николаевна Афанасева, Артистони Халқии СССР Қундузой Миркаримова,  Мукаррама Турғунбоева, Галия Измайлова, Бернара Қориева, Ғаффор Валаматзода, Артистони халқии Тоҷикистон Азиза Азимова ва  Рамзия Бакал   ворид карда,  дар саҳнаи калони мамлакат ситораи тобони рақсро пайдо карданд  

Агар ба фаъолияти эҷодӣ ва ҳунарии Фирӯза Аюбҷонова бо чашми хирад назар кунем, пас аён мегардад, ки вай  дар маҳфили рақсии бачагонаи  Хонаи пионерони шаҳри Ленинобод, даста-гурӯҳи раққосони театри ба номи А.С.Пушкин, омӯзишгоҳи хореографии шаҳри Тошканд, ансамблҳои хизматнишондодаи давлатии рақсии “Баҳор”-и Ӯзбекистон ва “Лола”-и Тоҷикистон, шӯъбаи хореографии омӯзишгоҳи мусиқии (ҳоло санъат) ба номи Содирхон Ҳофиз, сарвари мактаби бачагонаи санъат ба номи Лоиқ Шералӣ, шуъбаи маданияти шаҳри Хуҷанд ва роҳбари бадеӣ-сарбалетмейстри ансабли давлаии рақсии “Чаманоро”-и вилоят фаъолият кардааст. Фирӯза Аюбҷонова ҳанӯз дар вақти таҳсил дар театрҳои опера  ва балети ба номи Алишер Навоӣ ва  ба номи Садриддин Айнии шаҳрҳои Тошканд  ва Душанбе дар лаҳзаҳои рақсии намоишномаҳои  “Дон Киҳот”, “Дилором”, “Доктор Айболит”, “Таронаи Кашмир”, балети “Кӯли Қувон”, операи “Писари Ватан” ҳунарнамоӣ намуда, маҳорату истеъдоди баланди хешро нишон додааст... 

Соли 2004-ум дар арафаи  солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат-Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳангоми сафари корӣ ба шаҳри Хуҷанд қайд карданд, ки дар  вилояти Суғд жанри хреографӣ-рақси классикиву  замонавӣ инкишоф ёфтааст ва заминаи хуби эҷодиву иқтисодӣ барои таъсис додани ансамбли давлатии хореографӣ-рақсӣ  дар вилоят вуҷуд дорад.

Ин андешаи Пешвои миллат кормандони муассисаҳои маданию маърифатӣ ва ҷомеаҳои эҷодии вилоятро шоду мамнун кард ва Раиси вақти вилоят дар бораи ташкил намудани дастаи касбии рақсӣ қарор қабул карданд.

Аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба Идораи фарҳанг супориш гардид, ки дар муддати як моҳ масълаи сохтор, ҷадвали воҳидҳои кории ансамбл, чойи фаъолияти доимӣ ва  номи он, роҳбари бадеӣ-сарбалетмейстри онро муайян кунад. Номи ансабли давлатии рақсӣ “Чаманоро” газошта шуд.

Сохтор ва воҳидҳои кории ансамбл дар асоси сохтору воҳидҳои кории Ансамбли давлатии рақсии  Тоҷикистон “Лола” таҳия гардид. Ба вазифаи роҳбарии ансамбл-сарбалетмейстрӣ мутахассиси соҳибтаҷриба Аюбҷонова Фирӯза Мирзоевнаро дар мувофиқа бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тайин намудем.  Фирӯза Аюбҷонова то таъин шудан ба ин вазифаи пурмасъулияти эҷодӣ ҳамчун раққоса-иҷрокунанда ва устоди рақсҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, украинӣ, русӣ, туркманӣ, қазоқиву қирғизӣ, гурҷиву арманӣ, эрониву ҳиндӣ, арабиву лаосӣ дар кишварҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои собиқ СССР, Афғонистону Покистон, Неопалу Лаос, Бирмаву Шри-Ланка, Ҳиндустону Муғулистон, Германия ва Болгария, Полшаву Венгерия баромад намуда, дар тарғибу ташвиқи санъати хреографӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Дар муддати 11 сол таҳти роҳбарии сарбалетмейстр Фирӯза Аюбҷонова ва раққосаҳои ансабли “Чаманоро” тавонистанд, ки зиёда аз 200 рақси тоҷикиву  халқҳои ҷаҳонро  рӯи саҳна биёранд ва сазовори ҳурмату эҳтироми умум гарданд.

Рақсҳои иҷрокарда ва ҳамчун хореограф ба саҳнагузоштаи  Фирӯза Аюбҷонова “Ваҳдат”, “Рақси парвоз”, ”Ёрони ширин”, “Ҷӯра”, ”Истиқлол”, ”Зулфи парешон”, ”Атласи Хуҷанд”, ”Нозанин”, ”Бо такаллум”, ”Бошад”, ”Гулнома”, ”Валс”, ”Тоҷикистон”, ”Меҳрона”, ”Нозанин ёрам”, ”Руҳи зебо”, “Ҷони мани”, “Мавриги”, “Бинолам”, “Базми доира”, “Адо-адо”, “Субҳи Истиқлол”, “Афтодааст”, “Дӯстони ҷонӣ”, “Эй нозанин”, “Гулдухтарон мерақсанд”, “Кокули зебо”, “Снежинка”, “Чинурӣ”, “Уфари муғулчаи сегоҳ”, “Сирдарё”, “Базми тоҷикона”, “Дилшод”, “Моҳи рухсор”, “Нафосат”, “Мавҷи дарё” ва ғайраҳо  ба дилу дидаи тамошобин ҷой гирифта, бинандаро ба олами зебоӣ, ишқи поку самимият, нозикиву позикагӣ мебарад. Фирӯза Аюбҷонова дар интихоби мавзӯи рақс ба сару либоси мувофиқ,  грим ва рангу маводҳои ороишӣ, қаду қомати рақоса, мимика, имову ишора, ҳаракатҳои маънидори иҷрокунанда  аҳмияти ҷиддӣ зоҳир намуда, барои ҷаззобу дилчасп баромадани маҳсули эҷодиаш-рақс кӯшиш ба харҷ медиҳад. Рақсҳои  пурҷӯшу хурӯши ансамбли “Чаманоро”-ро на танҳо мухлисони шаҳру ноҳияҳои мамлакат тамошо карданд, балки аз дидани рақсҳои ҷаззобу дилчасп  тамошобинони шаҳрҳои Тошканд, Бухоро ва Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Бишкеку Алмаатои Қирғизистону Қазоқистон, Фаридободи Ҳиндустон ва Маскати Салтанати Умон лаззат бурда, ба раққосаҳо ва роҳбари он - Фирӯза Аюбҷонова офаринҳо мехонданд.  

Профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дастпарвари Институти давлатии санъати театрии шаҳри Москва ба номи Луначарский, ҳунарманд ва режиссёри касбии театру кино Алиев Умарҷон Алиевич, ки бо Фирӯза Аюбҷонова дар як театр фаъолияти эҷодӣ бурдааст, дар суҳбат чунин изҳор кард:

- Солҳои ҳафтодуму ҳаштодуми асри гузашта балети театрро беиштироку ҳунари волои Фирӯза Аюбҷонова тасаввур кардан номумкин буд. Ягон ҷорабинии сиёсиву ҷамъиятӣ ва  фарҳангии умумиҷумҳуриявӣ ва ҳатто умумииттифоқие набуд, ки дар онҳо суйитаи рақсӣ бо иштироки раққосаҳои театри ба номи Камоли Хуҷандӣ сурат нагирад. Дар нимаи дуюми асри ХХ ва ибтидои асри кунунӣ дар инкишофи санъати овозхонӣ ва мусиқии миллӣ ҷойгоҳи ансамблҳои “Шабнам”, “Майл”, “Дурдона”, “Маҳастӣ”, “Чаманоро”, “Нури Хуҷанд”, “Фалак”, ”Садои Суғд”, ”Ганҷина”, “Тантана”, “Зебо”, “Ғаффор Валаматзода” ва “Гулноз” рӯшану назаррас буд. Мавриди қайд аст, ки ҳамкории устоди рақс Фирӯза Аюбҷонова бо овозхонони машҳури мамлакат Ҷӯрабек Муродов, Боймуҳаммад Ниёзов, Ҷӯрабек Набиев, Исроил Файзиддинов, Тулқун Тоҷибоев, Ӯрунбек Ҳамдамов, Хуршед Иброҳимов, Анвар Қосимову Ҳасани  Камол барномаҳои консертии устодонро рақсҳои ба суруду таронаҳои онҳо гузоштаи Фирӯза Аюбҷонова, рангину пурмазмун мекарданд.

Ба гуфтаҳои Умарҷон Алиев ҳамфикр шуда, илова карданием, ки Фирӯза Аюбҷонова ҳамчун иҷрокунанда (раққоса) ва ба сифати балетмейстр дар омодасозӣ ва баргузории фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ ва байналмилалии эҷодиёти халқ ва навозандагону сарояндагон, ба монанди “Бӯстон-1, 11”, “Андалеб”, “Наврӯзи Аҷам”, “Корвони Наврӯзӣ”, ”Ҳунари Хатлон”, “Диёрам, бо ту мефахрам”, “Садои ҷавонон”, “Субҳи саодат”, “Атласшоу”,”Славянский базар”, “Русская песня”, “Приходи Ёлка” “Майские звёзды”(“Ситораҳои май”), “Садои Боми Ҷаҳон”, “Мақом”, “Парад духовых оркестров”   саҳми бориз гузошта, дар солномаву солонаҳои санъати мусиқӣ бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст.

Дар доираву сохторҳои фарҳангу санъати вилоят ва ҷумҳурӣ Фирӯза Аюбҷоноваро дар баробари раққоса ва устоди балет донистан, боз ӯро ба сифати педагог-хореограф, устод ва муаллими рақс мешиносанд.  Аз соли 1979 то соли 1994-ум дар омӯзишгоҳи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз дар шуъбаи хореографӣ бо ҳамроҳии Лола Саидова ва Роза Каримова  ҳамчун омӯзгори рақсҳои миллӣ ва муосир, фаъолияти худро дар тарбия ва тайёр намудани мутахассисони соҳибмаълумоти жанри рақси классикӣ ва муосир идома дод. Имрӯз шогирдонаш  Сайёда Турсунова, Лена Вендел, Гулчеҳра Давлатова, Наргис Аъзамова, Галина Горковская, Лена Крут,  Саша Раҳматова, Яна Колосова, Элмира Меджитова, Севис Адҷивелиева, Элмира Юсупова, Ким Лариса, Виолетта Нестерова, Сурайё Эркаева, Олга Савинкова дар саҳнаҳои хурду калон, муассисаҳои таълимии санъати хореографӣ, театрҳои опера ва балет, даставу гурӯҳҳои рақсии мамлакатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, Қазоқистону Қирғизистон, Мухторияти Қрим, Федератсияи Россия, Молдова ва Украина,   Изроил, ШМА ҳунарнамоӣ мекунанд ва унвону мукофотҳои давлатӣ, комёбиву муваффақият ва дастовардҳои эҷодиву ҳунарии хешро ба номи поки устодашон Фирӯза Аюбҷонова мепайванданд.

Имрӯз китобҳои илмию оммавии Фирӯза Аюбҷонова барои роҳбарони дастаҳои рақсӣ-хореографӣ, донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси фарҳангу санъат ҳамчун раҳнамо ва китоби дарсӣ хизмат мекунанд. Китобҳои вай бо номи “Рақсҳои анъанавии тоҷикӣ” (ш.Москва, ”Воениздат” ,2001. Нашри дуюми он бо ду забон,  Хуҷанд, Нашриёти ба номи Раҳим Ҷалил) ва “Композитсия ва методикаи эҷоди рақс” бо забонҳои тоҷикиву русӣ  (Хуҷанд, Хуросон, 2022) дар бораи ҳафт ҳолату амалиёти рақсӣ, 45 ҳолатҳои намоиши рақси вилояти Суғд, 16 ҳолати рақси Хатлонӣ, 7 ҳолати рақси Бадахшонӣ, 8 ҳолати рақси тоҷикони Бухоро ва 17ҳолати рақси классикии “Савти муноҷот”, 16 ҳолати рақси мардона бахшида шудаанд.

Дар китобҳои мазкур истифодаи намудҳои пантомима, рақсҳои маросимӣ, мазҳакавӣ ва меҳнатӣ бо истифодаи  предметҳои гуногун, ба монанди қошуқ, гул, рӯмол, табақча, остин ва ғайра, ҳамсадоии асбобҳо - созҳои мусиқии халқии най, ғижжак, дутору тамбӯр, талбаку дойра хеле мутахассисона бо расмҳои рангаи амалиётҳои рақсӣ дар иҷрои устоди рақс, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Сайёда Турсунова оварда шудааст.

Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳматзод хеле бомаврид, бо мазмуни баланд, зебоиву ҳунармандӣ, санъати воло, маҳорати раққосагиву арзишҳои фарҳанги авлодии Фирӯза Аюбҷоноваро ба забони шеър чунин гуфтааст:

Раққоса зиёд асту чӣ комёб зарифаш,

Донандаи асрору назокат ва латифаш.

Фирӯза, ки устоди малоҳат будаву ноз,

Мафтун бикунад бо ҳунари қадди наҳифаш,

Мероси падарро дидаму гуфтам:

“Ӯ духтари Мирзост, бубин асли зарифаш”.

Зиёиён, махсусан кормандони фарҳанги мамлакат нисбати Фирӯза Аюбҷонова зикр мекунанд, ки Фирӯза давомдиҳандаи сулолаи фарҳангу санъати миллӣ –Мирзо Собирович Аюбҷонов, Зокир Аюбҷонов, Гуландом Аюбҷонова, Фаррух Холматов  мебошад.  Фирӯза дар муҳити фарҳангӣ, махсусан театрӣ ба воя расида, ба самти санъати касбӣ-раққосагӣ, омӯзгорӣ, санъати хореография, балетмейстер, режиссер - ба саҳнагузорандаи рақсҳои классикиву халқӣ, маишиву  балӣ  рафт ва дар ин роҳ шӯҳратёру муваффақ гашт.

Падари шодравонаш Аюбҷонов Мирзо Собирович “Корманди хизматнишондодаи маданияти РСС Тоҷикистон”, собиқ сардори идораи фарҳанги вилояти Ленинобод, директори театри ба номи А,С.Пушкин (ҳоло театри ба номи Камоли Хуҷандӣ), асосогузори бинои имрӯзаи театр фарзандон, махсусан Фирӯзаи ҷавонро дар рӯҳияи арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ва санъатдӯстӣ, хореография ва жанрҳои гуногуни рақси милливу замонавӣ тарбия намудааст...

Бо суханони олимонаву орифонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ҳифз кардани арзишҳои фарҳангӣ, мутобиқи давру замон инкишоф додан ва бегазанд ба фардоиён расонидани онҳо вазифаи муқаддаси  ватандӯстонаи ҳар кадоми мову шумост” такя карда, зикр мекунам, ки хизматҳои арзанда, фаъолияти иҷрочигӣ ва омӯзгорӣ, балетместрӣ ва китобҳои илмиву назариявии Фирӯза Мирзоевна Аюбҷонова арзандаи Ҷоизаи вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар соҳаи адабиёту санъат мебошад.

 Нодирҷон Солиҷонов,

дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик

Бобоҷон Ғафуров,

собиқадори хизмати давлатӣ