Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио яке аз воситаҳои асосии таъсирррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда мусоидат намоянд. Зеро ҷомеа ба иттилоот доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман, ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократӣ аст,–таъкид медоранд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Аз оғози соҳибистиқлолии кишвар, хоса марҳилаҳои ҳассоси ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳайати эҷодии рӯзномаи бонуфузу соҳибмактаби вилоятии “Ҳақиқати Ленинобод” (ҳоло “Ҳақиқати Суғд”), ки дар шасти камолоти фаъолият буд, масъулияти бузург бар дӯш дошт.

Аҳли эҷод бо роҳбарии сармуҳаррир, рӯзноманигори соҳибтаҷриба устод Файзулло Атохоҷаев тавонистанд, ки бо мавқеи устувору созанда Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдориву пуштибонӣ намуда, дар тарғибу ташвиқ ва инъикоси воқеъбинона нақши босазо гузоранд. Хизмати бузургу мондагори ҳайати эҷодии рӯзнома дар Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар Қасри таърихии Арбоб доир гардид, боиси қайд аст. Ҳашт нафар рӯзноманигорон ва аксбардорони парлумонии нашрия ҳар рӯз дар Иҷлосия иштирок намуда, бегоҳ ба идораи рӯзнома ҳозир шуда, маводро омода ва ба чоп манзур менамуданд. Аҳли эҷод то саҳар рӯзномаро омода ва рӯзи дигар рӯи мизи вакилон пешниҳод мекарданд. Тамоми воситаҳои ахбори оммаи хориҷиву дохилӣ ба иттилои рӯзномаи вилоятӣ такя мекарданду аз он мисолҳо меоварданд.

Аз ҳама муҳиму таърихиву хотирмону илҳомбахши оғози истиқлол барои аҳли эҷоди рӯзнома дар он аст, ки баъди анҷоми Иҷлосияи XVI Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳайати рӯзноманигорони парлумонии нашрияро қабул намуда, ба фаъолияти фавриву саривақтӣ ва воқеъбинонаи онҳо баҳои баланд дода, қайд менамоянд, ки: “Ман ба шумоён бовар дорам, фаъолиятро чунин идома диҳед”. Ин баҳои баланду  эътимоди Сарвари давлат то имрӯз боиси ифтихору рӯҳбаландӣ ва сарчашмаи илҳоми аҳли эҷоди нашрия мебошад.

БО шарофати сиёсати фарҳангпарварона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат таваҷҷӯҳ ва эътибор ба воситаи ахбори омма хеле баланд гардида, бо қабул шудани санадҳои меъёриву ҳуқуқии вобаста ба соҳа имкони васеъ даст дод, то даҳҳо телевизиону радиоҳои давлативу маҳалливу хусусӣ, нашрияҳои шахсиву соҳавӣ рӯи кор омада, ҳар яке вобаста ба диду салоҳияти хеш ҷиҳати тарғиб ва инъикоси дастоварду пешравиҳои истиқлоли Ватани азизамон дар дохил ва арсаи ҷаҳон нақши мондагор гузоранд.

Нақш ва мавқеи нашрияи солору бузург, соҳибтаҷрибаву соҳибмактаби вилоят–“Ҳақиқати Суғд” дар ин рисолати пуршарафи соҳибистиқлолӣ назаррасу беназир аст.

Дар ин бобат Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаб Аҳмадзода ба фаъолияти ҳайати эҷодии нашрия баҳои баланд дода, ба ифтихори 95-солагии таъсисёбии рӯзнома чунин таъкид кардаанд:

“Дар солҳои соҳибистиқлолӣ рисолат ва вазифаҳои журналистони рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» боз ҳам пурмасъултар гардид. Ҳайати эҷодӣ бо сарварии Файзулло Атохоҷаев, Мазбут Воҳидов, Додоҷон Раҷабӣ, Маҳмудҷон Иброҳимов, Саодатхон Каримова, Карим Шариф, Мухтор Абдуллоев ва Аминҷон Шарифзода баҳри ба мардум расонидани дастуру ҳидоятҳо, сиёсати оқилонаву хирадмандона ва башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишон додани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, муҳтавои барномаву ҳадафҳои стратегии мамлакат, ки ба бунёди фардои дурахшони кишвар равона гардидаанд, баҳри ба бунёдкориву созандагӣ ҳидоят намудани мардум тамоми донишу маҳорат ва малакаи касбӣ, нерӯи зеҳнии хешро равона сохтаву месозанд”.

Воқеан, рӯзноманигорони нашрия ҳар як дастуру ҳидоят, қарору фармон, Паёму суханронӣ ва иқдому ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллатро бо ифтихор тавассути рӯзнома ва шабакаҳои иҷтимоии он манзури муштариён ва хонандагон намуда, дар баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстии ҷомеа саҳми хешро мегузоранд.

Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки бо нақшаи иловааш беш аз 15 ҳазор иншооти ҳаётан муҳими самтҳои иҷтимоиву иқтисодӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорону сокинони шарафманд ва аҳли ҷомеаи вилоят бунёду навсозӣ, таъмиру тармим шуданд, ҳайати эҷодии нашрия дар тарғибу инъикос ва манзури ҷомеа намудани ҳар яки онҳо саҳм гирифтаанд.

Дастоварди бузурги истиқлолият ва сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат аст, ки ҳар як заҳмати қаламкаш ва рӯзноманигор аз мадди назари давлату Ҳукумат дур намонда, арҷгузорӣ мешавад. Аз ин ҷост, ки имрӯз дар идораи рӯзнома 4 нафар дорандаи мукофоти давлатӣ, 16 нафар Аълочии матбуот ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, як нафар дорандаи Ҷоизаи ҷумҳуриявии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, 4 нафар мухбири ҷавони дорандаи Ҷоизаи ҷумҳуриявии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Воҳид Асрорӣ ва 4 нафар дорандаи Ҷоизаи вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Ҳоҷӣ Содиқ фаъолияти босамар доранд.

Боиси ифтихору шарафмандист, ки дар ин соли мубораку таърихиву хотирмони 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ аввалин иқдом ва муждаи нек барои нашрияҳо сазовор гардидани нашрияи  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят – “Ҳақиқати  Суғд” бо Ҷоизаи вилоятии ба номи аллома академик Бобоҷон Ғафуров мебошад.

Аз номи ҳайати эҷодии рӯзнома ба муассис – Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шахсан ба Раиси вилоят муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода барои таваҷҷуҳ ва эътибор ба ин минбар, ки оинаи ҳақнамои ҷомеаи наздик садсолаи вилоят мебошад, арзи сипос ва миннатдорӣ баён менамоям. Ин арҷгузорӣ мо, аҳли эҷодро водор месозад, ки боз ҳам бештар ва бо масъулияти том заҳмат кашем, маъруфияти ҷаридаро баланд бардошта, сазовори ворису номбардори асили Қаҳрамони Тоҷикистон аллома Бобоҷон Ғафуров будани ин нашрияи шӯҳратёрро собит намоем.

 Аминҷон ШАРИФЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”