Ватандӯстӣ яке аз арзишҳои олии инсонӣ ба ҳисоб меравад. Муҳаббат ба Ватан, ҳифзи марзу буми он ва эҳтиром ба таърих, фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди бошараф аст. Ватан барои ҳар инсон мисли модар азиз аст, зеро шахс маҳз дар оғӯши он ба дунё омада ба камол мерасад.
Имрӯз дар шароити ҷаҳони муосир, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ аҳамияти махсус дорад. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки ояндаи давлат аз онҳо вобаста аст. Бо илму дониш, рафтори намунавӣ ва меҳнати софдилона онҳо метавонанд барои пешрафти Ватан саҳми арзандаи худро гузоранд.
Ватандӯстӣ танҳо дар сухан нест, балки дар амал зоҳир мегардад. Ҳифзи табиат, эҳтиром ба қонун, пос доштани забони модарӣ ва гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ ҳама нишонаҳои муҳаббат ба Ватан мебошанд. Ҳар шахс бояд кӯшиш намояд, ки бо кору фаъолияти худ номи Ватани худро баланд бардорад. Боиси ифтихор аст, ки миллати тоҷик дорои таърихи пурғановат ва фарҳанги бой мебошад.
Ҳифз ва рушди ин мероси гаронбаҳо вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа аст. Хулоса, ватандӯстӣ ҳисси муқаддасест, ки инсонро ба корҳои нек ҳидоят мекунад. Агар ҳар як шаҳрванд Ватани худро дӯст дорад ва барои ободии он саҳм гузорад, ҷомеа рӯ ба рушд оварда, ояндаи дурахшон таъмин мегардад.
Ман орзу дорам, ки пас аз хатми мактаби олӣ ба ҳайси журналист фаъолият бурда, дар пешбурди кишвари худ саҳм гузорам.
Моҳирахон АҲМАДҶОНОВА
донишҷӯи курси 2-юми шуъбаи журналистика ва назарияи
тарҷумаи ДДХ ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров,
коромӯзи рӯзномаи
"Ҳақиқати Суғд"





